Луқо 3:1-38

  • Саршавии хизмати Яҳё (1, 2)

  • Яҳё таъмидро мавъиза мекунад (320)

  • Таъмиди Исо (21, 22)

  • Насабномаи Исои Масеҳ (2338)

3  Дар соли понздаҳуми ҳукмронии қайсар* Тибариюс, вақте ки Понтиюс Пилотус ҳокими Яҳудия, Ҳиродус* ҳокими вилояти* Ҷалил, бародари ӯ Филиппус ҳокими вилоятҳои Итурия ва Тархонитус ва Лисониюс ҳокими вилояти Абилин буд, 2  дар рӯзҳое, ки Ҳонон яке аз коҳинони калон* ва Қаёфо саркоҳин* буд, каломи Худо дар биёбон ба Яҳё, писари Закарё, расид. 3  Яҳё дар тамоми сарзамини гирду атрофи Урдун гашта, мавъиза мекард, ки одамон бояд чун рамзи тавба барои бахшиши гуноҳҳо таъмид гиранд*, 4  чи тавре ки дар китоби Ишаъё-пайғамбар навишта шудааст: «Овози нидокунандае дар биёбон садо медиҳад: “Роҳро барои Яҳува тайёр кунед! Роҳҳои Ӯро ҳамвор намоед. 5  Бигзор ҳар дара пур шавад ва ҳар кӯҳу теппа ба ҳамворӣ табдил ёбад, роҳҳои каҷу килеб рост ва роҳҳои пасту баланд ҳамвор шаванд. 6  Он гоҳ тамоми одамизод* наҷоти Худоро* хоҳад дид”». 7  Ӯ ба мардуме, ки барои таъмидгирӣ ба наздаш меомаданд, чунин мегуфт: «Эй афъизодагон, кӣ ба шумо гуфт, ки аз ғазаби омадаистодаи Худо гурехта метавонед? 8  Пас, самаре оред, ки аз тавбаи шумо шаҳодат диҳад. Дар дили худ нагӯед: “Мо фарзандони Иброҳим ҳастем”, зеро ба шумо мегӯям, ки Худо метавонад ҳатто аз ин сангҳо барои Иброҳим фарзанд ба вуҷуд орад. 9  Инак, табар барои буридани дарахтон бар бехи онҳо гузошта шудааст. Ҳар дарахте, ки меваи хуб намеорад, бурида, ба оташ партофта мешавад». 10  Одамон аз ӯ мепурсиданд: «Пас, чӣ кор кунем?» 11  Яҳё дар ҷавоби онҳо мегуфт: «Ҳар касе, ки ду либос* дорад, яктоашро ба касе диҳад, ки надорад, ва ҳар касе, ки чизе барои хӯрдан дорад, бигзор ӯ низ чунин амал кунад». 12  Ҳатто ҷамъкунандагони андоз барои таъмидгирӣ омада, аз ӯ пурсиданд: «Эй устод, мо чӣ кор кунем?» 13  Яҳё ба онҳо гуфт: «Беш аз андози муқарраршуда чизе аз мардум талаб накунед*». 14  Сарбозон низ аз ӯ мепурсиданд: «Мо чӣ кор кунем?» Ӯ ба онҳо мегуфт: «Аз касе бо зӯрӣ пул нагиред ва касеро ноҳақ айбдор накунед, балки бо ҳаққи хизмати худ қаноат кунед». 15  Мардум интизори Масеҳ буданд ва ҳама оиди Яҳё дар дили худ андеша карда мегуфтанд: «Шояд ӯ Масеҳ бошад?!» 16  Яҳё дар ҷавоб ба ҳамаи онҳо мегуфт: «Ман шуморо дар об таъмид медиҳам, вале касе омада истодааст, ки қудрати бештар дорад ва ман ҳатто сазовори он нестам, ки банди пойафзоли ӯро кушоям. Ӯ шуморо бо рӯҳи муқаддас ва оташ таъмид хоҳад дод. 17  Ӯ дар даст панҷшоха* барои бод кардани ғалла дорад, то хирманҷойи худро пурра тоза карда, гандумро дар анбораш ҷамъ орад, вале коҳрезаҳоро дар оташи хомӯшнашаванда месӯзонад». 18  Ӯ боз бисёр насиҳатҳои дигаре медод ва ба мардум хушхабарро эълон мекард. 19  Яҳё ҳокими вилоят Ҳиродусро барои он ки ӯ ҳамсари бародараш Ҳиродияро ба занӣ гирифта буд ва барои ҳамаи корҳои бадаш танқид мекард. 20  Барои ҳамин Ҳиродус илова бар ҳама корҳои кардааш Яҳёро ба зиндон партофт. 21  Вақте ҳамаи одамон таъмид гирифтанд, Исо низ таъмид гирифт. Ҳангоми дуо гуфтани ӯ осмон кушода шуд 22  ва рӯҳи муқаддас дар шакли кабӯтар бар ӯ фаромад ва аз осмон садое шунида шуд, ки гуфт: «Ту Писари азизи Ман ҳастӣ, Ман аз ту розиям». 23  Вақте Исо хизмати худро сар кард, ӯ тақрибан сисола буд ва мувофиқи ақидаи одамонписари Юсуф буд.Юсуф бошад, писари Элӣ, 24  Элӣ писари Маттот,Маттот писари Левӣ,Левӣ писари Малкӣ,Малкӣ писари Яннай,Яннай писари Юсуф, 25  Юсуф писари Матитё,Матитё писари Омӯс,Омӯс писари Наҳум,Наҳум писари Ҳеслӣ,Ҳеслӣ писари Наҷҷой, 26  Наҷҷой писари Маҳат,Маҳат писари Матитё,Матитё писари Шимъӣ,Шимъӣ писари Ёсех,Ёсех писари Юдо, 27  Юдо писари Юҳонон,Юҳонон писари Ресо,Ресо писари Зарубобил,Зарубобил писари Шаалтиил,Шаалтиил писари Нерӣ, 28  Нерӣ писари Малкӣ,Малкӣ писари Аддӣ,Аддӣ писари Қосам,Қосам писари Элмадом,Элмадом писари Эр, 29  Эр писари Исо,Исо писари Элиэзер,Элиэзер писари Юрим,Юрим писари Маттот,Маттот писари Левӣ, 30  Левӣ писари Шимъӯн,Шимъӯн писари Яҳудо,Яҳудо писари Юсуф,Юсуф писари Юном,Юном писари Элёқим, 31  Элёқим писари Малё,Малё писари Мино,Мино писари Матато,Матато писари Нотон,Нотон писари Довуд, 32  Довуд писари Исой,Исой писари Убид,Убид писари Бӯаз,Бӯаз писари Салмӯн,Салмӯн писари Наҳшӯн, 33  Наҳшӯн писари Аминодоб,Аминодоб писари Арнӣ*,Арнӣ писари Ҳесрӯн,Ҳесрӯн писари Форас,Форас писари Яҳудо, 34  Яҳудо писари Яъқуб,Яъқуб писари Исҳоқ,Исҳоқ писари Иброҳим,Иброҳим писари Тораҳ,Тораҳ писари Ноҳӯр, 35  Ноҳӯр писари Саруҷ,Саруҷ писари Рау,Рау писари Фолаҷ,Фолаҷ писари Эбар,Эбар писари Шолаҳ, 36  Шолаҳ писари Қенон,Қенон писари Арфакшад,Арфакшад писари Сом,Сом писари Нӯҳ,Нӯҳ писари Ломак, 37  Ломак писари Матушолаҳ,Матушолаҳ писари Ҳанӯх,Ҳанӯх писари Ёрад,Ёрад писари Маҳалалъил,Маҳалалъил писари Қенон, 38  Қенон писари Анӯш,Анӯш писари Шет,Шет писари Одам ваОдам писари Худо* буд.

Эзоҳҳо

Унвони баъзе подшоҳони Руми қадим.
Яъне Ҳиродуси Антипас, писари Ҳиродуси Бузург.
Дар матни аслӣ «тетрархи».
Ниг. ба луғат.
Ниг. ба луғат.
Ниг. ба луғат.
Ё «ҳар ҷисм».
Ё «воситаеро, ки Худо бо он наҷот медиҳад».
Ё «либоси зиёдатӣ».
Ё «наситонед».
Ё эҳтимол «бел».
Дар 1Вқ 2:9 ва Мт 1:3, 4 чун «Ром» омадааст.
Ниг. ба луғат.