Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Замин дарёро фурӯ бурд

Замин дарёро фурӯ бурд

Таърих нишон медиҳад, ки дар замонҳои гуногун ҳукуматдорон ба халқи Яҳува кӯмак мекарданд (Эз 6:1–12; Эс 8:10–13). Ҳатто дар рӯзҳои мо мебинем, ки «замин», яъне ҳукуматдорони давлатҳои гуногун, ки бештар мулоҳизакоранд, дарёи таъқиботро фурӯ мебаранд, ки сабабгораш аждаҳо, яъне Шайтон мебошад (Вҳ 12:16). Яҳува, ки «Худои наҷот аст», баъзан ҳокимонро бармеангезад, то халқашро озод кунанд (Зб 67:21; Мс 21:1).

Вале агар шуморо барои имонатон ҳабс карда бошанд ё дар оянда ҳабс кунанд-чӣ? Заррае ҳам шубҳа накунед, Яҳува ҳамеша бо шумост (Ҳс 39:21–23; Зб 104:17–20). Боварӣ дошта бошед, ки шумо барои имонатон мукофот мегиред. Ҳоло бошад, беайбиро нигоҳ дошта шумо бародарону хоҳарони тамоми дунёро рӯҳбаланд карда метавонед (Фп 1:12–14; Вҳ 2:10).

ВИДЕОНАВОРИ «БАРОДАРОНИ КОРЕЯ АЗ МАҲБАС ОЗОД ШУДАНД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Чаро дар Кореяи Ҷанубӣ ҳазорҳо бародарон солҳои зиёд дар ҳабс буданд?

  • Кадом қарорҳои ҳукуматдорони маҳаллӣ ба он мусоидат кард, ки баъзе бародаронро барвақттар озод кунанд?

  • Чӣ тавр мо ба бародарону хоҳароне, ки айни ҳол барои имонашон дар маҳбасанд, кӯмак карда метавонем?

  • Мо аз озодие, ки ҳоло дорем, чӣ тавр баҳра бурда метавонем?

  • Асосан ба туфайли кӣ мо ғолибиятро ба даст овардем?

Чӣ тавр ман аз озодиам истифода мебарам?