Ибриён 11:1-40

  • Имон чист (1, 2)

  • Намунаи шахсони имондор (340)

    • Бе имон ба Худо писанд омадан мумкин нест (6)

11  Имон боварии қавӣ ба иҷрошавии чизҳоест, ки ба онҳо умед мебандем, ва далели вуҷуд доштани чизҳоест, ки ба чашм аён нестанд. 2  Ба туфайли он ба одамони қадим* шаҳодат дода шуд, ки онҳо ба Худо писанданд. 3  Бо имон мо дарк мекунем, ки замонҳо* бо каломи Худо тартиб ёфтаанд, ба тавре ки чизҳои намоён аз чизҳои нонамоён ба вуҷуд омадаанд. 4  Бо имон Ҳобил ба Худо назар ба Қобил қурбонии пурарзиштаре овард ва ба туфайли имон ба ӯ шаҳодат дода шуд, ки росткор аст, зеро Худо аз ҳадияи ӯ розӣ буд ва, гарчанде ки ӯ мурдааст, то ҳол ба воситаи имонаш сухан мегӯяд. 5  Бо имон Ҳанӯх тавре кӯчонида шуд, ки маргро надид ва ӯро дар ҳеҷ ҷо наёфтанд, зеро Худо ӯро кӯчонида буд ва, пеш аз он ки ин тавр шавад, ба ӯ шаҳодат дода шуд, ки ба Худо писанд аст. 6  Аммо бе имон ба Худо писанд омадан номумкин аст, зеро ҳар кӣ ба Худо наздик мешавад, бояд боварӣ дошта бошад, ки Ӯ вуҷуд дорад ва ба онҳое, ки Ӯро аз таҳти дил мекобанд, мукофот медиҳад. 7  Бо имон Нӯҳ, пас аз он ки Худо ӯро дар бораи чизҳои ҳанӯз ба чашм нонамоён огоҳ кард, худотарсӣ нишон дод ва барои наҷоти аҳли оилааш киштӣ* сохт. Ӯ бо имон ҷаҳонро ҳукм кард ва вориси росткорие гашт, ки натиҷаи имон аст. 8  Бо имон Иброҳим, вақте даъват карда шуд, итоат намуд ва ба ҷое рафт, ки бояд онро мерос мегирифт. Ӯ аз сарзамини худ берун омад, гарчанд намедонист, ки ба куҷо меравад. 9  Бо имон вай мисли мусофир дар замини ваъдашуда чун дар замини бегона умр ба сар мебурд ва бо Исҳоқу Яъқуб, ки чун ӯ ворисони ҳамон ваъда буданд, дар хаймаҳо зиндагӣ мекард. 10  Зеро вай интизори шаҳре буд, ки таҳкурсии ҳақиқӣ дорад ва меъмору бинокори он Худо мебошад. 11  Бо имон Соро низ, нигоҳ накарда ба он ки синну солаш рафта буд, қувват пайдо карда, ҳомиладор шуд, зеро Ваъдадиҳандаро сазовори боварӣ меҳисобид. 12  Аз ин сабаб аз як мард, ки он ҳам мисли мурда буд, фарзандони чунон зиёде ба дунё омаданд, ки чун ситораҳои осмон бисёр ва чун реги лаби баҳр беҳисоб буданд. 13  Ҳамаи онҳо, гарчанд ба замони иҷрошавии ваъдаҳо нарасиданд, имони худро то дами марг нигоҳ доштанд. Онҳо ваъдаҳоро аз дурӣ дида шод шуданд ва дар пеши ҳама эълон карданд, ки дар он замин ғариб ва сокинони муваққатианд. 14  Зеро касоне, ки чунин мегӯянд, нишон медиҳанд, ки бо ҷидду ҷаҳд дар ҷустуҷӯйи ҷойи худ ҳастанд. 15  Ва, агар онҳо заминеро, ки аз он баромада буданд, доимо ба хотир меоварданд, метавонистанд ба он ҷо баргарданд. 16  Аммо акнун онҳо дар пайи ҷойи беҳтаре ҳастанд, ҷое, ки ба осмон тааллуқ дорад. Бинобар ин Худо ор намекунад, ки Худои онҳо номида шавад, чунки барояшон шаҳре тайёр кардааст. 17  Бо имон Иброҳим, вақте санҷида шуд, қариб буд ки Исҳоқро қурбон кунад; бале, шахсе, ки бо хурсандӣ соҳиби ваъдаҳо гашт, писари ягонаи худро қурбон карданӣ шуд, 18  гарчанд ба ӯ чунин гуфта шуда буд: «Онҳое, ки насли ту номида мешаванд, аз Исҳоқ хоҳанд буд». 19  Вале Иброҳим чунин фикр дошт, ки Худо Исҳоқро ҳатто аз мурдагон зинда карда метавонад, ва чун намуна писараш ба ӯ аз марг баргардонида шуд. 20  Бо имон Исҳоқ низ Яъқуб ва Эсовро баракат дода гуфт, ки дар оянда чӣ мешавад. 21  Бо имон Яъқуб пеш аз мурданаш ҳар ду писари Юсуфро баракат дод ва ба асои худ такя намуда ба Худо саҷда кард. 22  Бо имон Юсуф, вақте умраш ба охир мерасид, дар бораи аз Миср баромадани исроилиён сухан гуфт ва дар бораи устухонҳояш* васият кард. 23  Бо имон падару модари Мӯсо пас аз таваллуд шуданаш ӯро се моҳ пинҳон карданд, зеро диданд, ки кӯдак хушрӯй аст, ва аз амри подшоҳ натарсиданд. 24  Бо имон Мӯсо, вақте калон шуд, нахост, ки писари духтари фиръавн номида шавад, 25  ва ба ҷойи аз гуноҳ ҳаловати муваққатӣ гирифтан бо халқи Худо азоб кашиданро интихоб кард. 26  Ӯ чун Масеҳ таҳқир шуданро аз ганҷҳои Миср дида сарвати бузургтар ҳисобид, чунки ба мукофот назар медӯхт. 27  Вай на аз тарси подшоҳ, балки бо имон Мисрро тарк кард, зеро, мисли он ки Нонамоёнро медида бошад, устувор буд. 28  Бо имон Мӯсо Иди раҳоиро ҷашн гирифт ва хунро пошид, то нобудкунанда ба нахустзодагони онҳо даст нарасонад. 29  Бо имон онҳо аз баҳри Сурх чун аз хушкӣ гузаштанд, лекин, вақте мисриён низ хостанд чунин кунанд, ғарқ шуданд. 30  Бо имон деворҳои Ериҳӯ, баъд аз он ки исроилиён ҳафт рӯз гирдашро давр заданд, фурӯ ғалтид. 31  Бо имон Роҳоби фоҳиша ҳамроҳи касоне, ки беитоатӣ карданд, ба ҳалокат нарасид, зеро ҷосусонро сулҳҷӯёна қабул кард. 32  Боз чӣ гӯям? Вақт намерасад, ки дар бораи Ҷидъӯн, Бороқ, Шимшӯн, Ифтоҳ, Довуд ва ҳамчунин Самуилу дигар пайғамбарон нақл кунам. 33  Бо имон онҳо бар подшоҳон ғолиб омаданд, росткориро ба амал оварданд, соҳиби ваъдаҳо гаштанд, даҳони шеронро бастанд, 34  аз оташи пурзӯр зарар надиданд, аз дами шамшер халос шуданд, дар сустӣ қувват пайдо карданд, дар ҷанг қавӣ гаштанд, лашкари душманро торумор сохтанд. 35  Занон мурдаҳои худро эҳёшуда ёфтанд, дигарон бошанд, барои он ки эҳёшавии беҳтареро ба даст оранд, озодии ба онҳо пешкашшударо қабул накарданд ва аз ин сабаб азобу шиканҷа кашиданд. 36  Баъзеи дигарро масхараву қамчинкорӣ карданд ва ҳатто занҷирбанд намуда ба зиндон андохтанд. 37  Онҳо сангсор шуданд, бо озмоишҳо рӯ ба рӯ гаштанд, бо арра дупора карда шуданд, аз дами шамшер ҳалок гаштанд, пӯстҳои бузу гӯсфандон дар тан сарсону саргардон шуда, мӯҳтоҷӣ кашиданд, азобҳо диданд ва озор дода шуданд. 38  Онҳое, ки ҷаҳон сазоворашон набуд, дар кӯҳу биёбон овора буданд ва дар ғорҳову чуқуриҳо паноҳ мебурданд. 39  Ва ҳамаи онҳо, гарчанд ба туфайли имонашон шаҳодати хуб пайдо карданд, иҷрошавии ваъдаро надиданд, 40  зеро Худо барои мо чизи беҳтареро пешбинӣ карда буд, то онҳо бе мо комил нагарданд.

Эзоҳҳо

Ё «аҷдодони мо».
Ниг. ба луғат.
Дар матни аслӣ «қуттӣ».
Ё «гӯронида шуданаш».