Луқо 15:1-32

  • Мисоли гӯсфанди гумшуда (17)

  • Мисоли тангаи гумшуда (810)

  • Мисоли писари гумгашта (1132)

15  Ҳамаи ҷамъкунандагони андоз ва гунаҳкорон барои шунидани суханони Исо дар гирдаш ҷамъ меомаданд. 2  Вале фарисиёну шариатдонон норозиёна мегуфтанд: «Ин одам бо гунаҳкорон ҳамнишин аст ва бо онҳо хӯрок мехӯрад». 3  Он гоҳ ӯ ба онҳо чунин мисоле овард: 4  «Агар нафаре аз шумо сад гӯсфанд дошта бошаду яке аз онҳоро гум кунад, магар наваду нӯҳ гӯсфандашро дар биёбон монда, он гумшударо то ёфт шуданаш ҷустуҷӯ намекунад? 5  Ва чун меёбад, онро бар китфаш мегузораду шодӣ карда 6  ба хона бармегардад. Ӯ ёру дӯстон ва ҳаққу ҳамсояҳояшро ҷеғ зада, мегӯяд: “Бо ман хурсандӣ кунед, чунки гӯсфанди гумшудаам ёфт шуд”. 7  Ба шумо мегӯям: ба ин монанд дар осмон барои як гунаҳкори тавбакарда назар ба наваду нӯҳ росткоре, ки ба тавба эҳтиёҷ надоранд, хурсандӣ зиёдтар хоҳад буд. 8  Ё, агар зане даҳ тангаи нуқра* дошта бошаду яктоашро гум кунад, магар чароғро даргиронда, хонаро намерӯбад ва то ёфт шудани он ҳама ҷоро намекобад? 9  Ва чун меёбад, дугонаву ҳамсояҳояшро ҷеғ зада, мегӯяд: “Бо ман хурсандӣ кунед, чунки тангаи* гумкардаи худро ёфтам”. 10  Ба шумо мегӯям: ба ин монанд фариштагони Худо ҳам барои як гунаҳкори тавбакарда хурсандӣ мекунанд». 11  Сипас Исо гуфт: «Марде ду писар дошт. 12  Рӯзе писари хурдиаш ба ӯ гуфт: “Падар, қисми молу мулкеро, ки ба ман тааллуқ дорад, бидеҳ”. Он гоҳ падар дороии худро байни писаронаш тақсим кард. 13  Пас аз якчанд рӯз писари хурдӣ тамоми чизу чораашро ҷамъ карда, ба ҷойи дуре сафар кард ва ба айшу ишрат дода шуда дороии худро барбод дод. 14  Вақте тамоми пулашро сарф кард, дар саросари он кишвар қаҳтии сахте рӯй дод ва ӯ ба мӯҳтоҷӣ афтод. 15  Ӯ ҳатто рафта, хизматгори яке аз сокинони он кишвар гашт ва он шахс ӯро ба саҳрои худ фиристод, то хукбонӣ кунад. 16  Вай тайёр буд, ки шикамашро аз хӯроки хукҳо сер кунад, лекин ҳеҷ кас ба ӯ чизе намедод. 17  Вақте ки вай ба худ омад, гуфт: “Чӣ қадар мардикорони падарам ба фаровонӣ нон доранд, ман бошам, дар ин ҷо аз гуруснагӣ мурда истодаам! 18  Хеста, назди падарам меравам ва мегӯям: “Падар, ман пеши осмон ва пеши ту гуноҳ кардам 19  ва дигар сазовори он нестам, ки писари ту номида шавам. Маро чун яке аз мардикорони худ қабул кун”. 20  Пас, бархоста, назди падараш рафт. Вақте ки ӯ ҳанӯз хеле дур буд, падараш вайро дида, дилаш ба ӯ сӯхт. Ӯ тозон рафта, писарашро ба оғӯш гирифту* бӯсид. 21  Писараш ба ӯ гуфт: “Падар, ман пеши осмон ва пеши ту гуноҳ кардам ва дигар сазовори он нестам, ки писари ту номида шавам”. 22  Лекин падараш ба ғуломони худ гуфт: “Зудтар либоси беҳтаринеро оварда, ба ӯ пӯшонед, ангуштарине ба дасташ андозед ва ба пояш пойафзол пӯшонед! 23  Ҳамчунин гӯсолаи парвориро оварда, сар буред, то бихӯрему хурсандӣ кунем, 24  зеро ин писарам мурда буд ва зинда шуд, гум шуда буд ва ёфт шуд”. Он гоҳ онҳо ҷашне ороста, ба хурсандӣ намудан сар карданд. 25  Писари калонӣ бошад, он вақт дар саҳро буд. Ҳангоме ки ӯ бармегашт ва ба хона наздик мешуд, садои мусиқӣ ва рақсу бозиро шунид. 26  Вай яке аз ғуломонро ба наздаш ҷеғ зада, пурсид, ки чӣ рӯй дода истодааст. 27  Ғулом ба ӯ гуфт: “Бародарат омад ва падарат барояш гӯсолаи парвориро сар бурид, чунки ӯ сиҳату саломат ба хона баргашт”. 28  Писари калонӣ ба қаҳр омада ба хона даромадан нахост. Он гоҳ падараш баромада, илтимос кард, ки ба хона дарояд. 29  Писар ба падараш гуфт: “Солҳои зиёд аст, ки ман мисли ғулом ба ту хизмат мекунам ва ҳаргиз аз фармонат сар натофтаам, вале ту боре ҳам ба ман бузғолаеро надодӣ, то бо дӯстонам хурсандӣ кунам. 30  Лекин, чун ин писарат, ки чизу чораатро бо фоҳишаҳо хӯрда тамом кард, ба хона баргашт, ту барояш гӯсолаи парвориро сар буридӣ”. 31  Он гоҳ падар ба ӯ гуфт: “Писарам, ту ҳама вақт бо ман ҳастӣ ва ҳар чизе, ки дорам, аз они туст. 32  Мо бошем, аз он сабаб шодиву хурсандӣ мекунем, ки бародарат мурда буд ва зинда шуд, гум шуда буд ва ёфт шуд”».

Эзоҳҳо

Дар матни аслӣ «дирҳам». Ниг. ба луғат.
Дар матни аслӣ «дирҳами». Ниг. ба луғат.
Дар матни аслӣ «худро ба гардани ӯ партофту».