Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 ЧУН ПАЙРАВОНИ МАСЕҲ ЗИНДАГӢ КУНЕД

Имтиёзи сохтан ва нигоҳубин кардани ҷойҳои ибодати ҳақиқӣ

Имтиёзи сохтан ва нигоҳубин кардани ҷойҳои ибодати ҳақиқӣ

Барои сохтани маъбад дар Исроил кори бисёр ва хароҷоти зиёд дар талаб буд. Лекин ба ин нигоҳ накарда исроилиён ин корро бо ҷидду ҷаҳд дастгирӣ карданд (1Вқ 29:2–9; 2Вқ 6:7, 8). Баъд аз ба охир расидани сохтмони маъбад, нигоҳубин кардани он, рӯҳан баркамол будан ё набудани исроилиёнро нишон медод (4Пш 22:3–6; 2Вқ 28:24; 29:3). Имрӯз масеҳиён вақт ва қуввати худро барои сохтан, тоза кардан ва нигоҳубин намудани Толорҳои Салтанат ва анҷуман сарф мекунанд. Бо Яҳува ҳамкорӣ кардан, шарафи бузург аст ва қисми хизмати муқаддаси мо мебошад (Зб 126:1; Вҳ 7:15).

ШУМО МЕТАВОНЕД...

  • Пас аз ҳар вохӯрӣ ба тозагӣ риоя кунед. Агар вақтатон кам бошад, пас гирду атрофи ҷои нишасти худро тоза кунед.

  • Мунтазам ба рӯбучин ва нигоҳубини Толори Салтанат иштирок кунед. Ҳар қадаре ки одам бисёр бошад, ҳамон қадар кор осону хурсандиовар мегардад (lv саҳ. 92, 93, сарх. 18).

  • Аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ кунед. Ҳатто ду тангаи аз таҳти дил додашуда ба Яҳува писанд аст (Мқ 12:41–44).

  • Агар вазъиятатон имкон диҳад дар сохтмон ва таъмирӣ ҷойҳои ибодат кӯмак расонед. Иштирок дар чунин корҳо сохтмончии моҳир буданро талаб намекунад.