Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Дар муддати як сол санҷида бинед

Дар муддати як сол санҷида бинед

Хизмати пешравиро ба муддати як сол санҷида бинед. Шумо баракатҳои зиёдеро соҳиб шуда метавонед (Мс 10:22).

БАРОИ ПЕШРАВОНИ ДОИМӢ ИМКОНИЯТҲОИ ЗИЁДЕ ПАЙДО МЕШАВАНД:

  • Шумо метавонед воизи моҳир шавед ва аз хизмататон хурсандии бисёртар гиред

  • Ба Яҳува наздиктар мешавед. Ҳар қадаре ки дар бораи Ӯ ба одамон бештар гап мезанед, ҳамон қадар дар бораи хислатҳои олиҷанобаш ба худатон хотиррасон мекунед

  • Вақте шумо Салтанатро дар якум ҷо ва манфиати дигаронро аз худатон болотар мегузоред, хурсандии бисёре мегиред (Мт 6:33; Ам 20:35)

  • Шумо ба вохӯриҳои махсус рафта метавонед: вохӯрии нозири ноҳиявӣ бо пешравон, вохӯрӣ барои пешравон, ки пеш аз анҷумани ноҳиявӣ гузаронда мешавад ва Мактаби пешравон

  • Имкониятҳои зиёде пайдо мекунед, то бо шахсони бисёр Китоби Муқаддасро омӯзед

  • Бо воизон вақти бештар гузаронда якдигарро рӯҳбаланд карда метавонед (Рм 1:11, 12)