Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | АЙЮБ 1–5

Беайбии Айюб озмуда шуд

Беайбии Айюб озмуда шуд

Айюб дар он замоне ки исроилиён дар Миср ғулом буданд дар сарзамини Ус зиндагӣ мекард. Ҳарчанд ӯ исроилӣ набошад ҳам, содиқона Яҳуваро ибодат мекард. Ӯ шахси обрӯманду сарватманд буд ва оилаи калон дошт. Ҳамчунин ӯ маслиҳатчии хуб ва довари боинсоф буд. Ӯ ба камбағалону бечорагон хайру саховат мекард. Айюб марди беайб буд.

Яҳува дар ҳаёти Айюб дар ҷои аввал буд

1:8–11, 22; 2:2–5

  • Шайтон беайбии Айюбро ба нишон гирифт. Шайтон итоаткории Айюбро неву нияти ӯро зери шубҳа гузошт

  • Шайтон даъво кард, ки Айюб ба Яҳува барои манфиати худаш хизмат мекунад

  • Барои ҷавоб додан ба даъвои Шайтон Яҳува роҳ дод, ки вай ба ин марди содиқ ҳамла намояд. Шайтон ба ҳаёти Айюб аз ҳар тараф зарар расонд

  • Ҳангоми озмудани Айюб, Шайтон на танҳо беайбии ӯро, балки беайбии тамоми инсониятро зери шубҳа гузошт

  • Айюб хатое накард, ва аз Худо шикоят нанамуд