Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Дар назди дар боодобона рафтор кунед

Дар назди дар боодобона рафтор кунед

Шоҳидони Яҳува барои ҷаҳон чун намоиш дар «тамошогоҳ»-анд (1Қр 4:9). Барои ҳамин мо ҳайрон намешавем, ки баъзе соҳибхонаҳо ба мо аз тирезаҳояшон нигоҳ мекунанд ё моро аз паси дар гӯш мекунанд. Дар баъзе хонаҳо шояд камераи назоратӣ ва ё таҷҳизоти дигар гузошта шудааст, ки соҳибхона моро мебинад, гапамонро гӯш карда, сабт менамояд. Дар поён баъзе тарзҳои дар назди дар боодобона рафтор кардан оварда шудааст (2Қр 6:3).

БО РАФТОРАТОН (Фп 1:27):

  • Ба даруни хона нигоҳ накунед ва бо ин кор ба соҳибхона ҳурмат нишон диҳед. Дар назди дар нахӯред, нанӯшед ва бо телефон гап назанед ё нома нанависед

БО ГУФТОРАТОН (Эф. 4:29):

  • Дар назди дар суханонеро, ки шумо намехостед соҳибхона шунавад, нагӯед. Баъзе воизон дар назди дар бо якдигар сӯҳбат намекунанд, то ба соҳибхона чӣ гуфтанро фикр кунанд

Шумо боз кадом рафтори боодобонаро дар назди дар нишон дода метавонед?