Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

«Падару модаратро иззату ҳурмат кун»

«Падару модаратро иззату ҳурмат кун»

Вақте Исо дар рӯйи замин буд, ӯ амри зеринро қайд намуд: «Падару модаратро иззату ҳурмат кун» (Хр 20:12; Мт 15:4). Исо озодии сухан дошт, чунки ӯ аз хурдӣ падару модарашро гӯш мекард (Лқ 2:51). Исо ҳатто пеш аз маргаш ғами модарашро хӯрд (Юҳ 19:26, 27).

Дар рӯзҳои мо низ ҷавононе, ки падару модарашонро гӯш мекунанд ва бо эҳтиром гап мезананд, нишон медиҳанд, ки волидонашонро иззату эҳтиром мекунанд. Новобаста аз синну сол ҳама бояд иззати падару модарашро ба ҷо орад. Ҳатто баъд аз пир шуданашон ҳам мо бояд эҳтиром карданро давом диҳем ва маслиҳатҳои онҳоро ба кор барем (Мс 23:22). Инчунин мо онҳоро аз ҷиҳати эмотсионалӣ ва моддӣ дастгирӣ карда иззаташонро ба ҷо меорем (1Тм 5:8). Мо хоҳ ҷавон ҳастем хоҳ калонсол, бояд бо волидон муносибати хуб дошта бошем, чунки ин қадами муҳимест барои нишон доштани иззату ҳурмати онҳо.

АНИМАТСИЯИ ФЛОМАСТЕРИИ «ЧӢ ТАВР БО ВОЛИДОНАМ ГАП ЗАНАМ?»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Чаро ба шумо бо падару модаратон гап задан душвор аст?

  • Чӣ тавр шумо ҳангоми сӯҳбат бо волидон нишон медиҳед, ки онҳоро ҳурмат мекунед?

  • Чаро бо волидон муошират кардан, муҳим аст? (Мс 15:22)

    Сӯҳбат бо волидонатон ба манфиати шумост