Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

«Он чӣ Худо бо ҳам пайвастааст...»

«Он чӣ Худо бо ҳам пайвастааст...»

Мувофиқи Қонуни Мӯсо марде, ки аз занаш ҷудо шудан мехост, бояд хати талоқ медод. Ин пеши роҳи саросемавор ҷудо шудани ҳамсаронро мегирифт. Вале дар рӯзҳои Исо роҳбарони дин ҷудошавиро осон карда буданд. Мард метавонист аз занаш бо ҳар баҳона ҷудо шавад (nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мқ 10:4, 11). Исо диққатро ба он равона кард, ки асосгузори издивоҷ Яҳува аст (Мқ 10:2–12). Зану шавҳар «як тан» мешаванд ва ин пайванди якумра аст. Ягона сабабе, ки зану шавҳар аз ҳам ҷудо шуда метавонанд, мувофиқи китоби Матто ин «бадахлоқии ҷинсӣ» мебошад (Мт 19:9).

Имрӯз бисёр одамон ба издивоҷ на мисли Исо, балки чун фарисиён муносибат мекунанд, яъне, вақте ки ягон проблема пайдо мешавад, онҳо даррав ҷудо шудан мехоҳанд. Аммо ҳамсарони масеҳӣ нисбати издивоҷ ва ваъдае, ки ба якдигар дода буданд, ҷиддӣ муносибат менамоянд ва душвориҳоро бо ёрдами принсипҳои Китоби Муқаддас бартараф мекунанд. Баъд аз тамошо кардани видеонавори «Муҳаббат ва эҳтиром оиларо муттаҳид месозад» ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:

  • Чӣ тавр шумо суханони Масалҳо 15:1-ро дар оилаатон истифода бурда метавонед ва чаро ин муҳим аст?

  • Чӣ тавр шумо барои бартараф кардани душвориҳо принсипи дар Масалҳо 19:11 овардашударо истифода бурда метавонед?

  • Агар пайванди издивоҷи шумо суст шуда истода бошад, ба ҷойи фикри ҷудошавиро кардан оиди кадом саволҳо мулоҳиза ронда метавонед?

  • Чӣ тавр шумо ояти Матто 7:12-ро ба кор бурда, зан ё шавҳари хуб шуда метавонед?