Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ЮҲАННО 7, 8

Исо Падарашро ҷалол медод

Исо Падарашро ҷалол медод

7:15–18, 28, 29; 8:29

Исо бо рафтору гуфтори худ Падари осмониашро ҷалол медод. Ӯ ба одамон фаҳмондан мехост, ки хабараш аз тарафи Худо аст. Аз ин рӯ вай дар асоси Навиштаҳо таълим медод ва тез-тез аз он иқтибос меовард. Вақте Исоро таъриф мекарданд, ӯ диққатро ба Яҳува равона мекард. Дар ҳаёти Исо аз ҳама кори муҳим ин иҷро кардани супориши Яҳува буд (Юҳ 17:4).

Чӣ тавр дар вазъиятҳои зерин ба Исо пайравӣ карда метавонем?

  • ҳангоме ки омӯзиш мегузаронем ё аз саҳна баромад мекунем

  • вақте моро таъриф мекунанд

  • ҳангоме ки чӣ тавр сарф кардани вақтамонро ба нақша мегирем