Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Аз JW Library истифода баред!

Аз JW Library истифода баред!

Бо воситаи барномаи бепули JW Library шумо Китоби Муқаддас, адабиёту видеоҳо ва аудиосабтҳоро ба телефон, планшет ё компютер боргирӣ карда метавонед.

ТАРЗИ БОРГИРИИ ОН: Ба интернет даромада аз мағозаи барномаҳо (масалан, Play маркет, App Store ва ғ.) барномаи JW Library-ро насб кунед. Ин барнома барои таҷҳизоти гуногун дастрас аст. Барномаи JW Library-ро кушода маводи даркориро интихоб намоед ва онро ба таҷҳизотатон боргирӣ кунед. Пас аз адабиётро ба таҷҳизоти худ боргирӣ кардан, шумо онро бе интернет хонда метавонед. Аз ин рӯ шарт нест, ки ҳар бор барои хондан интернет дошта бошед. Азбаски ба барномаи JW Library доимо навигариҳо илова мегардад, ба шумо лозим мешавад, ки вақт аз вақт ба интернет даромада маводи навро боргирӣ кунед.

ИН БАРНОМА БАРОИ ЧӢ ДАРКОР? Барномаи JW Library омӯзиши шахсии моро осон мекунад ва дар вохӯрии ҷамъомадҳо ба мо кӯмак мерасонад. Он ҳамчунин барои хизмат, махсусан дар мавъизаи ғайрирасмӣ ёрирасон аст.