Аъмол 15:1-41

  • Баҳс дар бораи хатна (1, 2)

  • Барои ҳалли масъала муроҷиат кардан ба Ерусалим (35)

  • Пирон ва расулон ҷамъ меоянд (621)

  • Номаи ҳайати роҳбарикунанда (2229)

    • Аз хун парҳез кунед (28, 29)

  • Ҷамъомадҳо аз хондани нома рӯҳбаланд мешаванд (3035)

  • Аз ҳам ҷудо шудани Павлусу Барнаббо (3641)

15  Дар ин миён баъзе касон аз Яҳудия омада, бародаронро чунин таълим медоданд: «Агар мувофиқи Шариати Мӯсо хатна накунед, наҷот ёфта наметавонед». 2  Аммо, баъд аз он ки Павлусу Барнаббо бо онҳо баҳсу мунозираҳои зиёд карданд, қарор дода шуд, ки Павлус, Барнаббо ва баъзеи дигарон барои ҳалли ин масъала* ба назди расулон ва пирон ба Ерусалим фиристода шаванд. 3  Баъд аз он ки аҳли ҷамъомад онҳоро гусел карданд, онҳо роҳи худро давом доданд ва ҳангоми аз Финиқия ва Сомария гузаштан ба бародарони он ҷойҳо дар бораи имон овардани ғайрияҳудиён батафсил нақл карданд. Инро шунида ҳамаи онҳо беҳад шод гаштанд.  Вақте ба Ерусалим расиданд, аҳли ҷамъомад ва расулону пирон он бародаронро гарму ҷӯшон қабул карданд ва онҳо корҳои зиёдеро, ки Худо ба воситаашон ба амал оварда буд, нақл карданд. 5  Аммо баъзе шогирдоне, ки пештар аъзои мазҳаби фарисиён буданд, аз ҷой хеста, гуфтанд: «Лозим аст, ки ғайрияҳудиён хатна гарданд ва ба онҳо фармуда шавад, ки Шариати Мӯсоро риоя кунанд». 6  Бинобар ин расулон ва пирон ҷамъ омаданд, то ин масъаларо дида бароянд. 7  Баъд аз муҳокимаҳои дурудароз Петрус аз ҷой хеста, ба онҳо гуфт: «Эй бародарон, шумо хуб медонед, ки аз рӯзҳои аввал Худо маро аз байни шумо интихоб кард, то халқҳои дигар ба воситаи ман хушхабарро шунаванд ва имон оранд. 8  Ва Худо, ки донандаи дилҳост, ба онҳо низ чун ба мо рӯҳи муқаддас ато карда шаҳодат дод, ки аз онҳо розӣ аст. 9  Худо байни мову онҳо ҳеҷ фарқияте нагузоштааст, балки дилҳои онҳоро бо имон пок кардааст. 10  Пас, чаро шумо ҳоло Худоро озмуда, ба гардани шогирдон юғеро* мегузоред, ки на падаронамон бардошта метавонистанду на мо? 11  Баръакс, мо боварӣ дорем, ки ба воситаи лутфу марҳамати Ҳазратамон Исо наҷот меёбем, ва шогирдони ғайрияҳудӣ низ ба ин боварӣ доранд». 12  Инро шунида тамоми ҳозирон хомӯш гаштанд ва ба суханони Барнаббо ва Павлус оиди аломату мӯъҷизаҳои бисёре, ки Худо ба воситаи онҳо дар байни халқҳои дигар ба амал оварда буд, гӯш доданд. 13  Ҳамин ки онҳо суханони худро ба охир расониданд, Яъқуб гуфт: «Эй бародарон, ба ман гӯш диҳед. 14  Шимъӯн* батафсил нақл кард, ки чӣ тавр Худо бори аввал диққати Худро ба халқҳои дигар равона кард, то аз байни онҳо халқе ба номи худ ҷамъ оварад. 15  Навиштаҳои пайғамбарон низ инро тасдиқ мекунанд, чуноне ки гуфта шудааст: 16  “Пас аз ин баргашта, хаймаи* афтодаи Довудро аз нав мебардорам. Ман харобаҳои онро обод месозам ва онро барқарор мекунам, 17  то бақияи мардум якҷоя бо одамони тамоми халқҳо, одамоне, ки номи Маро бар худ доранд, Маро, Яҳуваро, бо ҷидду ҷаҳд ҷӯянд,— мегӯяд Яҳува, ки ин чизҳоро ба амал меоварад, 18  чизҳоеро, ки аз қадим маълуманд”. 19  Бинобар ин фикри ман ин аст, ки барои ғайрияҳудиёне, ки ба Худо рӯ меоранд, душвориҳо ба миён наорем. 20  Балки ба онҳо дастуроте нависем, ки аз чизҳои бо бутпарастӣ алоқаманд ва бадахлоқии ҷинсӣ* канорагирӣ кунанд ва аз гӯшти ҳайвони буғишуда* ва аз хун парҳез намоянд. 21  Аз замонҳои қадим инҷониб шахсоне ҳастанд, ки дар ҳар шаҳр навиштаҳои Мӯсоро мавъиза менамоянд, зеро он навиштаҳоро ҳар шанбе дар ибодатгоҳҳо қироат мекунанд». 22  Он гоҳ расулон ва пирон ҳамроҳи тамоми аҳли ҷамъомад қарор доданд, ки мардони аз байнашон интихобшударо бо Павлус ва Барнаббо ба Антиохия фиристанд. Онҳо Яҳудоро, ки ҳамчунин Барсаббо меномиданд, ва Силоро, ки дар байни бародарон пешқадам буд, равона карданд. 23  Ва бо дасти онҳо суханони зерини навиштаашонро фиристоданд: «Мо, бародарони шумо, расулон ва пирон, ба бародарони ғайрияҳудие, ки дар Антиохия, Сурия ва Қилиқия ҳастанд, салом мерасонем. 24  Мо шунидем, ки баъзе касон аз байнамон бо суханони худ барои шумо душворӣ ба миён оварданд ва хостанд, ки имони шуморо барбод диҳанд, ҳол он ки мо ба онҳо ягон дастуроте надода будем. 25  Бинобар ин мо якдилона қарор додем, ки якчанд нафарро интихоб карда, ҳамроҳи азизони худ, Барнаббо ва Павлус, ба назди шумо равона кунем. 26  Ин ду нафар ба хотири номи Ҳазратамон Исои Масеҳ ҷонҳои худро дареғ намедоштанд. 27  Мо ҳамчунин Яҳудо ва Силоро мефиристем, то онҳо низ суханони ин мактубро ба шумо расонанд. 28  Зеро рӯҳи муқаддас ва мо қарор додем, ки ба гардани шумо боре нагузорем, ғайр аз ин амрҳои зарурӣ: 29  аз чизҳои ба бутҳо қурбонишуда, аз хун, аз гӯшти ҳайвони буғишуда* ва аз бадахлоқии ҷинсӣ* парҳез кунед. Агар аз ин чизҳо ба пуррагӣ канорагирӣ намоед, муваффақ хоҳед буд. Саломат бошед!» 30  Вақте ки ин шогирдонро ҷавоб доданд, онҳо ба Антиохия омаданд ва ҳамаи бародаронро ҷамъ карда, ин номаро ба онҳо супориданд. 31  Бародарон номаро хонда, аз суханони рӯҳбаландкунандаи он хурсанд шуданд. 32  Яҳудо ва Сило, ки ҳамчунин пайғамбар буданд, бародаронро бо нутқҳои зиёд рӯҳбаланд карда, қувват мебахшиданд. 33  Пас аз он ки якчанд вақт дар он ҷо монданд, бо онҳо хайрухуш карда, ба назди бародароне, ки онҳоро фиристода буданд, баргаштанд. 34  *—— 35  Аммо Павлус ва Барнаббо дар Антиохия монда, таълим медоданд ва ҳамроҳи бародарони зиёд дар бораи каломи Яҳува хушхабарро мавъиза мекарданд. 36  Чанд рӯз пас Павлус ба Барнаббо гуфт: «Биё акнун* баргардем ва аз аҳволи бародароне, ки ба шаҳрҳои онҳо рафта, каломи Яҳуваро эълон карда будем, хабар гирем». 37  Барнаббо қарор кард, ки Юҳанноро, ки Марқӯс меномиданд, ҳамроҳ гиранд. 38  Лекин Павлус бо ин розӣ набуд, зеро Марқӯс онҳоро дар Памфилия тарк карда, дар иҷрои супориш онҳоро ҳамроҳӣ накарда буд. 39  Баҳси Павлусу Барнаббо оиди ин масъала чунон тезутунд шуд, ки онҳо аз якдигар ҷудо шуданд. Барнаббо Марқӯсро ҳамроҳи худ гирифта, бо киштӣ ба Кипр рафт. 40  Павлус бошад, Силоро интихоб кард ва, пас аз он ки бародарон ӯро ба ихтиёри лутфу марҳамати Яҳува супурданд, ба роҳ баромад. 41  Ӯ аз Сурия ва Қилиқия гузашта, ҷамъомадҳоро устувор мегардонд.

Эзоҳҳо

Ё «баҳс».
Олоти чӯбин ё оҳанине, ки ба китфи одам гузошта, аз ду тарафаш бор меовезанд. Онро ҳамчунин барои ҷуфтронӣ ё боркашонӣ ба гардани ҳайвонот мегузоранд.
Номи дигари Петрус.
Ё «хонаи».
Юн. «порнейа». Ниг. ба луғат.
Ё «ҳайвоне, ки дар вақти куштан хунашро набаровардаанд».
Ё «ҳайвоне, ки дар вақти куштан хунашро набаровардаанд».
Юн. «порнейа». Ниг. ба луғат.
Ин оят дар дастхатҳои қадимӣ вонамехӯрад ва, аз афташ, қисми Навиштаҳои илҳомбахшида нест.
Ё эҳтимол «як илоҷ карда».