Ибриён 1:1-14

  • Худо ба воситаи Писар сухан мегӯяд (14)

  • Писар аз фариштагон болотар аст (514)

1  Дар гузашта Худо борҳои зиёд ва бо тарзҳои гуногун ба падаронамон ба воситаи пайғамбарон сухан мегуфт. 2  Ҳоло бошад, дар охири ин рӯзҳо, ба мо ба воситаи Писар, ки ӯро вориси ҳама чиз таъйин намудааст ва ба воситааш замонаҳоро* ба вуҷуд овардааст, сухан ронд. 3  Писар инъикоси ҷалоли Худо ва тасвири пурраи шахсияти Ӯ буда, ҳама чизро бо каломи пурқувват нигоҳ медорад. Ва ӯ, баъд аз он ки моро аз гуноҳҳоямон пок кард, дар боло аз тарафи рости Худои бузург нишаст. 4  Ҳамин тавр ӯ номеро, ки аз номи фариштагон бузургтар аст, мерос гирифта, аз онҳо болотар гашт. 5  Масалан, ба кадоме аз фариштагон Худо гуфта буд: «Ту писари Ман ҳастӣ; Ман имрӯз падари ту шудам»? Ва боз: «Ман падари ӯ ва ӯ писари Ман хоҳад шуд»? 6  Лекин, вақте Ӯ бори дигар Нахустзодаи Худро ба дунё мефиристад, чунин мегӯяд: «Бигзор ҳамаи фариштагони Худо ба ӯ таъзим кунанд». 7  Ҳамчунин дар бораи фариштагон мегӯяд: «Ӯ фариштагони Худро ба рӯҳҳо табдил медиҳад ва хизматгорони Худро ба алангаи оташ». 8  Дар бораи Писар бошад, чунин мегӯяд: «Худо тахти туст то абад, асои Подшоҳии ту асои адолат аст. 9  Ту росткориро дӯст дошта, аз бадӣ нафрат кардӣ. Аз ин сабаб Худо, Худои ту, туро бо равған тадҳин намудааст* ва ба ту назар ба ҳамроҳонат хурсандии бештар додааст». 10  Ва ҳамчунин: «Эй Сарвар, Ту дар аввал асосҳои заминро гузоштаӣ ва осмонҳо амали дастҳои Ту мебошанд. 11  Онҳо нест мешаванд, вале Ту боқӣ мемонӣ, ҳамаи онҳо чун либосе кӯҳна мешаванд, 12  Ту онҳоро чун ҷомае печонда мемонӣ, чун либосе иваз мекунӣ, вале худат ҳамонӣ, солҳои Ту ҳеҷ гоҳ тамом намешаванд». 13  Дар бораи кадоме аз фариштагон Ӯ гуфта буд: «Аз тарафи рости Ман шин, то даме ки душманонатро зери пойи ту гузорам»? 14  Магар ҳамаи онҳо рӯҳҳое нестанд, ки хизмати муқаддасро ба ҷо меоранд? Магар онҳо барои хизмати касоне, ки наҷотро мерос мегиранд, фиристода нашудаанд?

Эзоҳҳо

Ниг. ба луғат.
Ниг. ба луғат.