Ибриён 7:1-28

  • Малкисодақ — подшоҳ ва коҳин (110)

  • Чун саркоҳин хизмат кардани Масеҳ (1128)

    • Масеҳ метавонад пурра наҷот диҳад (25)

7  Зеро ҳамин Малкисодақ, подшоҳи Салим ва коҳини Худои Таоло, Иброҳимро, ки пас аз мағлуб кардани подшоҳон бармегашт, пешвоз гирифту баракат дод 2  ва Иброҳим ба ӯ аз ҳама чиз даҳяк дод. Маънои номи ӯ «подшоҳи росткорӣ» аст ва ӯ ҳамчунин подшоҳи Салим, яъне «подшоҳи осоиштагӣ» мебошад. 3  Ӯ, ки падару модар, аслу насаб ва аввалу охири ҳаёташ маълум нест, ба Писари Худо* монанд гашт ва абадан коҳин мемонад. 4  Бинед, ки то чӣ андоза бузург буд он марде, ки Иброҳим, сардори қабила, ба ӯ аз беҳтарин ғанимати худ даҳяк дод. 5  Бале, мувофиқи Шариат он писарони Левӣ, ки коҳин таъйин мешаванд, амре доранд, ки аз халқ, яъне аз бародарони худ, даҳяк ҷамъ оранд, гарчанд онҳо низ насли Иброҳим мебошанд. 6  Аммо ин шахс, ки аз авлоди Левӣ нест, аз Иброҳим даҳяк гирифт ва соҳиби ваъдаҳоро баракат дод. 7  Шубҳае нест, ки хурд аз тарафи бузург баракат дода мешавад. 8  Левизодагон, ки даҳяк мегиранд, мирандаанд, вале дар бораи шахсе, ки даҳяк гирифт, шаҳодат дода шудааст, ки ӯ зинда аст. 9  Ва гуфтан мумкин аст, ки ҳатто худи Левӣ, ки даҳяк мегирад, ба воситаи Иброҳим даҳяк дод, 10  зеро ӯ, вақте ки Малкисодақ ба пешвози Иброҳим баромад, ҳанӯз чун насли Иброҳим таваллуд нашуда буд. 11  Агар комилият ба воситаи хизмати коҳинони левизода ба даст оварда мешуд (ин хусусияти Шариат буд, ки ба халқ дода шуд), пас, чӣ ҳоҷат буд, ки коҳини дигаре ба миён ояд, ки мисли Малкисодақ аст, на мисли Ҳорун? 12  Агар коҳинон дигар шаванд, пас, зарур аст, ки Шариат низ дигар шавад. 13  Зеро марде, ки дар борааш ин суханон гуфта шудаанд, аз қабилаи дигаре мебошад ва ҳеҷ касе аз он қабила назди қурбонгоҳ хизмат накардааст. 14  Маълум аст, ки Ҳазрати мо аз насли Яҳудо мебошад, ҳол он ки Мӯсо нагуфтааст, ки коҳинон аз ин қабила меоянд. 15  Ва ин боз ҳам равшантар мегардад, вақте коҳини дигаре мисли Малкисодақ ба миён меояд. 16  Ӯ на аз рӯйи талаботи қонун, ки аз аслу насаб вобаста аст, балки бо қувваи ҳаёти нобуднашаванда коҳин гашт, 17  зеро дар борааш шаҳодат дода шудааст: «Ту монанди Малкисодақ абадан коҳин ҳастӣ». 18  Ҳамин тавр, амрҳои пешина бекор карда мешаванд, зеро онҳо беқувватанд ва фоидае намеоранд. 19  Охир, Шариат ҳеҷ чизро комил насохт, вале умеди беҳтаре, ки ба ҷояш омад, ин корро карда тавонист ва мо ба воситаи он ба Худо наздик мешавем. 20  Ҳамчунин, азбаски ин бе қасам ба амал наомадааст 21  (зеро, агар дигарон бе қасам коҳин шуда бошанд, ин шахс ба воситаи қасами Худо коҳин шудааст, ки чунин буд: «Яҳува қасам хӯрдааст ва аз фикраш намегардад*: “Ту абадан коҳин ҳастӣ”»), 22  Исо кафолати* аҳди беҳтаре гашт. 23  Беш аз ин, коҳинон бисёр буданд ва яке ҷойи дигареро мегирифт, чунки марг ба давом додани хизматашон монеъ мешуд, 24  вале ӯ то абад зинда мемонад ва ҳеҷ кас ба ҷойи вай коҳин намешавад. 25  Бинобар ин ӯ метавонад онҳоеро, ки ба воситааш ба Худо наздик мешаванд, пурра наҷот диҳад, зеро ӯ ҳамеша зинда аст, то барояшон зориву илтиҷо кунад. 26  Ба мо саркоҳине лозим аст, ки содиқ, бегуноҳ, покдил, аз гунаҳкорон ҷудо ва аз осмонҳо болотар бошад. 27  Ӯ эҳтиёҷ надорад, ки монанди дигар саркоҳинон ҳар рӯз қурбониҳо орад, аввал барои гуноҳҳои худ ва баъд барои гуноҳҳои халқ, зеро ӯ худро қурбон карда, ин корро як бор ва барои ҳамеша кард. 28  Зеро Шариат шахсонеро саркоҳин таъйин мекунад, ки сустиҳо доранд, аммо қасаме, ки пас аз Шариат гуфта шуд, писареро таъйин кард, ки абадан комил гаштааст.

Эзоҳҳо

Ниг. ба луғат.
Ё «пушаймон намешавад».
Ё «гарави».