Аъмол 21:1-40

  • Азми сафар ба Ерусалим (114)

  • Ба Ерусалим омадани Павлус (1519)

  • Павлус ба маслиҳати пирон гӯш медиҳад (2026)

  • Бесарусомонӣ дар маъбад; дастгир шудани Павлус (2736)

  • Ба Павлус иҷозат дода мешавад, ки ба мардум гап занад (3740)

21  Ниҳоят, вақте мо аз бародарон дил канда, бо онҳо хайрухуш намудем, бо киштӣ рост ба Кос омадем, рӯзи дигар бошад, ба Рудс ва аз он ҷо ба Потра равона шудем. 2  Дар он ҷо киштиеро, ки ба Финиқия мерафт, ёфта, ба он савор шудем ва ба роҳ баромадем.  Вақте ҷазираи Кипр ба назар намоён шуд, мо онро аз тарафи чапи худ монда, сӯйи Сурия шино кардем ва дар Сӯр, ки он ҷо киштӣ бояд борашро мефаровард, лангар* андохтем. 4  Мо шогирдонро ёфта, ҳафт рӯз дар он ҷо мондем. Аммо онҳо ба воситаи рӯҳ гаштаву баргашта ба Павлус мегуфтанд, ки ба Ерусалим наравад. 5  Чун вақти рафтанамон расид, мо ба роҳ баромадем. Ҳамаи онҳо бо занону кӯдакон моро то беруни шаҳр гусел карданд. Дар соҳили баҳр мо зону зада, дуо гуфтем 6  ва бо якдигар хайрухуш карда, ба киштӣ савор шудем, онҳо бошанд, ба хонаҳояшон баргаштанд. 7  Аз Сӯр баромада, бо киштӣ ба Птолимус омадем ва дар он ҷо бо бародарон вохӯрда, як рӯз дар назди онҳо истодем. 8  Рӯзи дигар ба роҳ баромада, ба Қайсария омадем ва ба хонаи Филиппуси воиз, ки яке аз ҳафт нафар буд, даромада, бо ӯ мондем. 9  Ӯ чор духтари бокирае* дошт, ки пешгӯйӣ мекарданд. 10  Баъд аз он ки мо рӯзҳои зиёд дар он ҷо будем, аз Яҳудия Оғобус ном пайғамбаре омад. 11  Вақте ӯ ба назди мо омад, миёнбанди Павлусро гирифта, дасту пойи худро басту гуфт: «Рӯҳи муқаддас чунин мегӯяд: “Дар Ерусалим яҳудиён соҳиби ин миёнбандро ҳамин тавр баста, ба дасти халқҳои дигар месупоранд”». 12  Вақте инро шунидем, мо ва онҳое, ки дар он ҷо буданд, аз Павлус илтиҷо кардем, ки ба Ерусалим наравад. 13  Павлус дар ҷавоб гуфт: «Чаро шумо чунин мекунед? Чаро бо гиряҳои худ азми маро суст мегардонед*? Бидонед, ки ба хотири номи Ҳазратамон Исо ман тайёрам дар Ерусалим на танҳо занҷирбанд шавам, балки ҳатто бимирам». 14  Чун ба гапи мо надаромад, дигар муқобилат накардем* ва гуфтем: «Бигзор хости Яҳува шавад». 15  Баъд аз он рӯзҳо мо ба сафар тайёр шуда, сӯйи Ерусалим равона гаштем. 16  Баъзеи шогирдон, ки аз Қайсария буданд, ҳамроҳамон рафтанд, то моро ба хонаи Маносӯн ном марде аз Кипр, ки яке аз шогирдони аввалин буд, баранд ва мо дар хонаи ӯ меҳмон шавем. 17  Вақте ба Ерусалим омадем, бародарон моро бо хурсандӣ қабул карданд. 18  Рӯзи дигар Павлус бо мо ба назди Яъқуб рафт, ки он ҷо тамоми пирон ҷамъ омада буданд. 19  Пас аз салому алейк ӯ дар бораи корҳое, ки Худо ба воситаи хизматаш дар байни халқҳои дигар карда буд, аз як сар нақл кард. 20  Инро шунида онҳо Худоро ҷалол доданд ва ба ӯ гуфтанд: «Эй бародар, ту медонӣ, ки чандин ҳазор яҳудиён имон овардаанд ва ҳамаи онҳо бо ҷидду ҷаҳд Шариатро риоя мекунанд. 21  Аммо ба гӯши онҳо овозае расидааст, ки ту ба тамоми яҳудиёне, ки дар байни халқҳои дигар умр ба сар мебаранд, мегӯӣ, ки фарзандонашонро хатна накунанд ва расму оинро ба ҷо наоранд, ва ҳамин тавр онҳоро таълим медиҳӣ, ки аз Шариати Мӯсо рӯй гардонанд. 22  Пас, чӣ кор кунем? Охир, онҳо дар бораи омадани ту ҳатман мефаҳманд. 23  Бинобар ин чунин бикун: дар байни мо чор нафаре ҳастанд, ки назр кардаанд. 24  Ин мардонро бо худ гирифта, якҷоя бо онҳо маросими покшавиро ба ҷо овар ва хароҷоти онҳоро рӯпӯш кун, то онҳо мӯйҳои худро гиранд. Он гоҳ ҳама хоҳанд фаҳмид, ки овозаҳое, ки дар бораи ту паҳн карда мешаванд, дурӯғанд ва ту он тавре ки дуруст аст, рафтор мекунӣ ва худат низ Шариатро ба ҷо меорӣ. 25  Ба имондорони ғайрияҳудӣ бошад, мо қарорҳои худро навишта гуфтем, ки аз чизҳои ба бутҳо қурбонишуда, аз хун, аз гӯшти ҳайвони буғишуда* ва аз бадахлоқии ҷинсӣ* парҳез намоянд». 26  Рӯзи дигар Павлус он мардонро гирифта, якҷоя бо онҳо маросими покшавиро ба ҷо овард ва баъд ба маъбад даромад, то эълон кунад, ки рӯзҳои покшавӣ кай ба анҷом мерасанд ва кай ҳадияи ҳар яки онҳо пешкаш карда мешавад. 27  Қарибиҳои ба охир расидани ҳафт рӯз яҳудиёни Осиё ӯро дар маъбад дида тамоми мардумро ба шӯр оварданд ва ӯро дастгир карда, 28  фарёд заданд: «Эй мардони Исроил, ёрӣ диҳед! Ин ҳамон касест, ки дар ҳама ҷо бар зидди халқи мо, Шариати мо ва ин ҷойи муқаддас таълим медиҳад. Беш аз ин, ӯ ҳатто юнониёнро ба маъбад оварда, ин ҷойи муқаддасро нопок сохтааст». 29  Онҳо аз он сабаб чунин мегуфтанд, ки чанде пеш Трофимуси эфсӯсиро ҳамроҳи ӯ дар шаҳр дида гумон карданд, ки Павлус ӯро ба маъбад овардааст. 30  Дар тамоми шаҳр ошӯб бархост. Одамон давида, ҷамъ омаданд ва Павлусро дастгир карда, кашолакунон аз маъбад бароварданд ва ҳамон дам дарҳо пӯшида шуданд. 31  Вақте онҳо ӯро куштанӣ буданд, мириҳазор хабар ёфт, ки тамоми Ерусалим ба ошӯб омадааст. 32  Ӯ дарҳол сарбозон ва мирисадҳоро гирифта, ба назди онҳо шитофт. Вақте онҳо мириҳазор ва сарбозонро диданд, задани Павлусро бас карданд. 33  Ӯ наздик омада, Павлусро дастгир кард ва фармон дод, ки ҳар ду дасташро занҷирбанд кунанд. Сипас аз халқ кӣ будан ва чӣ кор кардани ӯро пурсон шуд. 34  Аммо баъзеҳо як чиз гуфта дод мезаданду дигарон дигар чиз. Вақте ӯ аз сабаби шӯру ғавғо чизеро аниқ карда натавонист, фармон дод, ки Павлусро ба сарбозхона баранд. 35  Лекин, вақте Павлус ба назди зинапоя расид, аз сабаби зӯроварии мардум ба сарбозон лозим омад, ки ӯро бардошта баранд, 36  зеро издиҳом аз қафои онҳо омада, фарёд мезад: «Кушед ӯро!» 37  Пеш аз он ки Павлусро ба сарбозхона дароранд, ӯ ба мириҳазор гуфт: «Мумкин аст, ки ба ту чизе бигӯям?» Ӯ гуфт: «Магар ту забони юнониро медонӣ? 38  Пас, ту он мисрие нестӣ, ки чанд вақт пеш шӯриш бардошта, чор ҳазор одамкушро ба биёбон бурда буд?» 39  Он гоҳ Павлус гуфт: «Ман яҳудӣ ҳастам ва шаҳрванди Тарсус ном шаҳри машҳури Қилиқия мебошам. Илтимос, иҷозат деҳ, ки ба халқ сухане гӯям». 40  Вақте мириҳазор ба ӯ иҷозат дод, Павлус дар болои зинапоя истода, бо дасташ ба мардум ишорае кард. Ҳамин ки оромӣ ҳама ҷоро фаро гирифт, ӯ ба одамон муроҷиат карда бо забони ибронӣ гуфт:

Эзоҳҳо

Оҳани вазнини махсуси занҷирдор, ки вақти истодани киштиҳо барои устувор монданашон ба об партофта мешавад.
Ё «шавҳарнокардае».
Ё «дили маро реш-реш мекунед».
Дар матни аслӣ «хомӯш гаштем».
Ё «ҳайвоне, ки дар вақти куштан хунашро набаровардаанд».
Юн. «порнейа». Ниг. ба луғат.