Ибриён 4:1-16

  • Хатари дохил нашудан ба оромии Худо (110)

  • Кӯшиш кунед, ки ба оромии Худо дохил шавед (1113)

    • Каломи Худо зинда аст (12)

  • Исо — саркоҳини бузург (1416)

4  Пас, азбаски ваъдаи ба оромии ӯ дохил шудан то ҳол боқӣ мондааст, биёед эҳтиёт шавем, ки касе аз мо барои ба ин ваъда соҳиб шудан номуносиб дониста нашавад. 2  Зеро ба мо низ чун ба онҳо хушхабар эълон карда шуд, аммо каломе, ки онҳо шуниданд, барояшон фоидае наовард, чунки онҳо мисли касоне, ки итоат карданд, имон надоштанд. 3  Ва мо, ки имон дорем, ба он оромӣ дохил мешавем, вале дар бораи дигарон Ӯ чунин гуфтааст: «Бинобар ин Ман дар қаҳру ғазаби Худ қасам хӯрда гуфтам: “Онҳо ба оромии Ман дохил нахоҳанд шуд”», гарчанде ки корҳои Ӯ аз пайдоиши ҷаҳон* анҷом ёфта буданд. 4  Ӯ дар ҷое оиди рӯзи ҳафтум чунин гуфтааст: «Худо дар рӯзи ҳафтум аз тамоми корҳои Худ ором гирифт» 5  ва боз дар ин ҷо мегӯяд: «Онҳо ба оромии Ман дохил нахоҳанд шуд». 6  Касоне, ки хушхабар аввал ба онҳо гуфта шуд, аз сабаби беитоатиашон ба оромӣ дохил нагаштанд. Вале, азбаски баъзеҳо бояд ба он дохил шаванд, 7  Ӯ пас аз муддати зиёде бори дигар дар таронаи Довуд калимаи «имрӯз»-ро истифода бурда, як рӯзеро муқаррар менамояд, чуноне ки дар боло гуфта шуд: «Агар имрӯз овози Ӯро шунавед, дилҳои худро сахт накунед». 8  Зеро, агар Еҳушаъ онҳоро ба ҷойи оромӣ мебурд, Худо баъдтар дар бораи рӯзи дигар сухан намегуфт. 9  Пас, барои халқи Худо оромии шанбе* боқӣ мемонад. 10  Зеро касе, ки ба оромии Худо дохил шудааст, аз корҳои худ низ ором ёфтааст, чуноне ки Худо аз корҳои Худ ором гирифт. 11  Бинобар ин биёед тамоми кӯшишро ба харҷ дода, ба он оромӣ дохил шавем, то ки ҳеҷ кас ба ҳамон гуна беитоатӣ пайравӣ накунад. 12  Зеро каломи Худо зинда ва таъсирбахш аст ва аз ҳар шамшери дудама тезтар аст ва то ба ҳадди ҷудо кардани ҷон* ва рӯҳ*, буғумҳо ва иликҳо рафта мерасад ва метавонад фикру ниятҳои дилро бифаҳмад. 13  Ва ҳеҷ офаридае нест, ки аз назари Ӯ пӯшида бошад, балки ҳама чиз дар пеши чашмони Оне, ки ба Ӯ ҳисобот медиҳем, бараҳна ва аён аст. 14  Бинобар ин, азбаски мо саркоҳини бузурге дорем, ки ба осмон дохил шудааст, ва ӯ Исо, Писари Худо*, мебошад, биёед доимо дар бораи имоне, ки ба ӯ дорем, ба ҳама гап занем. 15  Зеро саркоҳини мо чунин нест, ки дар сустиҳоямон ба мо ҳамдардӣ карда натавонад, балки ӯ мисли мо аз ҳар ҷиҳат озмуда шуд, вале гуноҳе накард. 16  Пас, биёед ба тахти лутфу марҳамат наздик шуда, озодона ба Худо дуо гӯем, то дар вақти ба ёрӣ мӯҳтоҷ буданамон раҳму шафқат ва лутфу марҳамат ёбем.

Эзоҳҳо

Ин ба вақте ишора мекунад, ки Одаму Ҳавво фарзанддор шуданд.
Ниг. ба луғат.
Ниг. ба луғат.
Ниг. ба луғат.
Ниг. ба луғат.