Аъмол 3:1-26

  • Петрус гадои лангро шифо медиҳад (110)

  • Нутқи Петрус дар роҳрави Сулаймон (1126)

    • Барқарор кардани ҳама чиз (21)

    • Пайғамбаре мисли Мӯсо (22)

3  Боре, ҳангоме ки Петрус ва Юҳанно соатҳои сеи рӯз*, дар вақти дуогӯйӣ, ба маъбад наздик мешуданд, 2  одамон мардеро, ки ланги модарзод буд, бардошта меоварданд. Он мардро ҳар рӯз назди дари маъбад, ки Базеб ном дошт, мегузоштанд, то ӯ аз онҳое, ки ба он ҷо меомаданд, садақа пурсад.  Вақте ӯ дид, ки Петрусу Юҳанно ба маъбад даромаданианд, аз онҳо садақа пурсид. 4  Вале Петрусу Юҳанно рост ба он мард нигоҳ карданд ва Петрус ба вай гуфт: «Ба мо нигоҳ кун». 5  Он гоҳ ӯ, бо умеди он ки аз онҳо чизе мегирад, ба тарафашон бодиққат нигоҳ кард.  Петрус бошад, гуфт: «Ман нуқра ва тилло надорам, лекин он чӣ дорам, ба ту медиҳам: ба номи Исои Масеҳи носирӣ аз ҷоят хезу роҳ рав!» 7  Баъд аз ин суханон вай аз дасти рости мард гирифта, ӯро ба по хезонд. Ҳамон замон пойҳояш қувват гирифтанд 8  ва ӯ аз ҷояш парида хесту ба роҳ гаштан сар кард. Он мард роҳравон, ҷастухезкунон ва Худоро ҳамдгӯён бо онҳо ба маъбад даромад. 9  Тамоми мардум диданд, ки ӯ роҳ меравад ва Худоро ҳамду сано мегӯяд. 10  Онҳо ин мардро, ки дар пеши дарвозаи Базеб нишаста, садақа мепурсид, шинохтанд ва аз он чӣ бо ӯ рӯй дода буд, сахт дар ҳайрат монданд. 11  Вақте ки он мард аз дасти Петрус ва Юҳанно дошта меистод, тамоми мардум ҳайрон шуда ба назди онҳо, ба роҳрави сутундоре, ки роҳрави Сулаймон ном дошт, давида омаданд. 12  Петрус инро дида ба онҳо чунин гуфт: «Эй мардони Исроил, чаро ин қадар ба ҳайрат омадед ва чаро ба мо тавре нигоҳ мекунед, ки гӯё мо бо қудрати худ шифо дода бошем ё худотарсиамон сабаби роҳ гаштани ин шахс шуда бошад? 13  Худои Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб, Худои падаронамон, Хизматгораш Исоро ҷалол дод. Шумо бошед, Исоро ба марг супурдед ва дар пеши Пилотус, ки мехост ӯро озод кунад, аз вай рӯ гардондед. 14  Бале, шумо аз шахси муқаддас ва росткор рӯ гардонда, озод кардани шахсеро хоҳиш кардед, ки одамкуш буд, 15  Роҳнамои ҳаётро бошад, куштед. Аммо Худо ӯро аз мурдагон зинда кард ва мо шоҳиди ин ҳастем. 16  Ба воситаи номи Исо ва ба воситаи имоне, ки ба номи ӯ дорем, ин марде, ки шумо мебинед ва мешиносед, қувват гирифт. Имоне, ки ба туфайли Исо дорем, ин шахсро дар пеши назари ҳамаи шумо пурра сиҳат кард. 17  Лекин, эй бародарон, медонам, ки шумо ҳам мисли роҳбарони худ ин корро аз рӯйи нодонӣ кардед. 18  Аммо Худо бо ин роҳ он чиро, ки пешакӣ ба воситаи ҳамаи пайғамбарон гуфта буд, ба амал овард, яъне онро, ки Масеҳи Ӯ азобу уқубат мекашад. 19  Пас, тавба кунед ва сӯйи Худо баргардед, то гуноҳҳои шумо шуста шаванду айёме, ки аз Яҳува боз қувваи тару тоза мегиред, фаро расад 20  ва Ӯ Масеҳи барои шумо таъйиншуда — Исоро, фиристад. 21  Ин Исо бояд то замони барқарор сохтани ҳама чизҳо дар осмон нигоҳ дошта шавад, ҳамон тавре ки Худо ба воситаи пайғамбарони муқаддаси даврони қадим пешгӯйӣ карда буд. 22  Мӯсо гуфта буд: “Худованд Яҳува барои шумо аз байни бародаронатон пайғамбареро мисли ман ба миён меорад. Ҳар он чиро, ки ӯ ба шумо мегӯяд, гӯш кунед. 23  Ҳар касе, ки ба он пайғамбар гӯш намедиҳад, аз миёни қавми худ нест карда мешавад”. 24  Ҳамчунин ҳамаи пайғамбарон, аз Самуил сар карда то онҳое, ки баъд аз ӯ ба миён омаданд, кушоду равшан ин айёмро эълон карда буданд. 25  Шумо писарони он пайғамбарон ва аҳде ҳастед, ки Худо бо падаронатон баста буд, ҳангоме ки ба Иброҳим чунин гуфт: “Ба воситаи насли ту тамоми халқҳои* рӯйи замин баракат меёбанд”. 26  Худо Хизматгори Худро ба миён оварда, ӯро аввал назди шумо фиристод, то ҳар яки шуморо аз корҳои бадатон баргардонда, баракат диҳад».

Эзоҳҳо

Дар матни аслӣ «соати нӯҳум [пас аз баромадани офтоб]».
Дар матни аслӣ «оилаҳои».