Ваҳй 11:1-19

  • Ду шоҳид (113)

    • Пешгӯйӣ дар давоми 1260 рӯз (3)

    • Кушта шудани ду шоҳид ва ба қабр нагузоштани онҳо (710)

    • Эҳё шудан баъд аз сею ним рӯз (11, 12)

  • Мусибати дуюм гузашт, сеюмаш меояд (14)

  • Карнайи ҳафтум (1519)

    • Подшоҳии Худованди мо ва Масеҳи Ӯ (15)

    • Нобудкунандагони замин нобуд мешаванд (18)

11  Ба ман қамише дода шуд, ки дарозиаш ба дарозии асо* баробар буд, ва овозеро шунидам, ки чунин гуфт: «Бархез, маъбади* Худо ва қурбонгоҳро чен кун ва касонеро, ки дар он ҷо ибодат мекунанд, шумор. 2  Вале ҳавлии маъбадро чен накун, зеро он ба халқҳои дигар дода шудааст ва онҳо шаҳри муқаддасро чилу ду моҳ поймол хоҳанд кард. 3  Ман ду шоҳиди худро мефиристам ва онҳо палос пӯшида, ҳазору дусаду шаст рӯз пешгӯйӣ мекунанд». 4  Он ду шоҳид, ки ду дарахти зайтун ва ду чароғпоя онҳоро тасвир мекунанд, дар пеши Сарвари замин истодаанд. 5  Агар касе ба онҳо зарар расондан хоҳад, аз даҳонашон оташ мебарояд ва душманони онҳоро фурӯ мебарад. Ҳар касе, ки ба онҳо зарар расондан хоҳад, ҳамин тавр кушта мешавад. 6  Ин шахсон қудрат доранд, ки осмонро банданд, то дар рӯзҳое, ки онҳо пешгӯйӣ мекунанд, борон наборад ва ҳамчунин қудрат доранд, ки обҳоро ба хун табдил диҳанд ва ҳар вақте ки хоҳанд, заминро ба ҳар гуна балоҳо гирифтор кунанд.  Вақте ки онҳо шаҳодат доданро ба охир мерасонанд, ҳайвони ваҳшие, ки аз чоҳи бетаг мебарояд, бо онҳо ҷангида ғолиб меояд ва онҳоро мекушад. 8  Ҷасадҳои онҳо дар кӯчаи калони шаҳри бузург, ки ба маънои маҷозӣ Садӯм ва Миср номида мешавад, дар он ҷое, ки Ҳазраташон дар сутун ба қатл расонида шуда буд, мехобанд. 9  Ва одамон аз халқҳо, қабилаҳо, забонҳо ва миллатҳои гуногун ба ҷасадҳои онҳо сею ним рӯз нигоҳ мекунанд ва намемонанд, ки ҷасадҳои онҳоро ба қабр гузоранд. 10  Сокинони замин аз мурдани онҳо хурсанд шуда, инро ҷашн мегиранд ва ба якдигар тӯҳфаҳо мефиристанд, зеро ин ду пайғамбар онҳоро азоб медоданд. 11  Пас аз сею ним рӯз рӯҳи ҳаёт аз ҷониби Худо ба ин ду шоҳид дохил шуд ва онҳо ба по хестанд ва касонеро, ки онҳоро диданд, тарси азиме фаро гирифт. 12  Ва онҳо овози баландеро аз осмон шуниданд, ки мегуфт: «Ба ин ҷо бароед». Пас аз ин онҳо дар пеши назари душманонашон дар абр ба осмон бурда шуданд. 13  Дар он соат заминҷунбии сахте ба амал омад ва даҳяки шаҳр нобуд шуд. Ҳафт ҳазор нафар дар заминҷунбӣ мурданд, боқимондагон бошанд, ба тарсу ҳарос афтоданд ва Худои осмонро ҷалол доданд. 14  Мусибати дуюм гузашт. Вале ба зудӣ мусибати сеюм меояд. 15  Фариштаи ҳафтум карнай навохт. Ва аз осмон садоҳои баланде шунида шуданд, ки мегуфтанд: «Акнун қудрати бар ҷаҳон подшоҳӣ кардан дар дасти Худованди мо ва Масеҳи Ӯст. Ва Худо чун подшоҳ то абад ҳукмронӣ хоҳад кард». 16  Он гоҳ бисту чор пир, ки бар тахтҳои худ дар пеши Худо менишастанд, зону зада ба Худо саҷда карданд 17  ва гуфтанд: «Эй Яҳува, Худои Қодири Мутлақ*, Оне, ки ҳаст ва буд, Туро шукр мегӯем, зеро қудрати бузургатро ба дасти Худ гирифта, подшоҳиро сар кардӣ. 18  Вале халқҳо ба хашм омаданд ва Ту ғазаби Худро бар онҳо фурӯ рехтӣ ва вақти муқарраршуда фаро расид, то мурдагон доварӣ карда шаванд, бандагонат пайғамбарон, муқаддасон ва касоне, ки аз номи Ту метарсанд, ҳам хурдону ҳам бузургон, мукофот гиранд ва нобудкунандагони замин нобуд гарданд». 19  Ва дар осмон маъбади* Худо кушода шуду сандуқи аҳд намоён гардид. Он гоҳ овозҳо шунида шуданд, раъду барқ ва заминҷунбӣ ба амал омад ва жолаи бузург борид.

Эзоҳҳо

Ё «асое, ки барои ченкунӣ истифода мешуд».
Ин ҷо қисми асосии бинои маъбад дар назар дошта шудааст, ки Ҷойи муқаддас ва Ҷойи муқаддастаринро дар бар мегирифт.
Яъне Худое, ки соҳиби қудрати бепоён аст.
Ин ҷо Ҷойи муқаддастарини маъбад дар назар дошта шудааст.