Ибриён 10:1-39

  • Қурбонии ҳайвонҳо беҳуда аст (14)

    • Шариат — сояи некиҳои оянда (1)

  • Қурбонии Масеҳ як бор ва барои ҳамеша аст (518)

  • Роҳи наву зинда (1925)

    • Муносибат ба ҷамъомад (24, 25)

  • Огоҳӣ аз гуноҳ (2631)

  • Дилпурӣ ва имон барои истодагарӣ (3239)

10  Шариат танҳо сояи некиҳои оянда аст, на худи онҳо, аз ин рӯ он* наметавонад бо ҳамон як қурбониҳое, ки сол аз сол оварда мешаванд, касонеро, ки назди Худо меоянд, комил созад. 2  Агар ин тавр намебуд, магар овардани қурбониҳо манъ намешуд? Зеро касоне, ки хизмати муқаддасро ба ҷо меоранд, як бор пок шуда, дигар гунаҳкор будани худро намефаҳмиданд*. 3  Лекин ин қурбониҳо сол ба сол гуноҳҳоро хотиррасон мекунанд, 4  зеро хуни нарговҳо ва бузҳо гуноҳҳоро нест карда наметавонад. 5  Бинобар ин Масеҳ ба ҷаҳон омада, мегӯяд: «“Қурбонӣ ва ҳадияро Ту нахостӣ, аммо бадане барои ман тайёр кардӣ. 6  Қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳои гуноҳ ба Ту писанд набуданд”. 7  Он гоҳ ман гуфтам: “Инак, омадам (дар дастхати китоб дар бораи ман навишта шудааст), то хости Туро, эй Худо, ба ҷо орам”». 8  Бале, ӯ аввал гуфт: «Ту қурбониҳо, ҳадияҳо, қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳои гуноҳро нахостӣ ва онҳо ба Ту писанд набуданд» — қурбониҳоеро, ки мувофиқи Шариат оварда мешаванд —  9  ва сипас гуфт: «Инак, омадам, то хости Туро ба ҷо орам». Ӯ тартиботи якумро аз миён мебардорад, то дуюмро барпо намояд. 10  Мувофиқи ҳамин «хост» мо ба воситаи қурбонии ҷисми Исои Масеҳ як бор ва барои ҳамеша муқаддас гаштем. 11  Ҳамчунин ҳар коҳин рӯз аз рӯз дар ҷойи худ меистад, то хизмати муқаддасро ба ҷо оварда, ҳамон як қурбониҳоеро, ки наметавонанд гуноҳҳоро пурра нест кунанд, борҳо пешкаш кунад. 12  Аммо ин шахс як қурбониро ба таври ҳамеша барои гуноҳҳо пешкаш кард ва аз тарафи рости Худо нишаст, 13  аз ҳамон вақт инҷониб ӯ интизор аст, ки душманонаш зери пойи ӯ гузошта шаванд. 14  Зеро ӯ ба воситаи як қурбонӣ онҳоеро, ки муқаддас мешаванд, барои ҳамеша комил гардондааст. 15  Рӯҳи муқаддас низ ба мо шаҳодат медиҳад, чунки аввал гуфтааст: 16  «“Ин аст аҳде, ки Ман баъди он рӯзҳо бо онҳо мебандам,— мегӯяд Яҳува. — Ман қонунҳои Худро дар дилҳои онҳо ҷойгир хоҳам кард ва дар фикри онҳо хоҳам навишт”». 17  Ва сипас мегӯяд: «Ман гуноҳҳо ва ҷиноятҳои онҳоро дигар ба хотир нахоҳам овард». 18  Пас, дар ҳолате ки гуноҳҳо бахшида мешаванд, дигар барои онҳо қурбонӣ лозим нест. 19  Эй бародарон, мо ба воситаи хуни Масеҳ далерона* бо роҳе меравем, ки ба ҷойи муқаддас мебарад, 20  яъне бо роҳи наву зиндае, ки ӯ паси парда гузашта, барои мо кушод ва ин парда ҷисми ӯст. 21  Ҳамчунин мо саркоҳини бузурге дорем, ки бар хонаи Худо таъйин шудааст, 22  пас, биёед дил ва виҷдони нопоки худро бо пошидани хун тоза кунему ҷисмамонро бо оби пок бишӯем ва ҳамин тавр аз самими дил ва бо имони комил ба Худо наздик шавем. 23  Биёед пайваста ва бе дудилагӣ ба ҳама дар бораи умеди худ гап занем, зеро Ваъдадиҳанда сазовори боварӣ аст. 24  Биёед дар фикри якдигар бошем*, то ҳар яке каси дигарро ба муҳаббат ва корҳои нек барангезад 25  ва нисбати омадан ба ҷамъомадҳо хунукназарӣ накунем, чи тавре ки ба баъзеҳо одат шудааст, балки якдигарро рӯҳбаланд созем ва наздик шудани он рӯзро дида инро боз ҳам бештар кунем. 26  Агар пас аз гирифтани дониши аниқ дар бораи ростӣ дидаю дониста гуноҳ кунем, ҳеҷ қурбоние барои гуноҳ намемонад, 27  балки интизории пурдаҳшати доварӣ ва хашми оташине боқӣ мемонад, ки касони ба Худо муқобилро ба коми худ мекашад. 28  Ҳар касе, ки Шариати Мӯсоро поймол мекард, дар асоси шаҳодати ду ё се кас сазовори раҳм нагашта, кушта мешуд. 29  Пас, ба фикри шумо, касе, ки Писари Худоро* пушти по задааст, хуни аҳдро, ки бо он муқаддас гардид, як чизи одӣ ҳисобидааст ва рӯҳи лутфу марҳаматро таҳқир кардааст, сазовори чӣ қадар ҷазои сахттар хоҳад буд? 30  Зеро мо Онеро, ки суханони зеринро гуфтааст, мешиносем: «Интиқом аз тарафи Ман аст, Ман сазо хоҳам дод». Ҳамчунин навишта шудааст: «Яҳува халқи Худро доварӣ хоҳад кард». 31  Дар ҳақиқат, ба дасти Худои зинда афтодан даҳшатнок аст. 32  Айёми гузаштаро ба хотир оред, ки шумо баъд аз дидани нур дар муборизаи сахт ва азобу уқубатҳо истодагарӣ кардед. 33  Баъзан шуморо дар пеши назари ҳама* таҳқир карда, азоб медоданд ва баъзан дар паҳлӯи касоне будед, ки бо чунин азобҳо рӯ ба рӯ мешуданд. 34  Шумо ба онҳое, ки дар зиндон буданд, ҳамдардӣ кардед ва ҳамчунин тороҷ гаштани молу мулки худро бо хурсандӣ қабул кардед, чун медонистед, ки молу мулки беҳтар ва пойдоре доред. 35  Аз ин рӯ далерии* худро, ки мукофоти бузург меорад, аз даст надиҳед. 36  Зеро ба шумо истодагарӣ лозим аст, то баъди иҷро кардани хости Худо чизҳои ваъдашударо ба даст оред. 37  Чунки баъд аз «андаке» «Оне, ки омада истодааст, хоҳад расид ва дер нахоҳад кард». 38  «Аммо росткор ба туфайли имонаш хоҳад зист» ва «агар ӯ қафо гардад, Ман аз ӯ розӣ нахоҳам буд». 39  Вале мо аз онҳое нестем, ки қафо гашта, нобуд мешаванд, балки аз имондоронем ва ин имон ҷонҳои моро зинда нигоҳ медорад.

Эзоҳҳо

Ё эҳтимол «одам».
Ё «аз сабаби гуноҳҳои худ виҷдони нопок намедоштанд».
Ё «бо дилпурӣ».
Ё «ба якдигар диққат диҳем».
Ниг. ба луғат.
Дар матни аслӣ «чун дар тамошогоҳ дар пеши ҳама».
Дар матни аслӣ «озодона сухан гуфтани».