Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Вақтхуширо хирадмандона интихоб кунед

Вақтхуширо хирадмандона интихоб кунед

Чаро мо бояд вақтхуширо бохирадона интихоб кунем? Вақте мо интихоб мекунем, ки кадом филмро тамошо кунем, кадом мусиқиро гӯш кунем, ба кадом вебсайт дароем, кадом китобро хонем ва кадом бозии электрониро кунем, мо дар асл он чизеро интихоб мекунем, ки майнаи сари моро пур мекунад. Вақтхушиеро, ки мо интихоб мекунем, ба рафторамон таъсир мерасонад. Афсӯс, ки имрӯз бисёр вақтхушиҳо, бо чизҳое, ки Яҳува аз онҳо нафрат дорад, алоқаманд аст (Зб 10:5; Ғл 5:19–21). Барои ҳамин Китоби Муқаддас моро бармеангезад, то доимо дар бораи чизҳое мулоҳиза ронем, ки Яҳуваро ҷалол медиҳанд (Фп 4:8).

ВИДЕОНАВОРИ «ДАР ИНТИХОБИ ВАҚТХУШӢ ЭҲТИЁТ БОШ!»-РО МОНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Чаро гуфтан мумкин аст, ки бозиҳои ҳозира ба бозиҳои гладиаторон, ки дар Руми қадим мегузаштанд, монанданд?

  • Чӣ тавр бародарону хоҳарон ба ҷавонон ёрдам карда метавонанд, ки вақтхуширо хирадмандона интихоб кунанд?

  • Чӣ хел гуфтаҳои Румиён 12:9 дар интихоби вақтхушӣ ёрдам карда метавонад?

  • Масеҳиён чӣ хел вақтхушӣ карда метавонанд?