Луқо 16:1-31

  • Мисоли идоракунандаи беинсоф (113)

    • Касе, ки дар чизи хурд боваринок аст (10)

  • Шариат ва Подшоҳии Худо (1418)

  • Мисоли марди бой ва Лаъзор (1931)

16  Пас аз ин ӯ ба шогирдонаш муроҷиат карда гуфт: «Як марди бой идоракунандае дошт, ки ӯро дар исроф кардани молу мулки хӯҷаинаш айбдор мекарданд. 2  Он мард идоракунандаашро даъват карда, гуфт: “Ман дар бораи ту чиҳо мешунавам? Оиди корҳои худ ҳисобот деҳ, чунки ту дигар хонаро идора нахоҳӣ кард”. 3  Он гоҳ идоракунанда дар дили худ гуфт: “Чӣ кор кунам? Хӯҷаинам маро аз вазифаи идоракунӣ маҳрум карданӣ аст. Ба каланд задан қувватам намерасад, аз гадоӣ кардан шарм медорам. 4  Ёфтам! Тавре мекунам, ки одамон ҳангоми аз вазифа дур шуданам маро дар хонаҳояшон қабул кунанд”. 5  Ва ӯ қарздорони хӯҷаинашро як-як ҷеғ зада, аз аввалин пурсид: “Ту аз хӯҷаинам чӣ қадар қарздор ҳастӣ?” 6  Он мард ҷавоб дод: “Сад хум* равғани зайтун”. Ӯ гуфт: “Забонхати худро гир ва зудтар нишаста, панҷоҳ навис”. 7  Сипас аз дигаре пурсид: “Ту чӣ қадар қарздор ҳастӣ?” Ӯ гуфт: “Сад халта* гандум”. Идоракунанда ба вай гуфт: “Забонхататро гир ва ҳаштод навис”. 8  Ва хӯҷаин он идоракунандаро, ҳарчанд ӯ беинсоф буд, барои зиракиаш таъриф кард. Бале, писарони ин замона* дар муомила бо одамони насли худ аз писарони нур бохирадтаранд. 9  Ман ҳам ба шумо мегӯям: ба воситаи сарвате, ки дар ин ҷаҳон доред, барои худ дӯстон пайдо кунед, то, вақте он тамом мешавад, онҳо шуморо ба ҷойҳои зисти ҷовидонӣ қабул кунанд. 10  Касе дар чизи хурд боваринок бошад, дар чизи бисёр низ сазовори боварӣ аст, вале касе, ки дар чизи хурд беинсофӣ кунад, дар чизи бисёр низ беинсофӣ мекунад. 11  Бинобар ин, агар шумо дар истифодаи сарвате, ки дар ин ҷаҳон доред, сазовори боварӣ будани худро исбот накунед, кӣ ба шумо бо дили пур сарвати ҳақиқиро месупорад? 12  Ва, агар шумо дар истифодаи чизи дигарон сазовори боварӣ будани худро исбот накунед, пас, кӣ ба шумо чизеро медиҳад, ки бароятон тайёр карда шудааст? 13  Ҳеҷ як хизматгор ғуломи ду хӯҷаин буда наметавонад, чунки ё аз яке нафрат карда, дигареро дӯст медорад, ё якеро эҳтиром карда, дигареро хор медорад. Шумо наметавонед ҳам ғуломи Худо ва ҳам ғуломи боигарӣ бошед». 14  Фарисиёне, ки пулпараст буданд, ҳамаи инро шунида Исоро масхара карданд. 15  Бинобар ин ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо дар назди одамон худро шахсони росткор нишон медиҳед, вале Худо аз дилҳои шумо хабардор аст, зеро он чӣ одамон болобардор мекунанд, дар назари Худо нафратангез аст. 16  Таврот ва Навиштаҳои пайғамбарон то замони Яҳё эълон карда мешуданд. Аммо аз он вақт инҷониб хушхабар дар бораи Подшоҳии Худо мавъиза карда мешавад ва ҳар гуна одамон бо ҷидду ҷаҳд сӯйи он мешитобанд. 17  Ҳатто замину осмон нест шавад ҳам, ҳеҷ як ҳарф ё нуқтае аз Таврот иҷро нашуда намемонад. 18  Ҳар касе, ки аз зани худ ҷудо шуда, бо дигаре оиладор шавад, ба ҳамсараш хиёнат мекунад ва ҳар касе, ки бо зани аз шавҳараш ҷудошуда оиладор шавад, ба хиёнати ҳамсарӣ даст мезанад. 19  Як шахси бое буд. Ӯ либосҳои қиматбаҳо* мепӯшиду кайфу сафо карда рӯз мегузаронд. 20  Ба назди дарвозаи ин шахс Лаъзор ном гадоеро оварда мемонданд, ки баданаш пур аз захм буд, 21  ва ӯ орзу дошт, ки бо он чӣ аз дастархони марди сарватдор меафтад, шиками худро сер кунад. Ва ҳатто сагон омада, захмҳои ӯро мелесиданд. 22  Пас аз чанде он марди гадо мурд ва фариштагон ӯро ба паҳлӯи* Иброҳим бурданд. Марди бой низ мурд ва гӯронида шуд. 23  Вақте ӯ дар гӯр* азоб мекашид, чашмонашро боло карда, аз дур Иброҳимро дид ва Лаъзор низ дар паҳлӯяш* буд. 24  Он гоҳ марди бой фарёд зада гуфт: “Эй падарам Иброҳим, ба ман раҳм кун ва Лаъзорро фирист, то нӯги ангушташро тар карда, ба забонам об чаконад, зеро ман дар ин оташи сӯзон азоб мекашам”. 25  Аммо Иброҳим ба ӯ гуфт: “Писарам, ба хотир ор, ки ту дар вақти зинда буданат ҳамаи чизҳои хубро соҳиб будӣ, Лаъзор бошад, дар ҳаёти худ танҳо чизи бад дидааст. Акнун ӯ дар ин ҷо тасаллӣ меёбаду ту азоб мекашӣ. 26  Ғайр аз ин, дар миёни мову шумо ҷарии чуқуре мавҷуд аст ва, агар касе аз ин ҷо назди шумо гузаштанӣ шавад, ин корро карда наметавонад, аз он ҷо низ касе назди мо гузашта наметавонад”. 27  Ӯ дар ҷавоб гуфт: “Эй падар, ин тавр бошад, аз ту илтимос мекунам, ки Лаъзорро ба хонаи падарам фирист, 28  зеро ман панҷ бародар дорам. Бигзор вай бародаронамро хабардор кунад, то онҳо низ ба ин ҷойи азоб наафтанд”. 29  Вале Иброҳим гуфт: “Онҳо китобҳои Мӯсо ва Навиштаҳои пайғамбаронро доранд, бигзор ба он суханон гӯш диҳанд”. 30  Марди сарватдор гуфт: “Эй падарам Иброҳим, онҳо он суханонро гӯш намекунанд, вале, агар касе аз мурдагон ба наздашон равад, тавба хоҳанд кард”. 31  Он гоҳ Иброҳим гуфт: “Модоме ки онҳо ба суханони китобҳои Мӯсо ва Навиштаҳои пайғамбарон гӯш намедиҳанд, пас, касе аз мурдагон зинда шавад ҳам, гӯш нахоҳанд дод”».

Эзоҳҳо

Юн. «батос». Як батос ба 22 л баробар буд.
Юн. «корос». Як корос гандум тақрибан 170 кг буд. Ниг. ба луғат.
Ниг. ба луғат.
Дар матни аслӣ «бунафшранг ва катон».
Дар матни аслӣ «сандуқи синаи».
Юн. «ҳадес». Ниг. ба луғат.
Дар матни аслӣ «сандуқи синааш».