Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ҚӮЛАССИЁН 1–4

Шахсияти кӯҳнаро аз худ дур карда, шахсияти навро дар бар кунед

Шахсияти кӯҳнаро аз худ дур карда, шахсияти навро дар бар кунед

3:5–14

Вақте ки шумо ба ҳақиқат омадед, ҳаракат кардед, ки аз бисёр ҷиҳат дигаргун шавед. Боварӣ дошта бошед, ки Яҳува аз ин кӯшишҳои шумо хеле хурсанд буд (Ҳз 33:11). Вале мо бояд кӯшиш карданро давом диҳем, то ки хислатҳои одами кӯҳна дар мо аз нав пайдо нашаванд, ва мо минбаъд низ хислатҳои одами навро зоҳир намоем. Бо ёрии саволҳои зерин фаҳмед, ки аз кадом ҷиҳат беҳтар шуда метавонед:

  • Оё ман нисбати касе, ки маро хафа кардааст, кина мегирам?

  • Оё дар вақти саросема ё монда буданам, пурсабрӣ зоҳир мекунам?

  • Агар дар сарам ягон фикри бадахлоқона пайдо шавад, оё ман дарҳол онро аз худ дур мекунам?

  • Оё нисбати одамони дигар миллат ё нажод бадгумонӣ дорам?

  • Оё ба наздикӣ ба ягон кас суханони бад гуфтам ё худдориро аз даст додам?