Аъмол 27:1-44

  • Ба Рум сафар кардани Павлус (112)

  • Тӯфон (1338)

  • Шикастани киштӣ (3944)

27  Вақте қарор дода шуд, ки мо бо киштӣ ба Итолиё равона мешавем, Павлус ва боз якчанд маҳбусро ба Юлиус ном мирисаде супурданд, ки аз дастаи ҳарбии қайсар* буд. 2  Мо ба киштие, ки аз Адрамит омад ва сӯйи бандарҳои соҳили Осиё мерафт, савор шуда, ба роҳ баромадем ва Аристархуси мақдунӣ, ки аз Таслӯникӣ буд, моро ҳамроҳӣ мекард. 3  Рӯзи дигар мо ба Сидӯн расидем ва Юлиус бо Павлус меҳрубонона рафтор карда*, иҷозат дод, ки ба назди дӯстонаш равад, то онҳо нисбати ӯ ғамхорӣ кунанд. 4  Аз он ҷо ба роҳ баромада, мо аз наздикиҳои Кипр шино кардем, зеро он моро аз шамоле, ки ба муқобиламон мевазид, муҳофизат мекард. 5  Сипас бо роҳи баҳр аз наздикиҳои Қилиқия ва Памфилия гузашта, ба бандари Миро, ки дар Ликия ҷойгир аст, расидем. 6  Дар он ҷо мирисад киштии аз Искандария омадаро, ки ба Итолиё мерафт, ёфта, моро ба он савор кард. 7  Сипас рӯзҳои зиёд мо бо суръати суст шино карда, бо азоб ба Қнидӯс расидем. Азбаски шамол барои пеш рафтанамон имконият намедод, мо аз пеши Салмӯн гузашта, дар наздикии Крит шино кардем, зеро он моро аз шамол муҳофизат мекард. 8  Ва бо душворӣ лаб-лаби соҳил шино карда, ба Бандарҳои нек ном ҷое омадем, ки дар назди шаҳри Ласия буд.  Вақти зиёде аз байн гузашт ва акнун дар баҳр шино кардан хатарнок буд, зеро ҳатто рӯзадории тирамоҳӣ* ба анҷом расида буд, бинобар ин Павлус огоҳ карда 10  ба онҳо гуфт: «Ман мебинам, ки ин сафари мо на танҳо ба бор ва киштӣ зарар ва талафоти зиёд меорад, балки ҳаёти моро низ зери хатар мегузорад». 11  Лекин мирисад ба гапи Павлус неву ба суханони киштирон ва соҳиби киштӣ гӯш дод. 12  Азбаски он бандар барои зимистонгузаронӣ мувофиқ набуд, бисёриҳо маслиҳат доданд, ки аз он ҷо бираванд, то шояд ягон илоҷ карда ба Финиқо расанд ва зимистонро дар ин бандари Крит, ки рӯ ба самти шимолу шарқӣ ва ҷанубу шарқӣ аст, гузаронанд. 13  Ҳангоме ки шамоли ҷанубӣ вазид, онҳо гумон карданд, ки муродашон ҳосил шуд, ва лангарро* бардошта, лаб-лаби соҳили Крит шино карданд. 14  Вале дере нагузашта аз самти шимолу шарқ шамоли пурзӯре* бархост. 15  Он чунон бошиддат буд, ки киштӣ дигар ба муқобили он истода натавонист ва мо таслим шуда, ба тарафи вазиши шамол ронда шудем. 16  Сипас шамол киштиро ба назди ҷазираи хурде, ки Кавдо номида мешуд, овард ва, ҳарчанд он моро аз шамол паноҳ мекард, мо қаиқеро*, ки дар ақиби киштӣ буд, базӯр нигоҳ дошта тавонистем. 17  Пас аз он ки қаиқро ба саҳни киштӣ бароварданд, бандҳоро аз таги киштӣ гузаронда, танаи онро бандубаст намуданд ва, аз тарси он ки дар пастоби Сиртис* дармемонанд, банду занҷирҳоро поён кашида, бодбонро хурдтар карданд ва ҳамин тавр киштӣ бо шамол ронда мешуд. 18  Азбаски киштӣ аз шиддати тӯфон ба ҳар сӯ партофта мешуд, онҳо рӯзи дигар бори онро кам кардан гирифтанд. 19  Дар рӯзи сеюм бошад, асбобу анҷоми киштиро бо дастони худ ба баҳр партофтанд. 20  Рӯзҳои зиёд на офтоб намоён мешуду на ситораҳо ва тӯфони сахт ҳеҷ ором намегашт, аз ин рӯ мо оҳиста-оҳиста аз наҷот ёфтан умедамонро кандем. 21  Азбаски онҳое, ки дар киштӣ буданд, муддати дурудароз чизе нахӯрда буданд, Павлус дар байнашон истода, чунин гуфт: «Эй мардон, шумо албатта бояд маслиҳати маро қабул мекардед ва аз Крит ба баҳр намебаромадед ва, азбаски чунин накардед, зарару талафот дидед. 22  Ҳоло бошад, ба шумо мегӯям, ки натарсед, зеро ҳеҷ яке аз шумо ҳалок намегардед, фақат киштӣ талаф мешавад. 23  Имшаб фариштаи Худое, ки ман ба Ӯ хизмат мекунам, ба ман зоҳир шуда, 24  гуфт: “Натарс, эй Павлус! Ту бояд дар пеши қайсар* ҳозир шавӣ ва Худо ҳамчунин ҳамаи онҳоеро, ки бо ту дар киштӣ мебошанд, наҷот медиҳад”. 25  Бинобар ин, эй мардон, натарсед, зеро ман ба Худо боварӣ дорам, ки ҳар он чӣ ба ман гуфта шуд, айнан ба амал меояд. 26  Вале киштии мо дар ҷазирае нобуд мешавад». 27  Вақте ки шаби чордаҳум фаро расид ва мо дар баҳри Адриё ба ҳар тараф ронда мешудем, дар ними шаб маллоҳон пай бурданд, ки киштӣ ба хушкие наздик шуда истодааст. 28  Онҳо чуқурии обро чен карда, муайян намуданд, ки он тақрибан сию шаш метр аст, андак масофаеро гузашта, боз чен карданд ва он тахминан бисту ҳафт метр буд. 29  Онҳо, аз тарси он ки киштӣ ба кӯҳпораҳо бармехӯрад, чор лангарро, ки дар қафои киштӣ буд, ба баҳр андохтанд ва бесаброна дамидани субҳро интизор шуданд. 30  Аммо, вақте маллоҳон аз киштӣ гурехтанӣ шуданд ва бо баҳонаи он ки мехоҳанд аз қисми пеши киштӣ лангарҳоро ба баҳр андозанд, қаиқро поён мефароварданд, 31  Павлус ба мирисад ва сарбозон гуфт: «Агар ин одамон дар киштӣ намонанд, шумо наҷот ёфта наметавонед». 32  Он гоҳ сарбозон бандҳои қаиқро буриданд ва он ба поён афтод. 33  Пеш аз дамидани субҳ Павлус аз ҳамаи онҳо хоҳиш кард, ки хӯрок хӯранд ва гуфт: «Имрӯз чордаҳ рӯз мешавад, ки шумо бо ташвишу изтироб интизорӣ мекашед ва чизе ба даҳон нагирифтаед. 34  Барои ҳамин аз шумо хоҳиш мекунам, ки ягон чиз бихӯред, зеро ин ба манфиати худи шумост. Ба шумо мегӯям, ки ҳатто як тори мӯятон намеафтад». 35  Баъд аз гуфтани ин ӯ нонро гирифта, дар назди ҳамаи онҳо Худоро шукргузорӣ намуд ва нонро шикаста, ба хӯрдан сар кард. 36  Он гоҳ ҳама рӯҳбаланд шуда, каме хӯрок хӯрданд. 37  Дар киштӣ бошад, ҳамагӣ дусаду ҳафтоду шаш нафар буд. 38  Пас аз он ки онҳо сер шуданд, гандумро ба баҳр партофта, киштиро сабук карданд. 39  Вақте ки рӯз шуд, онҳо муайян карда натавонистанд, ки дар назди кадом заминанд, лекин халиҷеро диданд, ки соҳилаш аз рег буд, ва қарор карданд, ки, агар имконият шавад, киштиро ба соҳили он бароранд. 40  Пас, лангарҳоро бурида, ба баҳр партофтанд ва ҳамчунин бандҳои сукконро* сар доданд ва пас аз он бодбони пеши киштиро кушоданд, то шамол киштиро сӯйи соҳил ронад. 41  Вақте онҳо ба пастобе, ки ду тарафашро обҳои баҳр мешуст, бархӯрданд, киштиро дар он ҷо боздоштанд ва қисми пеши он дармонда ноҷунбон монд, вале қафояш бо зарби мавҷҳои пурзӯр шикаста пора-пора шуд. 42  Он гоҳ сарбозон қасди куштани маҳбусонро карданд, то ҳеҷ кадоми онҳо шино карда нагурезад. 43  Лекин мирисад, ки ният дошт Павлусро аз марг наҷот диҳад, онҳоро аз ин кор боздошт. Ӯ ба касоне, ки шино карда метавонистанд, фармон дод, ки худро ба баҳр партоянд ва пеш аз дигарон ба хушкӣ расанд. 44  Дигарон ҳам — баъзеҳо бар тахтаҳо ва баъзеҳо бар шикастапораҳои киштӣ — бояд аз паси онҳо шино мекарданд. Ҳамин тавр, ҳама зиндаю саломат ба соҳил расиданд.

Эзоҳҳо

Дар матни аслӣ «Авғустус».
Ё «инсондӯстӣ зоҳир карда».
Ё «рӯзаи Рӯзи бахшиши гуноҳҳо».
Оҳани вазнини махсуси занҷирдор, ки вақти истодани киштиҳо барои устувор монданашон ба об партофта мешавад.
Юн. «Эвракилон».
Қаиқи хурди иловагие, ки барои наҷот додан истифода бурда мешуд.
Ниг. ба луғат.
Унвони баъзе подшоҳони Руми қадим.
Дастаҳои хурди ақиби киштӣ, ки барои идора кардани он хизмат мекарданд.