Луқо 2:1-52

  • Таваллуди Исо (17)

  • Фариштагон ба чӯпонон зоҳир мешаванд (820)

  • Хатна ва покшавӣ (2124)

  • Шимъӯн Масеҳро мебинад (2535)

  • Ҳано дар бораи кӯдак гап мезанад (3638)

  • Бозгашт ба Носира (39, 40)

  • Исои 12-сола дар маъбад (4152)

2  Дар он рӯзҳо қайсар Авғустус* фармон баровард, ки дар тамоми рӯйи замин барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронида шавад. 2  (Ин барӯйхатгирии аввалин дар вақти ҳокими Сурия будани Кириниюс гузаронида шуд.) 3  Аз ин сабаб тамоми мардум барои ба рӯйхат гирифта шудан ба шаҳрҳои худ рафтанд. 4  Юсуф низ аз Ҷалил, аз шаҳри Носира, ба Яҳудия, ба шаҳри Довуд, ки Байт-Лаҳм ном дошт, равона шуд, чунки ӯ аз аҳли хонадон ва авлоди Довуд буд. 5  Ӯ ба он ҷо рафт, то худаш ва Марямро, ки он вақт аллакай зани ӯ шуда буд ва ба қарибӣ бояд таваллуд мекард, номнавис кунад. 6  Ҳангоме ки онҳо дар он шаҳр буданд, вақти таваллуд кардани Марям расид. 7  Ва ӯ писареро, ки нахустзодааш буд, таваллуд кард ва ӯро парпеч карда, дар охур гузошт, чунки дар мусофирхона барояшон ҷое ёфт нашуд. 8  Дар он сарзамин чӯпононе буданд, ки дар саҳро истода, тамоми шаб рамаҳои худро посбонӣ мекарданд. 9  Ногаҳон фариштаи Яҳува ба онҳо зоҳир шуд ва гирду атрофашон аз ҷалоли Яҳува дурахшон гашт. Чӯпонон аз ин ба тарсу ҳарос афтоданд, 10  вале фаришта ба онҳо гуфт: «Натарсед, чунки ман ба шумо хабари хушеро эълон мекунам, ки ба ҳамаи халқҳо шодии бузурге меорад. 11  Имрӯз дар шаҳри Довуд барои шумо наҷотдиҳандае, ки Масеҳ ва Сарвар мебошад, таваллуд шуд. 12  Барои шумо аломат ҳамин мешавад, ки тифли парпечкарда ва дар охур хобидаеро меёбед». 13  Баногоҳ дар пеши фаришта лашкари сершумори осмонӣ пайдо шуд, ки Худоро ҳамду сано хонда чунин мегуфт: 14  «Худоро дар осмонҳо ҷалол бод ва бар рӯйи замин осоиштагӣ дар миёни одамоне, ки Худо аз онҳо розист!» 15  Пас аз он ки фариштаҳо ба осмон баргаштанд, чӯпонон ба якдигар гуфтанд: «Биёед худи ҳозир ба Байт-Лаҳм рафта, воқеаи рӯйдодаеро, ки Яҳува ба мо маълум сохт, бинем». 16  Онҳо зуд ба он ҷо рафта, Маряму Юсуф ва ҳамчунин кӯдаки дар охур хобидаро ёфтанд. 17  Вақте ки чӯпонон кӯдакро диданд, он чиро, ки фаришта дар бораи вай ба онҳо гуфта буд, нақл карданд. 18  Ва ҳама касоне, ки нақли чӯпононро шуниданд, аз суханони онҳо ба ҳайрат омаданд, 19  Марям бошад, ҳамаи он гуфтаҳоро дар дили худ нигоҳ дошта, дар бораи маънои онҳо мулоҳиза меронд. 20  Баъд аз он чӯпонон ба назди рамаҳои худ баргаштанд ва дар роҳ Худоро ҷалол дода ҳамду сано мегуфтанд, зеро ҳамаи чизҳои шунидаву дидаашон мувофиқи он чизе буд, ки ба онҳо гуфта шуд. 21  Пас аз ҳашт рӯз, вақте ки замони хатна кардани кӯдак фаро расид, ӯ Исо номида шуд, чуноне ки фаришта ӯро, ҳанӯз пеш аз он ки дар батни модар пайдо шавад, номида буд. 22  Ҳамчунин, ҳангоме ки онҳо аз рӯйи Шариати Мӯсо бояд пок мегаштанд, кӯдакро ба Ерусалим оварданд, то ба Яҳува пешкаш кунанд, 23  чи тавре ки дар Шариати Яҳува навишта шудааст: «Ҳар писари аввалин* бояд барои Яҳува муқаддас номида шавад». 24  Ва онҳо мувофиқи гуфтаҳои Шариати Яҳува оиди пешкаш кардани «ҷуфти мусича ё ду чӯҷаи кафтар» қурбонӣ оварданд. 25  Дар Ерусалим марде буд, ки Шимъӯн ном дошт. Ин марди росткору худотарс мунтазири вақте буд, ки Худо Исроилро тасаллӣ мебахшад, ва рӯҳи муқаддас бар ӯ буд. 26  Беш аз ин, Худо ба воситаи рӯҳи муқаддас ба вай ошкор намуда буд, ки ӯ, то Масеҳи Яҳуваро набинад, намемирад. 27  Шимъӯн бо роҳбарии рӯҳи муқаддас ба маъбад* омад ва, вақте падару модари Исо барои ба ҷо овардани маросими Шариат ӯро ба он ҷо оварданд, 28  Шимъӯн кӯдакро ба даст гирифт ва Худоро ҳамду сано хонда гуфт: 29  «Эй Ҳокими тамоми олам, акнун, чуноне ки гуфта будӣ, бигзор бандаат орому осуда бимирад, 30  зеро чашмони ман наҷотеро диданд, 31  ки Ту дар пеши назари халқҳо тайёр кардаӣ. 32  Он нурест, ки пардаи торикиро аз рӯйи халқҳо мебардорад, он ҷалоли халқи Ту — Исроил, мебошад». 33  Падару модари кӯдак бошанд, аз суханоне, ки дар бораи ӯ мегуфтанд, ҳайрон мешуданд. 34  Шимъӯн инчунин онҳоро баракат дода, ба Марям, модари кӯдак, чунин гуфт: «Бидон, ки ин кӯдак сабаби афтодан ва аз нав бархестани бисёри исроилиён мегардад ва аломате мешавад, ки бар зиддаш сухан хоҳанд гуфт, 35  то фикру андешаи дили бисёр касон ошкор гардад. Ту бошӣ, эй Марям, мисли он ки ба дилат шамшер зада бошанд, дарди сахте ҳис мекунӣ». 36  Дар он ҷо ҳамчунин зане буд, ки пайғомҳои Худоро мерасонд. Ӯ Ҳано ном дошт ва аз қабилаи Ошер, аз оилаи Фануил, буд. Ин зан солхӯрда буд ва бо ҳамсари худ, пас аз шавҳар карданаш*, ҳамагӣ ҳафт сол зиндагӣ карда буд. 37  Ин бевазани ҳаштоду чорсола ҳеҷ гоҳ маъбадро тарк намекард ва шабу рӯз бо рӯза ва дуову илтиҷо хизмати муқаддасро ба ҷо меовард. 38  Вақте Юсуф ва Марям дар маъбад буданд, ӯ наздик омада, ба Худо шукрона гуфтанро сар кард ва ба ҳамаи онҳое, ки халосии Ерусалимро интизор буданд, дар бораи кӯдак гап мезад. 39  Баъд аз он ки онҳо тамоми маросимро мувофиқи Шариати Яҳува ба ҷо оварданд, ба Ҷалил, ба шаҳрашон Носира, баргаштанд. 40  Кӯдак калон шуда, қувват мегирифт ва аз хирад пур мегашт ва Худо аз ӯ розӣ буд. 41  Падару модари Исо ҳар сол барои ҷашн гирифтани Иди раҳоӣ ба Ерусалим мерафтанд. 42  Боре, вақте ки ӯ дувоздаҳсола буд, онҳо аз рӯйи одати худ ба он ид омаданд. 43  Пас аз он ки рӯзҳои ид ба охир расиданд, онҳо ба хона равона шуданд, вале Исо дар Ерусалим монд. Падару модараш аз ин хабардор набуданд, 44  онҳо, ба гумони он ки ӯ бо дигар ҳамроҳонашон мебошад, роҳи якрӯзаро тай намуданд. Вале дертар, вақте ӯро дар байни хешон ва шиносонашон ҷустуҷӯ карда 45  наёфтанд, ба Ерусалим баргаштанд ва ӯро дар ҳама ҷо кофтанд. 46  Пас аз се рӯз Марям ва Юсуф Исоро дар маъбад ёфтанд, ки дар байни устодон нишаста онҳоро гӯш мекард ва саволҳо медод. 47  Ҳамаи шунавандагон аз фаҳмиш ва ҷавобҳои Исо ҳайрон мешуданд. 48  Падару модараш ӯро дида дар ҳайрат монданд. Модараш ба ӯ гуфт: «Писарам, чаро ту бо мо ин тавр рафтор кардӣ? Охир, ман ва падарат туро дар ҳама ҷо ҷустуҷӯ карда, хеле хавотир шудем». 49  Аммо Исо ба онҳо гуфт: «Чаро шумо маро ҷустуҷӯ кардед? Магар намедонистед, ки ман бояд дар хонаи Падари худ бошам?» 50  Вале онҳо ба маънои ин суханон сарфаҳм нарафтанд. 51  Баъди ин ӯ ҳамроҳи волидонаш ба Носира баргашт ва дар итоати онҳо буд. Модараш бошад, ҳамаи ин суханонро дар дили худ нигоҳ медошт. 52  Исо рӯз аз рӯз калон мешуд, хирадаш торафт зиёд мегашт ва ба Худову одамон бештар маъқул мешуд.

Эзоҳҳо

Унвони баъзе императорони Руми қадим. Аввалин шуда ин унвонро Октавиан ба худ гирифта буд.
Дар матни аслӣ «Ҳар мардинае, ки батни модарро мекушояд».
Ниг. ба луғат.
Дар матни аслӣ «аз бокирагиаш».