Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Аз Яҳува таълим гиред

Аз Яҳува таълим гиред

ЧАРО ИН МУҲИМ АСТ: Омӯзгори Бузург, Яҳува, ба мо таълими беҳтаринро медиҳад. Ӯ моро таълим медиҳад, ки ҳаётамонро беҳтар кунем ва ба ҳаёт дар дунёи нав тайёр бошем ва ҳамаи ин тамоман бепул аст (Иш 11:6–9; 30:20, 21; Вҳ 22:17). Ба туфайли таълими Яҳува мо ҳамчунин ба дигарон хабареро мерасонем, ки ҳаёташонро наҷот дода метавонад (2Қр 3:5).

ИНРО ЧӢ ТАВР БОЯД КАРД:

  • Фурӯтанӣ ва ҳалимиро инкишоф диҳед (Зб 24:8, 9)

  • Аз он воситаҳое, ки Яҳува барои таълим медиҳад, истифода баред, масалан дар вохӯрии байниҳафта бо супоришҳо баромад кунед

  • Дар назди худ мақсадҳои рӯҳонӣ гузоред (Фп 3:13)

  • Барои минбаъд аз Яҳува таълим гирифтан тайёр бошед, ки ягон чизро қурбон кунед (Фп 3:8)

ВИДЕОНАВОРИ «ТАЪЛИМИ ЯҲУВА БИСЁР БАРАКАТҲО ОВАРД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Воизоне, ки дар Мактаби воизони хушхабар таҳсил кардан мехостанд, бо кадом душвориҳо рӯ ба рӯ шуданд?

  • Дар Мактаби воизони хушхабар чиро ёд медиҳанд?

  • Чӣ тавр ҷамъомад ба хатмкунандагони мактаб ёрдам дод?

  • Барои дар Мактаби воизони хушхабар таҳсил намудан, ба кадом талабот мувофиқат кардан лозим аст? (kr саҳ. 189)

  • Шумо дар ташкилоти Яҳува боз кадом таълимро гирифта метавонед?

Таълими Яҳува ба шумо чӣ баракатҳо меорад?