Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Намунаи пешниҳодот

Намунаи пешниҳодот

ПЕШНИҲОДИ 1

Савол: Ҳама мехоҳад, ки сиҳату саломат бошад. Ба фикри шумо, чӣ кор кунем, ки худро аз касалиҳо нигоҳ дорем?

Оят: Мс 22:3

Фикр: Аз ҳама касалиҳо худро нигоҳ доштан номумкин аст, лекин қадамҳое ҳастанд, ки дар пешгирии бисёр касалиҳои сирояткунанда ёрдам мекунанд. Яке аз чунин қадамҳо ин пеш аз хӯрдани хӯрок бо собун шустани даст аст.

ҲАҚИҚАТРО ТАЪЛИМ ДИҲЕД

Савол: Ба фикри шумо, ранҷу азоби мо аз тарафи Худо аст?

Оят: Яқ 1:13

Ҳақиқат: Дарду азоби мо аз тарафи Худо нест. Ранҷу азоб аз Шайтон ва аз одамони бад сар мезанад. Баъзан бошад, мо аз сабаби дар ҷой ё вақти номуносиб буданамон азоб мекашем.

ЧАРО КИТОБИ МУҚАДДАСРО БОЯД ОМӮХТ? (видеонавор)

Савол: Ба фикри шумо, дунё дар дасти Худо аст? [Ҷавобро гӯш кунед.] Ҷавоби Китоби Муқаддасро аз ин видеонавор фаҳмидан мумкин аст. [Видеонаворро монед.]

Давоми гап: Дар боби 11-и ин китоб фаҳмонда мешавад, ки Худо сабабгори ранҷу азоб нест ва ба қарибӣ чӣ кор карданӣ аст. [Китоби «Таълимот» ё «Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?»-ро нишон диҳед.]

ПЕШНИҲОДИ ХУДРО ТАЙЁР КУНЕД