Аъмол 23:1-35

  • Дар пеши Шӯрои олии яҳудиён гап задани Павлус (110)

  • Ҳазрат Павлусро қувват мебахшад (11)

  • Нақшаи куштани Павлус (1222)

  • Павлус ба Қайсария бурда мешавад (2335)

23  Павлус ба Шӯрои олии яҳудиён нигоҳ карда, гуфт: «Эй бародарон, ман то ба имрӯз дар назди Худо бо виҷдони пок рафтор кардаам». 2  Он гоҳ саркоҳин Ҳанониё ба касоне, ки дар назди Павлус меистоданд, фармон дод, ки ба даҳони ӯ зананд. 3  Павлус ба ӯ гуфт: «Худо туро мезанад, эй девори сафедшуда! Оё ту маро мувофиқи Шариат доварӣ мекуниву ҳамзамон Шариатро вайрон карда, фармон медиҳӣ, ки маро зананд?» 4  Касоне, ки дар назди ӯ истода буданд, гуфтанд: «Ту саркоҳини Худоро дашном медиҳӣ?» 5  Павлус гуфт: «Эй бародарон, ман намедонистам, ки ӯ саркоҳин аст, зеро навишта шудааст: “Роҳбари халқи худро дашном надеҳ”».  Вақте Павлус фаҳмид, ки як қисми Шӯрои олӣ саддуқиёнанд ва қисми дигараш фарисиён, бо овози баланд гуфт: «Эй бародарон, ман фарисӣ ва фарзанди фарисӣ ҳастам. Маро барои умеде, ки ба эҳёшавӣ дорам, доварӣ карда истодаанд». 7  Баъд аз ин суханон дар байни фарисиён ва саддуқиён баҳсу мунозира ба амал омад ва ҷамъомадагон ба ду гурӯҳ ҷудо шуданд. 8  Зеро саддуқиён мегӯянд, ки на эҳёшавӣ вуҷуд дорад, на фариштагон ва на офаридаҳои рӯҳӣ, фарисиён бошанд, ба мавҷудияти ин чизҳо боварӣ доранд*. 9  Пас, шӯру ғавғое ба миён омад ва баъзе шариатдононе, ки фарисӣ буданд, аз ҷой хеста, бо хашму ғазаб баҳсу мунозира бардоштанд ва чунин гуфтанд: «Мо дар ин одам ҳеҷ айбе намебинем, вале, агар бо ӯ офаридаи рӯҳӣ ё фариштае сухан гуфта бошад...» 10  Вақте ки муноқишаи онҳо авҷ гирифт, мириҳазор аз тарси он ки Павлусро пора-пора мекунанд, ба сарбозон фармон дод, ки поён фароянд ва ӯро аз байни онҳо зуд бароварда, ба сарбозхона биёранд. 11  Худи ҳамон шаб Ҳазратамон ба Павлус зоҳир шуда, гуфт: «Далер бош! Чи тавре ки дар Ерусалим дар бораи ман пурра шаҳодат додӣ, дар Рум низ бояд ҳамон тавр кунӣ». 12  Вақте рӯз шуд, яҳудиён нақшаи куштани Павлусро кашиданд ва қасам хӯрданд, ки то ин корро накунанд, чизе ба даҳонашон намегиранд. 13  Шумораи касоне, ки қасам хӯрда буданд, аз чил нафар зиёд буд. 14  Онҳо ба назди коҳинони калон ва пирон рафта, чунин гуфтанд: «Мо қасам хӯрдем, ки то Павлусро накушем, ҳеҷ чиз намехӯрем. 15  Бинобар ин шумо ҳамроҳи Шӯрои олии яҳудиён пурратар дида баромадани масъалаи Павлусро баҳона карда ба мириҳазор гӯед, ки ӯро ба наздатон биёрад. Ва мо тайёр мешавем, ки ӯро, пеш аз он ки ба назди шумо омада расад, бикушем». 16  Аммо ҷияни* Павлус аз қасди бади онҳо огоҳӣ ёфта ба сарбозхона омад ва дар ин бора ба Павлус хабар дод. 17  Павлус бошад, яке аз мирисадҳоро ҷеғ зада, гуфт: «Ин ҷавонро ба назди мириҳазор бар, чунки ӯ ба вай чизе гуфтан мехоҳад». 18  Он гоҳ мирисад ӯро гирифта, ба назди мириҳазор бурд ва гуфт: «Павлуси зиндонӣ маро ҷеғ зада, хоҳиш кард, ки ин ҷавонро ба наздат орам, зеро ӯ ба ту чизе гуфтан мехоҳад». 19  Мириҳазор ӯро аз дасташ гирифта, ба як тараф бурд ва пурсид: «Ту ба ман чӣ гуфтанӣ ҳастӣ?» 20  Он ҷавон гуфт: «Яҳудиён забон як карданд, ки пурратар дида баромадани масъалаи Павлусро баҳона карда аз ту хоҳиш мекунанд, ки пагоҳ ӯро ба назди Шӯрои олии яҳудиён биёрӣ. 21  Аммо ту ба гапашон гӯш надеҳ, зеро зиёда аз чил нафари онҳо камин гирифтаанд, то Павлусро кушанд: онҳо қасам хӯрдаанд, ки то ин корро накунанд, чизе ба даҳон намегиранд. Ҳоло онҳо тайёр шуда, иҷозати туро интизоранд». 22  Он гоҳ мириҳазор ҷавонро ҷавоб дода, фармуд: «Ба ҳеҷ кас нагӯй, ки ту маро аз ин хабардор кардӣ». 23  Баъд ӯ ду мирисадро даъват намуда, гуфт: «Дусад нафар сарбоз, ҳафтод савора ва дусад найзадорро тайёр кунед, то ки соатҳои нӯҳи шаб* рост ба Қайсария равона шаванд. 24  Ҳамчунин аспҳоро омода кунед, то Павлусро савор карда, сиҳату саломат ба назди Феликси ҳоким расонед». 25  Ва ӯ чунин номае навишт: 26  «Ман, Клавдиюс Лисиёс, ба ҷаноби мӯҳтарам, Феликси ҳоким, саломи худро мерасонам. 27  Яҳудиён ин одамро дастгир карда, куштанӣ буданд, вале ман дарҳол ҳамроҳи сарбозонам омада, ӯро халос кардам, зеро фаҳмидам, ки ӯ шаҳрванди Рум аст. 28  Барои аниқ кардани он ки ин одамро дар чӣ айбдор мекунанд, ӯро ба Шӯрои олии онҳо овардам. 29  Ман фаҳмидам, ки вай дар масъалаҳое айбдор карда мешавад, ки бо Шариаташон алоқаманд аст, вале ӯ ҳеҷ коре накардааст, ки сазовори марг ё ҳабс бошад. 30  Аммо, вақте фаҳмидам, ки онҳо қасди куштанашро доранд, дарҳол ӯро ба назди ту фиристодам ва ба даъвогаронаш фармудам, ки шикояти худро дар пеши ту баён кунанд». 31  Сарбозон, чуноне ки ба онҳо фармуда шуд, Павлусро гирифта, шабона ба Антипотрис оварданд. 32  Рӯзи дигар онҳо Павлусро ҳамроҳи сарбозони аспсавор равона карда, худашон ба сарбозхона баргаштанд. 33  Сарбозони савора ба Қайсария дохил шуда, номаро ба ҳоким супурданд ва ҳамчунин ба пеши ӯ Павлусро ҳозир карданд. 34  Пас аз хондани нома ҳоким аз кадом вилоят будани Павлусро пурсид. Вақте аз Қилиқия будани ӯро фаҳмид, 35  гуфт: «Пас аз омадани даъвогаронат масъалаи туро бодиққат дида мебароям». Ва ӯ фармон дод, ки Павлусро дар қасри Ҳиродус ҷойгир намуда, посбонӣ кунанд.

Эзоҳҳо

Ё «вуҷуд доштани ин чизҳоро ошкоро эътироф мекунанд».
Ё «хоҳарзодаи».
Дар матни аслӣ «соати сеюм [пас аз нишастани офтоб]».