Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ИШАЪЁ 52–57

Масеҳ барои мо азоб кашид

Масеҳ барои мо азоб кашид

«Ӯ манфур буд ва радди мардум... Мо гумон бурдем, ки Ӯро Худо зада, ба мусибат ва азиятҳо гирифтор кардааст»

53:3–5

  • Аз Исо нафрат доштанд ва дар куфргӯӣ айбдор мекарданд. Баъзеҳо гумон доштанд, ки ӯро Худо ҷазо дода ба касалии сахт дучор кард

«Валекин хости Худованд ин буд, ки Ӯро зарба зад... ва хости Худованд дар дасти Ӯ муяссар хоҳад гардид»

53:10

  • Марги пуразоби Писараш ба Яҳува дардовар буд. Лекин Худо садоқатмандии пурраи Исоро дида, сахт хурсанд шуд. Исо бо марги худ ба саволи баҳсталаби Шайтон оиди садоқатмандии хизматгорони Худо ҷавоб дод ва ба одамони тавбакарда фоида овард. Ҳамин тавр Исо хости Яҳуваро иҷро кард