Ваҳй 13:1-18

  • Ҳайвони ваҳшие, ки ҳафт калла дорад (110)

  • Ҳайвони ваҳшие, ки ду шох дорад (1113)

  • Ҳайкали ҳайвони ваҳшии ҳафткалла (14, 15)

  • Аломат ва рақами ҳайвони ваҳшӣ (1618)

13  Аждаҳо бар реги баҳр истод. Сипас ман ҳайвони ваҳшиеро дидам, ки аз баҳр берун меомад. Вай даҳ шох ва ҳафт калла дошт ва дар шохҳояш даҳ тоҷу бар каллаҳояш номҳои куфромез навишта шуда буданд. 2  Он ҳайвони ваҳшие, ки ман дидам, мисли паланг буд, пойҳояш чун пойи хирс ва даҳонаш чун даҳони шер. Аждаҳо ба ин ҳайвони ваҳшӣ қуввати худ, тахти худ ва қудрати бузурге дод. 3  Ман дидам, ки яке аз каллаҳои вай гӯё ба дараҷаи марговар захмдор шудааст, вале захми марговари он шифо ёфт. Ва тамоми сокинони замин ба ваҷд омада, аз пайи ҳайвони ваҳшӣ равона шуданд. 4  Одамон ба аждаҳо саҷда карданд, зеро вай ба ҳайвони ваҳшӣ қудрат дод. Онҳо ҳамчунин ба ҳайвони ваҳшӣ саҷда карда, гуфтанд: «Кӣ ба ҳайвони ваҳшӣ баробар шуда метавонад ва кӣ бо вай ҷангида метавонад?» 5  Ва ба он ҳайвон даҳоне дода шуд, ки суханони ҳавобаландона ва куфромез гӯяд, ва қудрат дода шуд, то чилу ду моҳ амал кунад. 6  Вай даҳонашро кушод, то дар ҳаққи Худо, номи Ӯ ва маскани Ӯ, яъне сокинони осмон, куфр гӯяд. 7  Ба он ҳайвон иҷозат дода шуд, ки бо муқаддасон ҷанг кунад ва бар онҳо ғолиб ояд. Ҳамчунин ба вай қудрат дода шуд, ки бар ҳар қабила, халқ, забон ва миллат ҳукмронӣ кунад. 8  Ҳамаи сокинони замин он ҳайвонро ибодат хоҳанд кард. Ва аз пайдоиши ҷаҳон* номи ҳеҷ яки онҳо дар дастхати ҳаёт навишта нашудааст. Он дастхат аз они Барра аст, ки кушта шуда буд. 9  Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бигзор шунавад. 10  Ҳар касе, ки ба асирӣ афтоданаш лозим бошад, ба асирӣ меафтад. Ҳар кӣ бо шамшер кушад*, бояд бо шамшер кушта шавад. Дар ин ҷо ба муқаддасон истодагарӣ ва имон лозим аст. 11  Сипас ман ҳайвони ваҳшии дигареро дидам, ки аз замин мебаромад. Вай мисли барра ду шох дошт, вале чун аждаҳо сухан мегуфт. 12  Ин ҳайвон тамоми қудрати ҳайвони ваҳшии якумро дар пеши назари вай истифода бурда, замину сокинони онро маҷбур мекунад, то ҳайвони якумро, ки захми марговараш шифо ёфта буд, ибодат кунанд. 13  Вай дар пеши назари одамон аломатҳои бузурге ба амал меоварад ва ҳатто тавре мекунад, ки оташ аз осмон ба замин фурӯ резад. 14  Ин ҳайвон сокинони заминро гумроҳ мекунад, зеро ба ӯ иҷозат дода шуд, ки дар пеши назари ҳайвони ваҳшии якум аломатҳо ба амал орад. Вай ҳамчунин ба сокинони замин мегӯяд, ки ҳайкали ҳайвони ваҳшиеро, ки аз шамшер захмдор шуда, зинда мондааст, бисозанд. 15  Ба ҳайвони ваҳшие, ки ду шох дошт, иҷозат дода шуд, то ба ҳайкали ҳайвони ваҳшии якум ҳаёт* бахшад, ва он сухан гӯяду сабаби кушта шудани ҳамаи онҳое гардад, ки ба вай саҷда намекунанд. 16  Ҳайвони ваҳшии дуюм ҳамаи одамон — хурдон ва бузургон, сарватдорон ва камбағалон, озодон ва ғуломонро маҷбур мекунад, ки ба дасти рост ё пешониашон аломат гиранд, 17  то ҳеҷ кас харидаву фурӯхта натавонад, ғайр аз касе, ки аломат, яъне номи ҳайвони ваҳшии якум ё рақами номи вайро дорад. 18  Дар ин ҷо хирад лозим аст: ҳар кӣ фаҳмиш дорад, бигзор рақами ҳайвони ваҳширо ҳисоб кунад, зеро ин рақами одамизод аст, ва рақами он шашсаду шасту шаш мебошад.

Эзоҳҳо

Ин ба вақте ишора мекунад, ки Одаму Ҳавво фарзанддор шуданд.
Ё эҳтимол «Ҳар киро бо шамшер куштан лозим бошад».
Дар матни аслӣ «нафас».