Луқо 8:1-56

  • Заноне, ки Исоро ҳамроҳӣ мекунанд (13)

  • Мисол дар бораи деҳқон (48)

  • Барои чӣ Исо мисолҳоро истифода мебарад (9, 10)

  • Маънои мисоли деҳқон (1115)

  • Чароғро намепӯшонанд (1618)

  • Модар ва бародарони Исо (1921)

  • Исо тӯфонро ором мекунад (2225)

  • Исо девҳоро ба галаи хукон мефиристад (2639)

  • Духтари Ёир; зане ба либоси Исо даст мерасонад (4056)

8  Чанде пас Исо шаҳр ба шаҳр ва қишлоқ ба қишлоқ гашта, хушхабарро дар бораи Подшоҳии Худо эълон мекард. Дувоздаҳ расулаш низ бо ӯ буданд. 2  Ӯро ҳамчунин заноне ҳамроҳӣ мекарданд, ки аз банди рӯҳҳои нопок раҳо шуда, аз касалиҳои худ шифо ёфта буданд. Дар байни онҳо Марям, ки Маҷдалия номида мешуд ва аз ӯ ҳафт дев берун омада буд,  Юҳона, ки шавҳараш Кузо ном дошту дар хонаи Ҳиродус сардори хизматгорон буд, Сусан ва бисёр занони дигаре буданд, ки бо дороии худ ӯву расулонашро дастгирӣ мекарданд.  Вақте ки мардуми бисёр ва ҳамчунин касоне, ки аз шаҳрҳои гуногун омада буданд, дар гирди Исо ҷамъ шуданд, ӯ ба сухан гуфтан сар карда, чунин мисол овард: 5  «Деҳқоне ба киштукор баромад. Вақте ки ӯ тухмӣ мепошид, як қисмаш ба канори роҳ афтода, поймол шуд ва паррандаҳои осмон омада, онҳоро хӯрданд. 6  Баъзеашон ба санглох афтоданд ва пас аз сабзидан аз беобӣ хушк шуданд. 7  Қисми дигаре дар байни хорҳо афтод ва хорҳо, ки баробари онҳо қад кашиданд, майсаи навсабзидаро пахш карданд. 8  Баъзеи дигар бошанд, ба замини нағз афтоданд ва сабзида, сад баробар зиёд ҳосил доданд». Пас аз овардани ин мисол Исо бо овози баланд гуфт: «Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бигзор гӯш диҳад». 9  Шогирдон аз вай пурсиданд, ки ин мисол чӣ маъно дорад. 10  Ӯ гуфт: «Ба шумо фаҳмидани сирри муқаддаси Подшоҳии Худо ато шудааст, лекин ба дигарон он бо мисолҳо гуфта мешавад, то онҳо нигоҳ кунанду чизе набинанд, шунаванду сарфаҳм нараванд. 11  Маънои он мисол бошад, чунин аст: тухмӣ каломи Худост. 12  Тухмиҳои ба канори роҳ афтода онҳое мебошанд, ки каломро мешунаванд, вале баъд Иблис меояд ва каломро аз дилашон мебарад, то онҳо имон наоранд ва наҷот наёбанд. 13  Ба санглох афтодагон бошанд, касоне ҳастанд, ки каломро мешунаванд ва бо хурсандӣ қабул мекунанд, лекин реша надоранд. Онҳо ба муддате имон меоранд, вале дар вақти озмоишҳо имони худро аз даст медиҳанд. 14  Тухмиҳое, ки ба миёни хорҳо афтоданд, одамоне мебошанд, ки каломро мешунаванд, аммо ба ташвишҳои зиндагӣ, пулу мол ва кайфу сафои ҳаёти имрӯза дода мешаванд ва калом дар онҳо пурра пахш мегардад ва онҳо самар намеоранд. 15  Тухмиҳои ба замини нағз афтода бошанд, касонеанд, ки каломро бо дили самимиву нек шунида, онро дар худ нигоҳ медоранд ва бо истодагарӣ самар меоранд. 16  Ҳеҷ кас чароғро даргиронда, бо зарфе намепӯшонад ё дар таги кат намемонад, балки онро дар рӯйи чароғпоя мегузорад, то онҳое, ки ба хона медароянд, равшаниро дида тавонанд. 17  Зеро ҳеҷ чизи пинҳоне нест, ки аён нагардад, ва ҳеҷ чизи махфие нест, ки ошкор нашавад ва фош нагардад. 18  Бинобар ин ба он аҳамият диҳед, ки чӣ тавр гӯш медиҳед, чунки ҳар кӣ дорад, ба вай боз ҳам зиёдтар дода мешавад, вале ҳар кӣ надорад, ҳатто он чизе, ки гумон мекунад, ки дорад, аз вай гирифта мешавад». 19  Ҳамин вақт модар ва бародарони Исо назди ӯ омаданд, вале аз сабаби бисёр будани мардум ба вай наздик шуда натавонистанд. 20  Он гоҳ ба ӯ хабар доданд: «Модару бародаронат дар берун истодаанд ва туро дидан мехоҳанд». 21  Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Модару бародарони ман онҳое мебошанд, ки каломи Худоро мешунаванд ва онро ба ҷо меоранд». 22  Рӯзе ӯ бо шогирдонаш ба қаиқ нишаст ва ба онҳо гуфт: «Биёед ба соҳили дигари кӯл мегузарем». Ва онҳо қаиқ ронда сӯйи он соҳил равона шуданд. 23  Вақте онҳо дар роҳ буданд, хоби Исо бурд. Он вақт дар кӯл тӯфони сахте бархост, ба тавре ки қаиқи онҳо аз об пур шудан гирифт ва ҳаёташон дар хатар буд. 24  Онҳо назди Исо омаданд ва ӯро бедор карда, гуфтанд: «Устод! Устод! Мо ҳозир мемирем!» Он гоҳ ӯ аз ҷояш хеста, шамол ва мавҷҳои пурталотумро манъ* кард ва онҳо паст шуданд ва ҳама ҷоро оромӣ фаро гирифт. 25  Сипас Исо ба онҳо гуфт: «Имони шумо куҷост?» Вале онҳо ба тарсу ҳарос афтоданд ва ба ҳайрат омада, ба якдигар мегуфтанд: «Ин шахс кист, ки ҳатто ба шамолу обҳо амр мефармояд ва онҳо ба ӯ итоат мекунанд?» 26  Онҳо ба соҳил, ба сарзамини ҷарҷасиён, ки дар муқобили Ҷалил ҷойгир буд, расиданд. 27  Вақте Исо ба соҳил фаромад, бо марде рӯ ба рӯ шуд, ки аз аҳли он шаҳр буд ва дар банди дев қарор дошт. Муддати зиёде шуда буд, ки ӯ либос намепӯшид ва на дар хона, балки дар байни қабрҳо зиндагӣ мекард. 28  Ҳамин ки он мард Исоро дид, фарёд зада пеши пойҳои ӯ афтод ва бо овози баланд гуфт: «Эй Исо, Писари Худои* Таоло, ту ба ман чӣ кор дорӣ? Илтиҷо мекунам, маро азоб надеҳ». 29  (Рӯҳи нопок аз он сабаб чунин гуфт, ки Исо якчанд бор ба вай амр дода буд, то аз мард берун ояд. Он мард борҳои зиёд* зери таъсири рӯҳи нопок қарор мегирифт ва, ҳарчанд одамон на як бор дастонашро занҷирбанд мекарданду ба пойҳояш завлона зада, посбонӣ менамуданд, ӯ занҷирҳоро меканд ва рӯҳи нопок ӯро ба ҷойҳои беодам мебурд.) 30  Исо аз вай пурсид: «Номи ту чист?» Ӯ ҷавоб дод: «Қӯшун*», зеро девҳои бисёре ба вай даромада буданд. 31  Девҳо аз Исо бисёр илтимос карданд, ки онҳоро бо амри худ ба чоҳи бетаг нафиристад. 32  Он ҷо, дар болои кӯҳ, галаи калони хукҳо мечарид ва девҳо аз Исо илтиҷо карданд, ки иҷозат диҳад ба даруни хукҳо дароянд, ва ӯ ба онҳо иҷозат дод. 33  Рӯҳҳо аз он мард берун шуда, ба хукҳо даромаданд ва галаи хукон яку якбора худро аз ҷарӣ ба кӯл партофта, ғарқ шуд. 34  Хукбонон инро дида гурехта рафтанд ва дар шаҳру қишлоқҳо воқеаи рӯйдодаро нақл карданд. 35  Он гоҳ одамон берун омаданд, то бинанд, ки чӣ воқеа рӯй додааст. Онҳо ба пеши Исо омада, мардеро, ки девҳо аз ӯ берун омада буданд, дар тан либос ва бо ақли солим дар пеши пойи Исо нишаста диданд ва аз ин ба тарсу ҳарос афтоданд. 36  Шоҳидони воқеа чӣ тавр шифо ёфтани мардеро, ки пештар дев дошт, ба онҳо нақл карданд. 37  Баъд аз ин мардуми бисёре аз сарзамини ҷарҷасиён омада, аз Исо хоҳиш карданд, ки аз назди онҳо равад, зеро онҳоро тарсу ваҳм фаро гирифт. Он гоҳ ӯ ба қаиқ савор шуд, то аз он ҷо равад. 38  Марде, ки пештар дев дошт, аз Исо илтиҷо мекард, ки ӯро ҳамроҳаш гирад, вале Исо ӯро ҷавоб дода гуфт: 39  «Ба хонаат баргард ва он чиро, ки Худо барои ту кардааст, ба ҳама нақл кун». Ва он мард рафта, кореро, ки Исо барояш карда буд, дар тамоми шаҳр эълон кард. 40  Вақте ки Исо ба Ҷалил баргашт, мардум ӯро гарму ҷӯшон қабул карданд, зеро ҳама дар интизори ӯ буданд. 41  Он гоҳ марде, ки Ёир ном дошт ва нозири ибодатгоҳ буд, омада, пеши пойҳои Исо афтод ва аз ӯ илтимос кард, ки ба хонааш биёяд, 42  зеро духтари ягонаи тақрибан дувоздаҳсолааш қариб буд, ки бимирад. Вақте Исо дар роҳ буд, мардум ӯро фишор медоданд. 43  Дар он ҷо зане буд, ки дувоздаҳ сол боз гирифтори хунравӣ буд ва касе ӯро шифо дода наметавонист. 44  Он зан аз ақиб ба ӯ наздик шуда, ба домани либосаш даст расонд ва ҳамон дам хунравиаш бозмонд. 45  Он гоҳ Исо гуфт: «Кӣ ба ман даст расонд?» Вақте касе иқрор нашуд, Петрус гуфт: «Устод, мардум туро иҳота карда, фишор дода истодааст». 46  Вале Исо гуфт: «Касе ба ман даст расонд, зеро ман ҳис кардам, ки қуввае аз ман берун шуд». 47  Вақте он зан фаҳмид, ки пинҳон монда натавонист, ларзон ба Исо наздик шуда, пеши пойи ӯ афтод ва дар назди ҳама иқрор шуд, ки барои чӣ ба ӯ даст расонд ва чӣ тавр ҳамон лаҳза шифо ёфт. 48  Он гоҳ Исо ба ӯ гуфт: «Духтарам, имонат туро шифо дод. Рав ва дар амони Худо бош!» 49  Вақте ки ӯ ҳанӯз гап мезад, касе аз хонаи нозири ибодатгоҳ омада, хабар дод: «Духтарат аллакай мурдааст. Дигар Устодро ташвиш надеҳ». 50  Исо инро шунида гуфт: «Натарс, фақат имон дошта бош ва ӯ наҷот хоҳад ёфт». 51  Вақте Исо ба назди хонаи Ёир расид, ғайр аз Петрус, Юҳанно, Яъқуб ва падару модари духтар ба каси дигар иҷозат надод, ки бо ӯ ба хона дароянд. 52  Тамоми мардум бошанд, гиря мекарданд ва аз ғаму андӯҳ ба синаашон мезаданд. Он гоҳ Исо гуфт: «Гиря накунед, зеро ӯ намурдааст, балки хоб аст». 53  Инро шунида одамон писханд заданд, зеро медонистанд, ки ӯ мурдааст. 54  Лекин Исо дасти ӯро гирифта, нидо кард: «Эй духтарак, бархез!» 55  Духтар зинда шуда*, ҳамон лаҳза аз ҷой бархост ва Исо фармуд, ки ба ӯ хӯроке диҳанд. 56  Падару модари духтар дар ҳайрат монданд, вале Исо ба онҳо фармуд, ки дар бораи чизи рӯйдода ба ҳеҷ кас нақл накунанд.

Эзоҳҳо

Дар матни аслӣ «сарзаниш».
Ниг. ба луғат.
Ё эҳтимол «муддати дурудароз».
Калимаи юноние, ки чун қӯшун тарҷума шудааст, ба қисми муҳими лашкари Руми қадим ишора мекунад, ки тақрибан аз 4000 то 6000 сарбозро дар бар мегирифт. Дар ин ҷо ин калима ба шумораи зиёд ишора мекунад.
Дар матни аслӣ «Рӯҳи ӯ баргашта».