Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ЗАБУР 73–77

Корҳои Яҳуваро дар хотир доред

Корҳои Яҳуваро дар хотир доред

Дар бораи корҳои неки Яҳува мулоҳиза кардан хеле муҳим аст

73:16, 76:7, 12, 13

  • Мулоҳиза ба мо кӯмак мекунад, ки он чизеро ки дар Каломи Худо мехонем, ҷаббида гирем ва барои хӯроки рӯҳонӣ миннатдорӣ инкишоф диҳем

  • Мулоҳизаи чуқур дар бораи Яҳува ба мо кӯмак мекунад, то умедеро ки Ӯ ба мо бахшидааст ва корҳои аҷоиберо ки бароямон кардааст, дар хотир дорем

Яҳува корҳои аҷоиби зиёде кардааст ва мекунад:

73:16, 17; 74:7, 8; 7:11–17

  • Ӯ ҳама чиро офарид.

    Чи қадаре мо дар бораи офаридаҳои Яҳува бештар мефаҳмем, ҳамон қадар эҳтиромамон ба Яҳува бештар мешавад

  • Дар ҷамъомад бародарони масъулро таъин мекунад.

    Мо бояд ба бародарони масъул итоат кунем

  • Моро наҷот медиҳад.

    Агар мо дар бораи он фикр кунем, ки чӣ тавр Яҳува халқашро наҷот медод, мо дилпур мешавем, ки Ӯ ҳам мехоҳад ва ҳам метавонад моро муҳофизат кунад