Аъмол 24:1-27

  • Айбдор кардани Павлус (19)

  • Павлус худро дар пеши Феликс муҳофизат мекунад (1021)

  • Кори Павлус ба муддати ду сол қафо партофта мешавад (2227)

24  Баъди панҷ рӯз саркоҳин Ҳанониё ҳамроҳи якчанд нафар пирон ва Тартуллӯс ном ҳуқуқшиносе ба Қайсария омад ва онҳо даъвои худро нисбати Павлус ба ҳоким баён карданд.  Вақте Тартуллӯсро даъват намуданд, ӯ ба айбдор кардани Павлус сар карда ба Феликс гуфт: «Ба шарофати ту мо соҳиби сулҳу осоиштагии бузург гаштем ва ба туфайли дурандешиат дар миёни ин халқ дигаргуниҳо ба амал омада истодаанд. 3  Ва мо, эй Феликси мӯҳтарам, ҳама вақт ва дар ҳама ҷо барои ин миннатдории зиёди худро баён мекунем. 4  Вале, барои он ки вақти зиёди туро нагирам, аз ту илтимос мекунам, ки аз рӯйи меҳрубонии худ ба мо гӯш деҳ, то арзи худро кӯтоҳ ба ту гӯем. 5  Мо фаҳмидем, ки ин одам оромиро вайрон мекунад* ва дар байни ҳамаи яҳудиёни рӯйи замин шӯришҳо мебардорад. Ӯ ҳамчунин сардори мазҳаби носириён мебошад. 6  Ӯ маъбадро нопок карданӣ буд, ки мо вайро дастгир кардем. 7  *—— 8  Агар ӯро пурсуҷӯ кунӣ, худат мефаҳмӣ, ки ҳар он чӣ мо барои айбдор кардани ӯ мегӯем, рост аст». 9  Он гоҳ яҳудиён низ ба ӯ ҳамроҳ шуда, ин суханонро тасдиқ карданд. 10  Вақте ки ҳоким ба Павлус бо ишораи сар иҷозат дод, ки сухан гӯяд, ӯ дар ҷавоб гуфт: «Ман нағз медонам, ки ту солҳои зиёд ин халқро доварӣ мекунӣ, бинобар ин барои муҳофизати худ озодона сухан мегӯям. 11  Ту худат аниқ карда метавонӣ, ки аз он вақте, ки ман барои ибодат ба Ерусалим омадам, аз дувоздаҳ рӯз зиёд нагузаштааст. 12  Ва онҳо на бо касе дар маъбад баҳс кардани маро дидаанду на дар ибодатгоҳҳо ё ягон ҷойи дигари шаҳр мардумро ба ошӯб оварданамро. 13  Ҳамчунин онҳо чизҳоеро, ки ҳоло бар зидди ман мегӯянд, исбот карда наметавонанд. 14  Вале дар назди ту иқрор мешавам, ки ман, дар ҳақиқат, мувофиқи тарзи ибодате, ки онҳо “мазҳаби носириён” меноманд, зиндагӣ карда, ба Худои падаронам хизмат мекунам ва ба ҳамаи чизҳои дар Таврот ва Навиштаҳои пайғамбарон гуфташуда боварӣ дорам. 15  Ман ҳам мисли ин шахсон аз Худо умед дорам, ки ҳам росткорон ва ҳам бадкорон дар оянда зинда мешаванд. 16  Аз ин рӯ ҳамеша саъю кӯшиш мекунам, ки дар пеши Худо ва одамон виҷдонамро пок* нигоҳ дорам. 17  Ҳоло ман пас аз солҳои зиёд ба Ерусалим баргаштам, то ба халқи худ хайрияҳоро расонам ва ба Худо ҳадияҳо пешкаш кунам. 18  Вақте ки ин корҳоро ба ҷо меовардам, онҳо маро, ки мувофиқи маросим пок шуда будам, дар маъбад диданд, лекин ман дар атрофам на мардумро ҷамъ оварда будаму на ғавғо мебардоштам. Вале дар он ҷо якчанд нафар яҳудиёне аз Осиё буданд, 19  ки агар дар ҳақиқат даъвое бар зидди ман дошта бошанд, бояд дар пеши ту ҳозир шуда, маро айбдор мекарданд. 20  Ё бигзор худи ин одамон гӯянд, ки ҳангоми дар пеши Шӯрои олии яҳудиён истоданам дар ман чӣ айбе ёфтанд, 21  ғайр аз он ки дар байни онҳо истода, бо овози баланд гуфтам: “Ман имрӯз барои он дар назди шумо доварӣ карда мешавам, ки ба эҳёшавии мурдагон боварӣ дорам!”» 22  Феликс, ки бо ин Роҳ* хеле хуб шинос буд, кори онҳоро ба қафо партофт ва гуфт: «Оиди масъалаи шумо пас аз омадани Лисиёси мириҳазор қарор мебарорам». 23  Сипас ӯ ба мирисад фармуд, ки Павлусро дар ҳабс нигоҳ дорад, лекин каме озодӣ ҳам диҳад ва ба ёру дӯстонаш монеъ нашавад, ки ба наздаш омада, ба ӯ хизмат кунанд. 24  Якчанд рӯз пас Феликс бо ҳамсараш Друсила, ки яҳудӣ буд, омада, Павлусро даъват намуд ва суханони ӯро дар бораи имоне, ки ба Исои Масеҳ* дошт, шунид. 25  Аммо, вақте ки Павлус дар бораи росткорӣ, худдорӣ ва доварии оянда сухан гуфт, Феликс ба тарсу ҳарос афтод ва ҷавоб дод: «Ҳоло рав, ҳамин ки имкон ёбам, боз кас фиристода, туро даъват мекунам». 26  Дар айни ҳол ӯ умедвор буд, ки Павлус ба ӯ пул медиҳад. Аз ҳамин сабаб тез-тез вайро ба наздаш даъват намуда, бо ӯ сӯҳбат мекард. 27  Лекин пас аз гузаштани ду сол ҷойи Феликсро Поркиюс Фестус гирифт. Феликс бошад, ки дили яҳудиёнро ёфтан мехост, Павлусро дар ҳабсхона нигоҳ медошт.

Эзоҳҳо

Дар матни аслӣ «ин мард вабо аст».
Ин оят дар дастхатҳои қадимӣ вонамехӯрад ва, аз афташ, қисми Навиштаҳои илҳомбахшида нест.
Ё «бенуқсон».
Ё «тариқат». Зери ин калима тарзи ҳаёт ва таълимоти масеҳӣ дар назар дошта шудааст.
Дар матни аслӣ «Масеҳ Исо».