Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Яҳува халқи покро дӯст медорад

Яҳува халқи покро дӯст медорад

«Дастатро шӯй. Хонаатро тоза кун. Фаршро шӯй. Партовро парто». Бисёр волидон бо ин суханон ба фарзандони худ тозагиро ёд медиҳанд, лекин принсипҳои асосии тозагиро Яҳува додааст (Хр 30:18–20; ТкШ 23:14; 2Қр 7:1). Вақте ки мо ҷисм ва чизу чораи худро тоза нигоҳ медорем, Яҳуваро ҷалол медиҳем (1Пт 1:14–16). Вале дар бораи хонаву дар ва муҳити атрофамон чӣ гуфтан мумкин? Имрӯзҳо баъзе одамон партовро дар роҳҳо ва боғҳо мепартоянд. Вале баръакси онҳо, хизматгорони Яҳува кӯшиш мекунанд, то сайёраи Заминро, ки хонаи мост, тоза нигоҳ доранд (Зб 113:24; Вҳ 11:18). Ҳатто чизҳои андак, ба мисли партофтани қоғази қанд, зарфҳои нӯшокӣ ё сақич метавонад нишон диҳад, ки мо ба тозагӣ чӣ гуна назар мекунем. Мо мехоҳем дар ҳар мавриди ҳаёт «нишон диҳем, ки ба хизматгори Худо будан муносибем» (2Қр 6:3, 4).

ВИДЕОНАВОРИ «ХУДО ХАЛҚИ ПОКРО ДӮСТ МЕДОРАД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Баъзеҳо барои нигоҳ надоштани тозагӣ чӣ баҳона меҷӯянд?

  • Чӣ тавр Қонуни Мӯсо нуқтаи назари Яҳуваро нисбати тозагӣ нишон медиҳад?

  • Чӣ тавр мо бе сухан Яҳуваро ҷалол дода метавонем?

Чӣ тавр ман дар ҳаёти худ нишон медиҳам, ки нуқтаи назари Яҳуваро нисбати тозагӣ дастгирӣ мекунам?