Марқӯс 10:1-52

  • Оиладоршавӣ ва ҷудошавӣ (112)

  • Исо кӯдаконро баракат медиҳад (1316)

  • Саволи марди сарватманд (1725)

  • Фидокориҳо ба хотири Подшоҳии Худо (2631)

  • Исо боз дар бораи маргаш пешгӯйӣ мекунад (3234)

  • Илтимоси Яъқуб ва Юҳанно (3545)

    • Фидияи Исо барои бисёр касон (45)

  • Шифо ёфтани Бартимайи нобино (4652)

10  Аз он ҷо баромада, ӯ ба маҳалҳои тарафи дигари Урдун, ки бо Яҳудия ҳамсарҳад буданд, омад. Дар он ҷо ҳам дар назди ӯ мардуми бисёре ҷамъ шуданд ва ӯ аз рӯйи одати худ боз ба таълимдиҳӣ сар кард. 2  Он вақт фарисиён ба пешаш омаданд ва ӯро озмуданӣ шуда пурсиданд: «Оё равост, ки мард аз занаш ҷудо шавад?» 3  Дар ҷавоб ӯ ба онҳо гуфт: «Мӯсо-пайғамбар ба шумо чӣ фармудааст?» 4  Онҳо гуфтанд: «Мӯсо-пайғамбар иҷозат дода буд, ки мард ба занаш хати талоқ дода, аз вай ҷудо шавад». 5  Исо ба онҳо гуфт: «Ӯ ин амрро аз сабаби дилсахтиатон ба шумо дода буд. 6  Лекин дар аввали офариниш “Худо онҳоро марду зан офарид. 7  Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк мекунад 8  ва бо занаш* як тан мешавад”, бинобар ин онҳо акнун ду тан неву як тан мебошанд. 9  Пас, он чӣ Худо бо ҳам пайвастааст, одам набояд ҷудо кунад». 10  Вақте ки онҳо ба хона даромаданд, шогирдон аз Исо дар бораи чизҳои гуфтааш пурсиданд. 11  Ӯ ба онҳо гуфт: «Ҳар кӣ аз зани худ ҷудо шуда, зани дигаре гирад, ба ҳамсараш хиёнат мекунад. 12  Ва, агар зан аз шавҳари худ ҷудо шуда, бо марди дигаре оиладор шавад, ба шавҳараш хиёнат мекунад». 13  Одамон ба назди Исо кӯдаконро оварданд, то ӯ бар онҳо даст гузорад, аммо шогирдон онҳоро сарзаниш карданд. 14  Инро дида Исо ба қаҳр омад ва гуфт: «Монед, ки кӯдакон назди ман оянд, пеши роҳи онҳоро нагиред, зеро чунин шахсон Подшоҳии Худоро соҳиб мешаванд. 15  Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ Подшоҳии Худоро мисли кӯдак қабул накунад, ҳеҷ гоҳ ба он дохил намешавад». 16  Ва ӯ кӯдаконро ба оғӯш гирифт ва дастони худро бар онҳо гузошта баракат дод. 17  Вақте ки боз ба роҳ баромад, марде ба наздаш давида омад ва ба зону афтода, гуфт: «Эй Устоди некӯ, чӣ кор кунам, то ҳаёти ҷовидониро соҳиб шавам?» 18  Исо ба вай гуфт: «Барои чӣ ту маро некӯ мегӯӣ? Ғайр аз Худо ҳеҷ кас некӯ нест. 19  Ту амрҳои Худоро медонӣ: “Ба одамкушӣ даст назан, ба ҳамсарат хиёнат накун, дуздӣ накун, шаҳодати бардурӯғ надеҳ, бо роҳи фиреб моли касеро соҳиб нашав, падару модаратро иззату ҳурмат кун”». 20  Мард ба ӯ гуфт: «Устод, ман ҳамаи ин амрҳоро аз кӯдакӣ риоя мекунам». 21  Исо бо меҳр ба вай нигоҳ карда, гуфт: «Фақат як чиз ба ту намерасад — рафта, тамоми чизу чораатро фурӯш ва ба камбағалон тақсим кун, он гоҳ дар осмон ганҷ хоҳӣ дошт. Пас аз ин омада, маро пайравӣ кун». 22  Вале он мард аз суханони Исо рӯҳафтода шуду ғамгин аз пешаш рафт, чунки молу мулки бисёре дошт. 23  Исо ба гирду атроф нигоҳ кард ва ба шогирдонаш гуфт: «То чӣ андоза барои одамони сарватманд ба Подшоҳии Худо дохил шудан душвор хоҳад буд!» 24  Шогирдон аз суханони ӯ ба ҳайрат афтоданд. Исо боз ба онҳо гуфт: «Эй фарзандон, то чӣ андоза душвор аст дохил шудан ба Подшоҳии Худо! 25  Аз сӯрохии сӯзан гузаштани шутур осонтар аст, назар ба он ки одами бой ба Подшоҳии Худо дарояд». 26  Онҳо боз ҳам бештар ҳайрон шуданд ва ба ӯ* гуфтанд: «Пас, кӣ наҷот ёфта метавонад?» 27  Исо ба онҳо нигоҳ карда, гуфт: «Барои одамон ин ғайриимкон аст, лекин на барои Худо, чунки барои Худо ҳама чиз имконпазир аст». 28  Он гоҳ Петрус гуфт: «Ана, мо ҳама чизро партофта, туро пайравӣ кардем». 29  Исо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба хотири ман ва хушхабар аз баҳри хона, бародарон, хоҳарон, модар, падар, фарзандон ё заминҳо гузаштааст, 30  дар ин замон дар баробари озмоишҳо сад баробар зиёдтар хонаҳо, бародарон, хоҳарон, модарон, фарзандон ва заминҳоро ба даст меорад ва дар оянда* соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ мешавад. 31  Аммо бисёре аз онҳое, ки аввалинанд, охирин мешаванд ва онҳое, ки охиринанд, аввалин мешаванд». 32  Сипас Исо ва шогирдонаш ба сӯйи Ерусалим равона шуданд ва Исо пешопеши онҳо мерафт. Шогирдон дар ҳайрат буданд ва онҳое, ки аз қафо мерафтанд, ба ҳарос афтоданд. Ӯ боз дувоздаҳ расулашро ба як тараф бурда, воқеаҳоеро, ки бояд бо ӯ рӯй медоданд, нақл кард. Ӯ гуфт: 33  «Дар Ерусалим, ки мо ба он ҷо рафта истодаем, Писари одам ба дасти коҳинони калон ва шариатдонон супорида мешавад. Онҳо ӯро ба марг маҳкум мекунанд ва ба дасти халқҳои дигар месупоранд. 34  Он халқҳо бошанд, ӯро мазоҳу масхара менамоянд, ба рӯяш туф мекунанд, бо қамчин мезананд ва ба қатл мерасонанд, лекин ӯ баъди се рӯз зинда мешавад». 35  Ба назди Исо писарони Забдой — Яъқуб ва Юҳанно омада, гуфтанд: «Устод, илтимос, як хоҳиши моро иҷро кун». 36  Ӯ аз онҳо пурсид: «Чӣ хоҳиш доред?» 37  Онҳо ҷавоб доданд: «Вақте ки дар Подшоҳии худ ба тахт мешинӣ, иҷозат деҳ, ки якеамон аз тарафи ростат ва дигарамон аз тарафи чапат шинем». 38  Лекин Исо ба онҳо гуфт: «Шумо намефаҳмед, ки чиро хоҳиш карда истодаед. Оё аз пиёлае, ки ман менӯшам, нӯшида метавонед ва таъмидеро*, ки ман мегирам, гирифта метавонед?» 39  Онҳо гуфтанд: «Метавонем». Он вақт Исо гуфт: «Аз пиёлае, ки ман менӯшам, шумо хоҳед нӯшид ва таъмидеро, ки ман мегирам, шумо хоҳед гирифт, 40  аммо муайян кардани он ки дар тарафи рост ё чапи ман кӣ мешинад, дар ихтиёри ман нест. Ин ҷойҳо аз они касоне мебошанд, ки Падарам барояшон тайёр кардааст». 41  Вақте ки даҳ шогирди дигар инро шуниданд, аз Яъқуб ва Юҳанно дарғазаб шуданд. 42  Лекин Исо онҳоро ба назди худ хонда, гуфт: «Шумо медонед, касоне, ки ҳокими халқҳо ҳисоб меёбанд, бар одамон ҳукмронӣ мекунанд ва онҳое, ки соҳибқудрат ҳастанд, бар дигарон фармонфармоӣ менамоянд. 43  Вале дар байни шумо набояд чунин бошад. Ҳар кӣ дар байнатон бузург будан хоҳад, бояд хизматгори шумо шавад 44  ва ҳар кӣ дар байни шумо аввалин будан хоҳад, бояд ғуломи ҳама шавад. 45  Ҳатто Писари одам на барои он омад, ки ба вай хизмат кунанд, балки, барои он ки ба дигарон хизмат кунад ва ҷони худро барои фидияи* бисёр касон диҳад». 46  Сипас онҳо ба Ериҳӯ омаданд. Вақте ки Исо ҳамроҳи шогирдон ва мардуми зиёд аз Ериҳӯ мебаромад, дар назди роҳ Бартимай ном гадои кӯре менишаст, ки писари Тимай буд. 47  Вақте Бартимай шунид, ки Исои носирӣ аз он ҷой гузашта истодааст, вай фарёд зада гуфт: «Эй Исо, Писари Довуд, ба ман раҳм кун!» 48  Он гоҳ одамон вайро сарзаниш карда гуфтанд, ки хомӯш шавад, лекин вай боз ҳам баландтар фарёд мезад: «Эй Писари Довуд, ба ман раҳм кун!» 49  Исо бозистод ва гуфт: «Вайро ба назди ман ҷеғ занед». Одамон марди кӯрро ҷеғ зада, ба вай гуфтанд: «Натарс, хез, ӯ туро ҷеғ зада истодааст». 50  Он мард ҷомаи худро кашида, дарҳол аз ҷояш хесту ба назди Исо рафт. 51  Исо ба вай гуфт: «Ту аз ман чӣ хоҳиш дорӣ?» Марди кӯр ба ӯ ҷавоб дод: «Устод, мехоҳам бино шавам». 52  Исо ба вай гуфт: «Рав, имонат туро шифо дод». Ҳамон лаҳза вай бино шуд ва ҳамроҳи мардум аз паси ӯ рафт.

Эзоҳҳо

Дар матни аслӣ «ҳар ду».
Ё эҳтимол «ба якдигар».
Ё «замони оянда». Ниг. ба луғат, ба калимаи «замона».
Ниг. ба луғат.
Ниг. ба луғат.