Ваҳй 19:1-21

  • Ёҳро ҳамд гӯед (110)

    • Тӯйи Барра (79)

  • Савори аспи сафед (1116)

  • Зиёфати Худо (17, 18)

  • Мағлуб шудани ҳайвони ваҳшӣ (1921)

19  Баъд аз ин ман аз осмон садои баландеро монанди овози издиҳоми бузурге шунидам, ки чунин мегуфт: «Ёҳро ҳамд гӯед*! Наҷот, ҷалол ва қудрат аз они Худои мост, 2  зеро довариҳои Ӯ ҳақ ва одилонаанд. Чунки Ӯ ба фоҳишаи бузург, ки заминро бо бадахлоқии ҷинсии* худ фосид мекард, ҳукм баровард ва барои хуни бандагони худ аз вай интиқом гирифт». 3  Ва дарҳол он издиҳом дубора гуфт: «Ёҳро ҳамд гӯед*! Дуди сӯхтори ин фоҳиша то абад боло хоҳад баромад». 4  Он гоҳ бисту чор пир ва чор каррубӣ* зону зада, ба Худо, ки бар тахт нишастааст, саҷда карданд ва гуфтанд: «Омин! Ёҳро ҳамд гӯед* 5  Ҳамчунин овозе аз пеши тахт шунида шуд, ки чунин гуфт: «Худои моро ҳамду сано гӯед, эй ҳамаи бандагони Ӯ, ки худотарс ҳастед, ҳам хурдону ҳам бузургон!» 6  Баъд аз ин ман садоеро шунидам, ки монанди овози издиҳоми азим, монанди шувваси обҳои бисёр ва гулдурроси раъдҳои сахт буд. Он издиҳом чунин мегуфт: «Ёҳро ҳамд гӯед*, зеро Худоямон Яҳува, Худои Қодири Мутлақ*, подшоҳии Худро сар кардааст! 7  Биёед хурсандӣ кунем ва ба ваҷд оем, Ӯро ҷалол диҳем, зеро тӯйи Барра фаро расидааст ва арӯси ӯ худро тайёр кардааст. 8  Бале, ба ӯ иҷозат дода шудааст, ки катони* дурахшони тозаву аълосифат пӯшад, зеро катони аълосифат рамзи рафтори дурусти муқаддасон аст». 9  Фаришта ба ман гуфт: «Бинавис: хушбахтанд касоне, ки ба базми арӯсии Барра даъват шудаанд». Ва боз гуфт: «Ин суханони Худо мебошанд ва ҳақ ҳастанду рост». 10  Он гоҳ ман пеши пойҳои фаришта афтодам, то ба ӯ саҷда кунам, вале ӯ ба ман гуфт: «Ҳаргиз ин тавр накун! Ман ҳам мисли ту ва бародаронат, ки дар бораи Исо шаҳодат медиҳанд, ғулом ҳастам. Ба Худо саҷда кун, зеро мақсад аз пешгӯйиҳо ин аст, ки дар бораи Исо шаҳодат дода шавад*». 11  Сипас ман нигоҳ карда, осмони кушода ва аспи сафедеро дидам. Номи савори он Вафодор ва Ҳақ аст ва ӯ аз рӯйи адолат доварӣ мекунад ва меҷангад. 12  Чашмони ӯ мисли алангаи оташ аст ва ӯ бар сар тоҷҳои бисёр дорад. Ӯ номи навиштае дорад, ки онро, ғайр аз худаш, ҳеҷ кас намедонад. 13  Он савор либоси хунолуде дорад* ва Каломи Худо номида мешавад. 14  Ва аз пайи ӯ лашкарҳои осмонӣ, савори аспҳои сафед, равона буданд. Онҳо дар тан катони сафеди тозаву аълосифат доштанд. 15  Аз даҳони ӯ шамшери дарози тез берун меояд, то бо он халқҳоро нобуд кунад, ва ӯ онҳоро бо асои оҳанин чӯпонӣ хоҳад кард. Ӯ ҳамчунин ангуреро, ки дар чархушти* хашму ғазаби Худои Қодири Мутлақ* аст, пойкӯб мекунад. 16  Бар либоси ӯ, бар ронаш, номе навишта шудааст: Подшоҳи подшоҳон ва Сарвари сарварон. 17  Ҳамчунин ман фариштаеро дидам, ки дар миёнаи офтоб меистод. Ӯ ба ҳамаи паррандагоне, ки дар осмон парвоз мекарданд, бо овози баланд фарёд зада гуфт: «Ба ин ҷо биёед ва ба зиёфати калони Худо ҷамъ шавед, 18  то ҷасадҳои подшоҳон, мириҳазорон, шахсони пурзӯр, аспону саворони онҳо ва ҷасадҳои ҳамаи одамон: озодону ғуломон ва хурдону бузургонро бихӯред». 19  Ва ман ҳайвони ваҳшӣ ва подшоҳони рӯйи заминро бо лашкарҳошон дидам, ки ҷамъ омада буданд, то бо савори асп ва лашкари ӯ биҷанганд. 20  Ҳайвони ваҳшӣ ва бо вай пайғамбари бардурӯғ дастгир шуданд. Ин пайғамбар дар пеши вай мӯъҷизаҳо нишон дода касонеро, ки аломати ҳайвони ваҳширо қабул кардаанд ва ба ҳайкали вай саҷда мекунанд, гумроҳ мекард. Ҳар дуи онҳо зинда ба зинда ба кӯли оташ, ки дар он сулфур* месӯхт, партофта шуданд. 21  Боқимондагон бошанд, бо шамшери дарозе, ки аз даҳони савори асп берун меомад, кушта шуданд. Ва ҳамаи паррандагон аз ҷасадҳои онҳо сер гаштанд.

Эзоҳҳо

Ё «Ҳалелуёҳ»; «Ёҳ» шакли кӯтоҳи номи Яҳува мебошад.
Юн. «порнейа». Ниг. ба луғат.
Ё «Ҳалелуёҳ»; «Ёҳ» шакли кӯтоҳи номи Яҳува мебошад.
Ниг. ба луғат.
Ё «Ҳалелуёҳ»; «Ёҳ» шакли кӯтоҳи номи Яҳува мебошад.
Ё «Ҳалелуёҳ»; «Ёҳ» шакли кӯтоҳи номи Яҳува мебошад.
Яъне Худое, ки соҳиби қудрати бепоён аст.
Матое, ки аз нахи пояи зағир бофта мешавад.
Ё «зеро пешгӯйиҳо илҳом бахшида шудаанд, то дар бораи Исо шаҳодат диҳанд».
Ё эҳтимол «либосе дорад, ки бар он хун пошида шудааст».
Ҳавзи махсус барои фишурдани ангур.
Яъне Худое, ки соҳиби қудрати бепоён аст.
Яъне кибрит.