Аъмол 20:1-38

  • Павлус дар Мақдуния ва Юнон (16)

  • Эҳёшавии Офтихӯс дар Трӯос (712)

  • Аз Трӯос ба Милитус (1316)

  • Вохӯрии Павлус бо пирони Эфсӯс (1738)

    • Хона ба хона таълим додан (20)

    • Додан хушбахтии бештар меорад (35)

20  Вақте ки шӯру ғавғо ба охир расид, Павлус кас фиристода, шогирдонро даъват намуд ва онҳоро рӯҳбаланд кард. Пас аз ин бо онҳо хайрухуш намуда, ба Мақдуния равона шуд. 2  Ӯ аз он ҷойҳо гузашта, шогирдонро бо суханони бисёр рӯҳбаланд кард ва баъд ба Юнон омад. 3  Павлус дар он ҷо се моҳ истод, вале, вақте бо киштӣ ба Сурия рафтанӣ шуд, фаҳмид, ки яҳудиён қасди ҷони ӯро доранд, бинобар ин қарор дод, ки боз аз Мақдуния гузашта равад. 4  Супотруси писари Пирос аз Бирия, Ористархус ва Секундус аз Таслӯникӣ, Ғоюс аз Дарба, Тимотиюс ва Тихиқӯсу Трофимус аз Осиё ҳамроҳи ӯ буданд. 5  Онҳо пешакӣ рафта, моро дар Трӯос интизор шуданд, 6  мо бошем, пас аз айёми Иди фатир аз Филиппӣ ба киштӣ савор шуда, баъди панҷ рӯз ба назди онҳо, ба Трӯос, расидем ва дар он ҷо ҳафт рӯз истодем. 7  Рӯзи якуми ҳафта, вақте барои хӯрдани хӯрок ҷамъ омадем, Павлус ба онҳое, ки дар он ҷо буданд, муроҷиат карда то нисфи шаб нутқ гуфт, зеро рӯзи дигар аз он ҷо рафтанӣ буд. 8  Дар болохонае, ки мо ҷамъ омада будем, чароғҳои бисёре буданд. 9  Он ҷо Офтихӯс ном ҷавоне дар лаби тиреза нишаста буд ва, ҳангоме ки Павлус сухан мегуфт, хоби он ҷавон сахт бурд. Аз сабаби он ки ӯ ғарқи хоб буд, аз ошёнаи сеюм афтод ва вақте ӯро бардоштанд, диданд, ки мурдааст. 10  Аммо Павлус ба поён фаромада, ба болои ҷавон хам шуд ва ӯро ба оғӯш гирифта, гуфт: «Ин қадар доду фиғон накунед, ӯ зинда аст». 11  Сипас ӯ ба боло баромад ва нонро шикаста, ба хӯрок хӯрдан сар кард. Павлус то қарибиҳои саҳар бо онҳо хеле сӯҳбат кард ва пас аз ин ба роҳ баромад. 12  Ҷавонро бошад, гирифта бурданд ва ҳама аз зинда будани ӯ беҳад тасаллӣ ёфтанд. 13  Пас аз ин мо ба киштӣ савор шуда, пеш аз Павлус ба Асӯс равона шудем, то ки баъд ӯро дар он ҷо ҳамроҳи худ гирем, зеро худи ӯ, пас аз он ки дар ин бора ба мо дастурот дод, ба он ҷо пиёда рафтанӣ буд. 14  Вақте Павлус ба Асӯс расида омад, ба мо ҳамроҳ шуд ва мо якҷоя ба Митилинӣ рафтем. 15  Рӯзи дигар мо бо киштӣ аз он ҷо баромада, ба Хиюс расидем, сипас роҳро давом дода, пас аз як рӯз дар Сомӯс бозистодем, рӯзи дигар бошад, ба Милитус омадем. 16  Павлус қарор дод, ки ба Эфсӯс надаромада, роҳашро давом диҳад, то ки дар Осиё вақтро сарф накунад. Ӯ мехост ҳар чӣ зудтар ба Ерусалим равад, то, агар имконпазир бошад, дар рӯзи Иди ҳафтаҳо* дар он ҷо ҳозир шавад. 17  Аммо дар Милитус ӯ ба Эфсӯс кас фиристода, пирони ҷамъомадро даъват кард. 18  Вақте онҳо ба наздаш омаданд, ӯ гуфт: «Шумо нағз медонед, ки аз рӯзи аввали ба Осиё қадам монданам дар байни шумо чӣ гуна рафтор мекардам, 19  чӣ тавр ман бо тамоми фурӯтанӣ, бо ашкҳо ва азобҳое, ки аз сабаби дасисаҳои яҳудиён ба сарам омада буд, ба Сарвар* чун ғулом хизмат мекардам. 20  Ман худро аз гуфтани ҳар он чӣ бароятон фоиданок буд, бознамедоштам ва шуморо ҳам дар пеши мардум ва ҳам хона ба хона таълим медодам. 21  Ман ҳам ба яҳудиён ва ҳам ба юнониён пурра шаҳодат дода мегуфтам, ки онҳо бояд тавба карда, ба Худо рӯ оранд ва ба Ҳазратамон Исо имон дошта бошанд. 22  Ҳоло бошад, ба роҳнамоии рӯҳ итоат карда ба Ерусалим сафар карда истодаам, ҳарчанд намедонам, ки дар он ҷо маро чӣ интизор аст. 23  Фақат ҳаминро медонам, ки рӯҳи муқаддас дар ҳар шаҳр гаштаву баргашта ба ман шаҳодат медиҳад, ки маро зиндон ва азобу уқубатҳо дар пешанд. 24  Нигоҳ накарда ба ин ман ҷони худро азиз намедонам, балки муродам фақат ин аст, ки роҳи худ ва он хизматеро, ки Ҳазратамон Исо ба ман супурдааст, ба охир расонам, яъне оиди хушхабаре, ки дар бораи лутфу марҳамати Худо аст, пурра шаҳодат диҳам. 25  Ва алҳол инро медонам, ки ҳеҷ кадоми шумо, ки дар байнатон Подшоҳии Худоро мавъиза кардаам, дигар рӯйи маро нахоҳед дид. 26  Пас, имрӯз шуморо даъват мекунам, то шаҳодат диҳед, ки хуни ягон кас бар гардани ман нест, 27  зеро ман ҳеҷ як фурсатро аз даст надода ба шумо тамоми нияти Худоро гуфтаам. 28  Пас, ба худатон ва ба тамоми рама диққат диҳед, зеро рӯҳи муқаддас шуморо бар он нозир таъйин кардааст, то ҷамъомади Худоро, ки бо хуни Писари Ӯ харида шудааст, чӯпонӣ кунед. 29  Ман медонам, ки пас аз рафтанам ба миёни шумо гургони даррандае медароянд, ки ба рама раҳм намекунанд, 30  ва аз байни худатон шахсоне ба миён меоянд, ки барои аз паси худ бурдани шогирдон таълимоти нодурустро паҳн мекунанд. 31  Бинобар ин бедору ҳушёр бошед ва дар ёд доред, ки дар давоми се сол ман шабу рӯз ашк рехта насиҳат додани ҳар яки шуморо бас намекардам. 32  Ҳоло бошад, шуморо ба Худо ва ба каломе, ки дар бораи лутфу марҳамати Ӯ мебошад, месупорам. Ин калом метавонад шуморо обод гардонад ва дар миёни ҳамаи муқаддасон ба шумо мерос диҳад. 33  Ман нуқра, тилло ё либоси касеро орзу накардаам. 34  Худи шумо медонед, ки ман бо ҳамин дастонам эҳтиёҷоти худ ва ҳамроҳонамро қонеъ мекардам. 35  Дар ҳар бобат ба шумо нишон додам, ки ҳамин тавр меҳнат карда, шумо бояд сустонро дастгирӣ кунед ва суханони Ҳазратамон Исоро дар хотир доред, ки гуфта буд: “Додан назар ба гирифтан хушбахтии бештар меорад”». 36  Пас аз гуфтани ин суханон Павлус якҷоя бо ҳамаи онҳо зону зада, дуо гуфт. 37  Ҳама бисёр гиря карданд ва Павлусро ба оғӯш гирифта*, меҳрубонона бӯсиданд, 38  зеро онҳо махсусан аз он ғамгин буданд, ки дигар рӯйи ӯро намебинанд. Баъд онҳо ӯро то ба киштӣ гусел карданд.

Эзоҳҳо

Юн. «Пантикост». Ниг. ба луғат.
Калимаи юнонии «Кириос» дар ин маврид метавонад ҳам ба Худо ва ҳам ба Исо ишора кунад.
Дар матни аслӣ «худро ба гардани Павлус партофта».