Аъмол 13:1-52

  • Барнаббо ва Шоул ба ҷойҳои нав фиристода мешаванд (13)

  • Хизмат дар Кипр (412)

  • Нутқи Павлус дар Антиохияи Писидия (1341)

  • Рӯ овардан ба халқҳои дигар (42-52)

13  Дар ҷамъомади маҳаллии Антиохия пайғамбарон ва муаллимон буданд, ки инҳоянд: Барнаббо, Шимъӯн, ки Ниҷар номида мешуд, Лукиюси қуринӣ, Шоул ва Маноҳим, ки бо ҳокими вилоят Ҳиродус* дар як ҷо таҳсил карда буд.  Вақте ки онҳо хизмати Яҳуваро ба ҷо меоварданду рӯза медоштанд, рӯҳи муқаддас гуфт: «Барои ман Барнаббо ва Шоулро ҷудо кунед. Ман онҳоро барои иҷро кардани кори муайяне интихоб кардаам». 3  Пас аз рӯза доштан ва дуо гуфтан онҳо дастони худро бар Барнаббову Шоул гузоштанд ва онҳоро гусел карданд. 4  Шоул ва Барнаббо, ки ба воситаи рӯҳи муқаддас фиристода шуданд, ба Селевкия рафтанд ва аз он ҷо бо киштӣ ба Кипр шино карданд.  Вақте ки онҳо ба шаҳри Саломис омаданд, дар ибодатгоҳҳои яҳудиён дар бораи каломи Худо сухан ронданд. Юҳанно* низ чун ёрдамчӣ ҳамроҳи онҳо буд.  Вақте онҳо тамоми ҷазираро гузашта, ба Пофус омаданд, Барюшаъ ном марди яҳудиро, ки ҷодугар ва пайғамбари бардурӯғ буд, вохӯрданд. 7  Ӯ дар дарбори ҳокими вилоят*, Сарҷиюс Павлус, ки марди бофаҳм буд, кор мекард. Он ҳоким Барнаббо ва Шоулро ба назди худ даъват намуда, бисёр хоҳиш кард, ки каломи Худоро шунавад. 8  Вале он ҷодугар, ки ҳамчунин Элимо ном дошт (маънои ин ном «ҷодугар» аст), ба онҳо муқобилат карда, хост, ки ҳокими вилоятро аз имон овардан боздорад. 9  Он гоҳ Шоул, ки ҳамчунин Павлус ном дошт, аз рӯҳи муқаддас пур гашт ва ба Барюшаъ чашм дӯхта, 10  гуфт: «Эй ту, ки аз ҳар гуна макр ва бадӣ пур ҳастӣ, эй писари Иблис, ту душмани ҳама гуна ростӣ ҳастӣ. То ба кай роҳҳои рости Яҳуваро ғалат маънидод мекунӣ? 11  Яҳува туро ҷазо медиҳад ва ту кӯр шуда, ба муддати чанд вақт нури офтобро нахоҳӣ дид». Ҳамон лаҳза чизи дудмонанде пеши чашмони ӯро гирифт ва ҳама ҷо дар назараш торик шуд. Ӯ ин сӯву он сӯ гашта, мехост барои худ роҳнамое ёбад. 12  Он гоҳ ҳокими вилоят воқеаи рӯйдодаро дида имон овард, зеро аз таълими Яҳува ба ҳайрат омада буд. 13  Павлус ва ҳамроҳонаш аз Пофус баромада, бо киштӣ ба Пирҷа, ки дар Памфилия ҷойгир аст, омаданд. Вале Юҳанно онҳоро тарк карда, ба Ерусалим баргашт. 14  Онҳо бошанд, роҳи худро давом дода, аз Пирҷа ба Антиохияе, ки дар Писидия ҷойгир аст, омаданд ва рӯзи шанбе* ба ибодатгоҳ даромада, нишастанд. 15  Баъд аз қироат кардани Таврот ва Навиштаҳои пайғамбарон нозирони ибодатгоҳ ба назди онҳо кас фиристода, гуфтанд: «Бародарон, агар шумо барои мардум сухани рӯҳбаландкунандае дошта бошед, бигӯед». 16  Он гоҳ Павлус аз ҷой хест ва барои хомӯш намудани мардум бо дасташ ишора карда, гуфт: «Эй исроилиён ва дигар шахсони худотарс, гӯш кунед! 17  Худои халқи Исроил падарони моро интихоб кард ва ин халқро, вақте ки онҳо дар замини Миср мусофир буданд, сарбаланд гардонд ва онҳоро бо қуввати бузург* аз он ҷо баровард. 18  Ӯ тахминан дар давоми чил сол дар биёбон онҳоро тоқат кард. 19  Пас аз он ки Худо дар сарзамини Канъон ҳафт халқро несту нобуд сохт, он заминро тақсим намуда, ба онҳо мерос дод. 20  Ҳамаи ин воқеаҳо тақрибан дар давоми чорсаду панҷоҳ сол рӯй доданд. Пас аз ин Ӯ ба исроилиён то замони Самуил-пайғамбар доваронро медод. 21  Вале баъдтар онҳо барои худ подшоҳ талаб карданд ва Худованд Шоул, писари Кишро, ки аз қабилаи Бинёмин буд, ба онҳо дод ва ӯ ба муддати чил сол подшоҳӣ кард. 22  Баъд аз он ки Худо ӯро аз тахт фаровард, Довудро бар онҳо подшоҳ таъйин кард, ки дар бораи ӯ шаҳодат дода гуфта буд: “Ман Довуд, писари Исойро, мувофиқи табъи дили худ ёфтам; ӯ ҳар он чиро, ки Ман мехоҳам, ба ҷо хоҳад овард”. 23  Худо мувофиқи ваъдаи Худ аз насли ӯ барои Исроил наҷотдиҳандаеро фиристод, ки Исо буд. 24  Пеш аз омадани ин шахс Яҳё ба тамоми мардуми Исроил таъмидро* чун рамзи тавба кушоду равшан мавъиза мекард. 25  Аммо Яҳё ҳангоми ба охир расондани хизмати худ чунин мегуфт: “Ман он касе нестам, ки шумо гумон мекунед. Вале баъд аз ман шахсе меояд, ки ман ба кушодани банди пойафзоли ӯ сазовор нестам”. 26  Эй бародарон, эй насли Иброҳим ва дигар шахсони худотарс, ин хабар дар бораи наҷот ба мо фиристода шудааст. 27  Сокинони Ерусалим ва роҳбарони онҳо ӯро нашинохтанд, аммо бо доварии худ суханони дар Навиштаҳои пайғамбарон омадаро, ки ҳар шанбе қироат карда мешаванд, ба амал оварданд. 28  Гарчанд дар Исо ҳеҷ айби сазовори маргро наёфта бошанд ҳам, онҳо аз Пилотус талаб карданд, ки ӯ ба қатл расонда шавад. 29  Вақте ки тамоми чизҳои дар бораи вай навишташударо ба ҷо оварданд, онҳо ӯро аз сутун* фароварда, ба қабр гузоштанд. 30  Аммо Худо ӯро аз мурдагон зинда кард 31  ва ӯ дар давоми рӯзҳои бисёр ба онҳое, ки ҳамроҳаш аз Ҷалил ба Ерусалим рафта буданд, зоҳир мегашт. Ва ҳоло онҳо дар бораи ӯ ба мардум шаҳодат медиҳанд. 32  Инак, мо ба шумо хушхабарро дар бораи ваъдае, ки ба падарони мо дода шудааст, эълон мекунем. 33  Худо Исоро эҳё карда, ин ваъдаро барои мо, яъне барои фарзандони онҳо, пурра ба иҷро расонд, чуноне ки дар таронаи дуюми Забур навишта шудааст: “Ту писари Ман ҳастӣ; Ман имрӯз падари ту шудам”. 34  Худо дар бораи аз мурдагон зинда шудани Исо ва дигар ҳеҷ гоҳ ҷисми пӯсанда нагирифтани вай чунин гуфта буд: “Ман муҳаббати пойдореро, ки ба Довуд ваъда карда будам, содиқона ба шумо зоҳир хоҳам намуд”. 35  Ҳамчунин дар таронаи дигари Забур гуфта шудааст: “Ту нахоҳӣ гузошт, ки ҷисми бандаи содиқат бипӯсад”. 36  Довуд дар давоми ҳаёти худ ба Худо* хизмат мекард ва, вақте вафот карда ба хоби марг рафт, бо падаронаш гӯронида шуд ва ҷисми ӯ пӯсид. 37  Аммо ҷисми он касе, ки Худо ӯро аз мурдагон зинда кард, напӯсид. 38  Пас, эй бародарон, бигзор ба шумо маълум бошад, ки ҳоло ба воситаи ӯ ба шумо бахшиши гуноҳҳо эълон карда мешавад. 39  Аз рӯйи Шариати Мӯсо шумо наметавонистед беайб эълон гардед, вале ба воситаи ӯ ҳар касе, ки имон дорад, беайб эълон мегардад. 40  Бинобар ин эҳтиёт шавед, то он чӣ дар Навиштаҳои пайғамбарон гуфта шудааст, бо шумо рӯй надиҳад: 41  “Нигаред, эй таҳқиркунандагон, ба ҳайрат оед ва несту нобуд шавед, зеро Ман дар рӯзҳои шумо кореро ба анҷом расонида истодаам, ки, ҳатто агар онро касе батафсил нақл кунад ҳам, шумо ҳеҷ гоҳ бовар намекунед”». 42  Вақте ки Павлус ва Барнаббо аз он ҷо мебаромаданд, мардум аз онҳо илтимос карданд, ки шанбеи оянда низ дар ин бора сухан гӯянд. 43  Баъд аз он ки мардуми дар ибодатгоҳ ҷамъомада пароканда шуданд, бисёри яҳудиён ва касони дини яҳудиро қабулкарда, ки Худоро ибодат мекарданд, аз пайи онҳо равона шуданд. Павлусу Барнаббо бошанд, бо мардум сӯҳбат карда, онҳоро бармеангехтанд, ки минбаъд низ сазовори лутфу марҳамати Худо бошанд. 44  Шанбеи оянда қариб тамоми шаҳр ҷамъ омад, то каломи Яҳуваро шунавад. 45  Яҳудиён мардуми бисёрро дида аз рашку ҳасад пур шуданд ва ба суханони Павлус муқобил баромада, куфр гуфтанд. 46  Он гоҳ Павлус ва Барнаббо далерона ба онҳо гуфтанд: «Лозим буд, ки каломи Худо аввал ба шумо гуфта шавад. Аммо, азбаски шумо онро рад мекунед ва худро сазовори ҳаёти ҷовидонӣ намешуморед, мо ба халқҳои дигар рӯ меорем. 47  Зеро Яҳува ба мо чунин амр додааст: “Ман туро нури халқҳо таъйин кардам, то дар саросари замин воситаи наҷот бошӣ”». 48  Инро шунида онҳое, ки аз халқҳои дигар буданд, хурсанд гаштанд ва каломи Яҳуваро ҷалол доданд ва ҳамаи онҳое, ки ба ҳаёти ҷовидонӣ моил буданд, имон оварданд. 49  Беш аз ин, каломи Яҳува дар тамоми он мамлакат паҳн мешуд. 50  Аммо яҳудиён занони худотарси обрӯманд ва шахсони соҳибмартабаи он шаҳрро ба шӯр оварда, Павлус ва Барнабборо таъқиб намуданд ва онҳоро аз он сарзамин пеш карданд. 51  Онҳо бошанд, чанги пойи худро афшонда*, ба Иқуния рафтанд. 52  Аммо шогирдон аз хурсандӣ ва рӯҳи муқаддас пур мешуданд.

Эзоҳҳо

Яъне Ҳиродуси Антипас, писари Ҳиродуси Бузург.
Яъне Юҳаннои Марқӯс.
Юн. «проконсул». Ниг. ба луғат.
Ниг. ба луғат.
Дар матни аслӣ «дасти баланд».
Ниг. ба луғат.
Ё «дарахт».
Ё «ба хости Худо».
Афшондани чанги пой нишонаи он буд, ки шахс ҷавобгарие ба гардан надорад.