Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | МАТТО 12, 13

Мисоли гандум ва алафи бегона

Мисоли гандум ва алафи бегона

Исо мисоли гандум ва алафи бегонаро истифода бурда, нишон дод, ки кай ва чӣ тавр ҳамаи масеҳиёни тадҳиншударо дар аввали соли 33-юми милод ҷудо ва ҷамъ мекунад

13:24

Марде, ки «дар киштзори худ тухмии хуб коштааст»

  • Коранда: Исои Масеҳ

  • Тухмии хуб: Шогирдони Исо, ки бо рӯҳи муқаддас тадҳин шуданд

  • Киштзор: Ин ҷаҳон

13:25

«Вақте ки ҳама хоб буданд, душман омад ва... тухми алафи бегонаро пошид»

  • Душман: Иблис

  • Ҳама хоб буданд: Марги расулон

13:30

«Бигзор то вақти дарав ҳар дуяш афзоиш кунад»

  • Гандум: Масеҳиёни тадҳиншуда

  • Алафи бегона: Масеҳиёни бардурӯғ

«Аввал алафи бегонаро ҷамъ оред... баъд аз ин гандумро ба анбори ман захира намоед»

  • Ғуломон/даравгарон: Фариштагон

  • Ҷамъ овардани алафи бегона: Ҷудо кардани масеҳиёни бардурӯғ аз масеҳиёни тадҳиншуда

  • Дар анбор захира намудан: Масеҳиёни тадҳиншуда ба ҷамъомади барқароршуда ҷамъ оварда шуданд

Дар мавсими дарав масеҳиёни тадҳиншуда аз масеҳиёни бардурӯғ чӣ хел фарқ карда мешаванд?

Чӣ тавр фаҳмидани маънои ин мисол шахсан ба ман манфиатовар аст?