Ваҳй 15:1-8

  • Ҳафт фаришта ва ҳафт бало (18)

    • Суруди Мӯсо ва Барра (3, 4)

15  Ман дар осмон аломати дигаре дидам, ки бузург ва аҷоиб буд: ҳафт фаришта ҳафт бало доштанд. Инҳо балоҳои охиринанд, зеро ба воситаи онҳо ғазаби Худо паст мешавад. 2  Ва ман чизеро ба монанди баҳри шишагине, ки бо оташ омехта буд, ва касонеро, ки бар ҳайвони ваҳшӣ, ҳайкали он ва рақами номи он ғолиб омада буданд, дидам. Онҳо чангҳои* Худо дар даст назди баҳри шишагин меистоданд 3  ва суруди Мӯсо, бандаи Худо, ва суруди Барраро сароида мегуфтанд: «Бузург ва аҷоиб аст корҳои Ту, эй Яҳува, Худои Қодири Мутлақ*! Одилона ва ҳаққанд роҳҳои Ту, эй Подшоҳи ҷовид! 4  Кист, ки аз Ту натарсад, эй Яҳува, ва номи Туро ҷалол надиҳад? Зеро танҳо Ту содиқ ҳастӣ. Ҳамаи халқҳо омада, дар пеши Ту саҷда мекунанд, зеро амрҳои одилонаи Ту маълум шудаанд». 5  Пас аз ин ман дидам, ки дар осмон ҷойи муқаддаси хаймаи шаҳодат кушода шуд 6  ва аз маъбад ҳафт фариштае баромаданд, ки ҳафт бало доштанд. Онҳо либоси катони* тозаи дурахшон дар бар карда, қафаси синаашон бо матои тиллоӣ баста шуда буд. 7  Яке аз чор каррубиён* ба ҳафт фаришта ҳафт косаи тиллои пур аз ғазаби Худоро, ки то абад зинда аст, дод. 8  Ва аз боиси ҷалоли Худо ва қуввати Ӯ маъбад аз дуд пур шуд ва, то даме ки ҳафт балои ҳафт фаришта анҷом наёфт, ҳеҷ кас ба маъбад даромада натавонист.

Эзоҳҳо

Як навъ асбоби мусиқии тордор.
Яъне Худое, ки соҳиби қудрати бепоён аст.
Матое, ки аз нахи пояи зағир бофта мешавад.
Ниг. ба луғат.