Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 ДАР МАВЪИЗА БОҒАЙРАТ БОШЕД

Маҳорати худро дар хизмат беҳтар мегардонем. Пешниҳоди худро тайёр кунед

Маҳорати худро дар хизмат беҳтар мегардонем. Пешниҳоди худро тайёр кунед
НАМУД

ЧАРО ИН МУҲИМ АСТ? Ҳарчанд дар намунаи пешниҳодоти саҳифаи якуми ин дафтари вохӯрӣ фикрҳои манфиатовар оварда шуда бошанд ҳам, он танҳо намуна аст. Аз ин рӯ шумо ин пешниҳодотро бо суханони худ гуфта метавонед. Шояд дар маҳалли шумо дигар тарзи пешниҳод ва ё мавзӯъ мувофиқтар бошад. Агар чунин бошад, баъд аз хондани маҷалла намунаи пешниҳодотро дида бароед ва видеонаворҳои мувофиқро тамошо карда пешниҳоди худро тайёр кунед.

ИНРО ЧӢ ТАВР БОЯД КАРД:

Аз худ бипурсед: «Оё ман ин намунаи пешниҳодотро истифода бурданиам?»

ҲА

  • Сарсухан тайёр кунед. Баъди салому алейк, кӯтоҳак мақсади омаданатонро гӯед. (Мисол: «Сабаби омадани ман дар он аст, ки... »)

  • Пешакӣ фикр кунед, ки чӣ тавр шумо аз савол ба оят гузашта пешниҳодатонро давом медиҳед. (Мисол: Оятро кушода гӯед, ки «Ба ин савол дар ин ҷо ҷавоб дода шудааст».)

НЕ

  • Аз маҷалла ё дигар адабиёт мавзӯеро интихоб кунед, ки ба шумо шавқовар асту барои маҳаллатон мувофиқ мебошад

  • Барои ба сӯҳбат ҳавасманд кардани шахс саволҳоеро диҳед, ки нуқтаи назарро ошкор мекунанду ҳамзамон ӯро дар хиҷолат намегузоранд. (Мисол: Саволҳое, ки дар саҳ. 2-и маҷаллаҳо оварда шудаанд.)

  • Оятеро, ки хонданиед интихоб намоед. (Агар шумо адабиётеро пешкаш карданӣ бошед, ки барои паҳн кардан пешбинӣ шудааст, пас оят хонданатон шарт нест, чунки ин маҷалла барои онҳое мебошад, ки дар бораи Китоби Муқаддас он қадар маълумот надоранд ва ё диндор нестанд.)

  • Бо як-ду сухан ба соҳибхона фаҳмонед, ки чӣ тавр фаҳмидани маълумоти Китоби Муқаддас барояш боз манфиат оварда метавонад

БА ҲАР ҲОЛ

  • Барои боздид саволи кушод гузоред

  • Барои худ қайд кунед, ки ҳангоми боздид чӣ гуфтаниед