Луқо 7:1-50

  • Имони мирисад (110)

  • Исо дар Ноин писари бевазанро эҳё мекунад (1117)

  • Таъриф кардани Яҳёи Таъмиддиҳанда (1830)

  • Маҳкум кардани насли саркаш (3135)

  • Бахшида шудани зани гунаҳкор (3650)

    • Мисол дар бораи қарздорон (4143)

 Вақте ӯ ба мардум гуфтани ин суханонро тамом кард, вориди Кафарнаҳум шуд. 2  Дар он ҷо як мирисад ғуломе дошт, ки барояш азиз буд, ва он ғулом ба бемории вазнин гирифтор шуда қариб буд, ки бимирад.  Вақте мирисад дар бораи Исо шунид, якчанд нафар пирони яҳудиро ба наздаш фиристод, то аз ӯ илтимос кунанд, ки омада, ғуломи вайро шифо диҳад. 4  Онҳо ба назди Исо омаданд ва бисёр илтимос карда гуфтанд: «Ин шахс сазовори он аст, ки ту ба вай ёрӣ диҳӣ, 5  зеро ӯ халқи моро дӯст медорад ва бароямон ибодатгоҳ сохтааст». 6  Он гоҳ Исо ҳамроҳи онҳо рафт, вале, вақте ба хона наздик мешуд, мирисад дӯстонашро фиристода, гуфт: «Тақсир, худатро ташвиш надеҳ, зеро ман сазовори он нестам, ки ту ба хонаам дароӣ. 7  Ва барои ҳамин худам ба наздат наомадам. Лекин сухане бигӯ, то хизматгорам шифо ёбад. 8  Охир, худи ман ҳам ба ҳокимият тобеъ ҳастам ва ҳамчунин дар зери дасти худ сарбоз дорам: ба яке “Рав!” гӯям, меравад, ба дигаре “Биё!” гӯям, меояд ва ба ғуломам “Ин корро кун!” гӯям, мекунад». 9  Исо суханони ӯро шунида дар ҳайрат монд ва ба мардуме, ки аз пасаш мерафтанд, рӯ оварда, гуфт: «Ба шумо мегӯям, ки ҳатто дар Исроил чунин имони бузургро надида будам». 10  Вақте фиристодагон ба хона баргаштанд, диданд, ки ғулом шифо ёфтааст. 11  Дере нагузашта Исо ба шаҳре, ки Ноин ном дошт, сафар кард ва шогирдони ӯ бо одамони зиёд ӯро ҳамроҳӣ мекарданд. 12  Вақте ӯ ба дарвозаи шаҳр наздик мешуд, мурдаеро мебароварданд, ки писари ягонаи бевазане буд. Ва мардуми бисёре аз аҳли шаҳр ҳамроҳи ӯ мерафтанд. 13  Ҳазрати Исо он занро дида дилаш сӯхт ва ба ӯ гуфт: «Гиря накун». 14  Ӯ наздик омада, ба тобут даст расонд ва касоне, ки онро мебардоштанд, аз роҳ бозистоданд. Он гоҳ ӯ гуфт: «Эй ҷавон, ба ту мегӯям: бархез!» 15  Ҷавоне, ки мурда буд, сар бардошта, нишасту ба гап даромад ва Исо ӯро ба модараш супорид. 16  Он гоҳ ҳамаро тарс фаро гирифт ва онҳо Худоро ҷалол дода мегуфтанд: «Пайғамбари бузурге дар байни мо ба миён омадааст» ва «Худо диққати Худро ба халқаш равона кардааст». 17  Овозаи ин рӯйдод дар тамоми Яҳудия ва сарзамини гирду атроф паҳн шуд. 18  Шогирдони Яҳё ҳамаи инро ба ӯ хабар доданд. 19  Он гоҳ Яҳё ду шогирдашро даъват карда, назди Ҳазрат фиристод, то аз ӯ пурсанд: «Оё ту ҳамоне ҳастӣ, ки бояд биёяд, ё каси дигареро мунтазир шавем?» 20  Онҳо ба назди Исо омада, гуфтанд: «Яҳёи Таъмиддиҳанда моро назди ту фиристод, то пурсем: “Оё ту ҳамоне ҳастӣ, ки бояд биёяд, ё каси дигареро мунтазир шавем?”» 21  Дар он соат ӯ бисёриҳоро аз ҳар гуна касалиҳо ва бемориҳои вазнин шифо бахшид, рӯҳҳои нопокро берун кард ва ба кӯрони зиёд биноӣ ато намуд. 22  Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Биравед ва он чиро, ки дидед ва шунидед, ба Яҳё хабар диҳед: кӯрон мебинанд, лангон роҳ мегарданд, махавиён пок мешаванд, карон мешунаванд, мурдагон зинда мешаванд ва ба камбағалон хушхабар эълон мегардад. 23  Хушбахт аст касе, ки дар ҳаққи ман ба шубҳа намеафтад*». 24  Вақте фиристодагони Яҳё рафтанд, Исо ба мардум дар бораи Яҳё гуфт: «Шумо ба биёбон барои дидани чӣ рафта будед? Магар барои дидани қамише, ки аз шамол ба ҷунбиш меояд? 25  Пас, барои дидани чӣ рафта будед? Барои дидани марде, ки дар тан либоси нафису мулоим дорад? Онҳое, ки сару либоси қиматбаҳо мепӯшанд ва ҳаёти дабдабанок доранд, дар қасрҳои подшоҳон зиндагӣ мекунанд. 26  Пас, барои дидани чӣ рафта будед? Барои дидани пайғамбар? Ба шумо мегӯям, ки ӯ дар ҳақиқат пайғамбар аст ва ҳатто аз пайғамбар ҳам бузургтар. 27  Ӯ ҳамон шахсест, ки дар борааш навишта шудааст: “Инак, Ман пешопеши ту хабаррасони Худро мефиристам, то барои ту роҳ тайёр кунад”. 28  Ба шумо мегӯям, ки дар байни онҳое, ки аз зан таваллуд шудаанд, аз Яҳё дида шахси бузургтаре нест, лекин шахсе, ки дар Подшоҳии Худо хурдтарин мебошад, аз вай бузургтар аст». 29  (Вақте тамоми мардум ва ҷамъкунандагони андоз инро шуниданд, эътироф карданд, ки Худо одил аст, зеро онҳо аз Яҳё таъмид гирифта буданд*. 30  Аммо фарисиён ва онҳое, ки Шариатро хуб медонистанд, насиҳатеро*, ки Худо ба онҳо дода буд, рад карданд, зеро аз Яҳё таъмид нагирифта буданд.) 31  «Пас, одамони ин наслро бо кӣ муқоиса кунам? Онҳо ба кӣ монандӣ доранд? 32  Онҳо мисли кӯдаконе мебошанд, ки дар бозор мешинанд ва ба якдигар фарёд зада мегӯянд: “Барои шумо най навохтем, вале шумо рақс накардед. Мо навҳагарӣ кардем, вале шумо гиря накардед”. 33  Ба ин монанд, Яҳёи Таъмиддиҳанда нон намехӯрад ва шароб наменӯшад, вале шумо мегӯед: “Вай дев дорад”. 34  Писари одам бошад, ҳам мехӯрад ва ҳам менӯшад, вале боз шумо мегӯед: “Ана, одами пурхӯр ва майпараст, дӯсти ҷамъкунандагони андоз ва гунаҳкорон”. 35  Лекин бохирад будани одам аз корҳои дурусти ӯ маълум мегардад». 36  Яке аз фарисиён аз Исо бисёр илтимос кард, ки дар хонаи ӯ меҳмон шавад. Ӯ ба хонаи фарисӣ омада, дар сари миз нишаст. 37  Дар он шаҳр зане буд, ки ӯро чун гунаҳкор мешинохтанд. Вақте ӯ шунид, ки Исо дар хонаи фарисӣ хӯрок мехӯрад, кӯзачаеро* овард, ки равғани хушбӯй дошт. 38  Он зан аз қафо дар назди пойҳои Исо истода, гирякунон пойҳои ӯро бо ашкҳои худ шуст ва бо мӯйҳои худ хушк кард. Ӯ пойҳои Исоро бӯсида, ба онҳо равғани хушбӯй рехт. 39  Инро дида фарисие, ки Исоро таклиф карда буд, дар дили худ гуфт: «Агар ин мард дар ҳақиқат пайғамбар мебуд, он гоҳ медонист, ки зане, ки ба пойҳои ӯ даст мерасонад, кист ва чӣ гуна зан аст, зеро ӯ зани пургуноҳ аст». 40  Аммо Исо ба ӯ гуфт: «Эй Шимъӯн, ба ту чизе гуфтаниам». Ӯ гуфт: «Бигӯ, эй Устод!» 41  Исо чунин гуфт: «Аз як марде ду кас қарздор буданд: яке панҷсад ва дигаре панҷоҳ динор*. 42  Азбаски барои баргардонидани қарз чизе надоштанд, ӯ қарзи ҳар дуро бо омодагӣ бахшид. Пас, кадоме аз онҳо ӯро бисёртар дӯст хоҳад дошт?» 43  Шимъӯн дар ҷавоб гуфт: «Ба фикри ман, ҳамон касе, ки ба вай бисёртар бахшида шудааст». Исо гуфт: «Дуруст гуфтӣ». 44  Он гоҳ ӯ ба зан нигоҳ карда, ба Шимъӯн гуфт: «Оё ин занро мебинӣ? Ман ба хонаи ту омадам ва ту барои шустани пойҳоям об надодӣ, аммо ин зан пойҳои маро бо ашкҳои худ шуст ва бо мӯйҳояш хушк кард. 45  Ту маро бо бӯса пешвоз нагирифтӣ, ин зан бошад, аз омаданам инҷониб бӯсидани пойҳоямро бас намекунад. 46  Ту бар сари ман равған нарехтӣ, аммо ин зан ба пойҳои ман равғани хушбӯй рехт. 47  Бинобар ин ба ту мегӯям, ки гуноҳҳои ӯ, нигоҳ накарда ба он ки зиёданд*, бахшида шудаанд, аз ин рӯ вай муҳаббати зиёд зоҳир мекунад. Аммо касе, ки кам бахшида мешавад, муҳаббати камтар зоҳир мекунад». 48  Пас аз он Исо ба зан гуфт: «Гуноҳҳоят бахшида шуданд». 49  Касоне, ки бо Исо дар сари миз менишастанд, байни худ мегуфтанд: «Ин одам кист, ки ҳатто гуноҳҳоро мебахшад?» 50  Аммо ӯ ба зан гуфт: «Имонат туро наҷот дод. Рав ва дар амони Худо бош!»

Эзоҳҳо

Дар матни аслӣ «бар ман пешпо намехӯрад».
Ниг. ба луғат.
Ё «роҳнамоиеро».
Дар матни аслӣ «кӯзачаи алабастерро». Ниг. ба луғат, ба калимаи «алабастер».
Ниг. ба луғат.
Ё «бузурганд».