Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Намунаи пешниҳодот

Намунаи пешниҳодот

ПЕШНИҲОДИ 1

Савол: Чаро ба офатҳои табиӣ тайёр шудан муҳим аст?

Оят: Мс 27:12

Давоми гап: Аз рӯйи хирад мешуд, агар пеш аз рӯй додани офатҳои табиӣ дору, об, хӯроки тез вайроннашаванда ва ҳуҷҷатҳоро тайёр кунем. Ва дар бораи офатҳои табиие, ки дар маҳалли мо рӯй доданаш мумкин аст, маълумот гирем, то дар ҳар вазъият чӣ кор карданро донем.

ҲАҚИҚАТРО ТАЪЛИМ ДИҲЕД

Савол: Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки Худоро дӯст медорем?

Оят: 1Юҳ 5:3

Ҳақиқат: Ба аҳкоми Худо итоат карда мо нишон медиҳем, ки Ӯро дӯст медорем.

«ОЁ ДАР ҲАҚИҚАТ МУРДАГОН АЗ НАВ ЗИНДА МЕШАВАНД?» (Т-35)

Савол: Ҳар яки мо як рӯз не як рӯз наздиконамонро аз даст медиҳем. Ба фикратон оё мо онҳоро боз медида бошем?

Оят: Ам 24:15

Давоми гап: Ин рисола мефаҳмонад, ки умеди эҳёшавӣ барои шумо чӣ маъно дорад? [Агар имконият бошад видеонавори «Оё барои мурдагон ягон умед вуҷуд дорад?»-ро монед.]

ПЕШНИҲОДИ МАН:

Аз намунаҳо истифода бурда пешниҳоди худро тайёр кунед