Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Барои шогирд тайёр намудан мавъиза кардан ва таълим додан, муҳим аст

Барои шогирд тайёр намудан мавъиза кардан ва таълим додан, муҳим аст

Исо ба шогирдонаш амр дод, ки раванд ва шогирд тайёр кунанд (Мт 28:19). Шогирд тайёр кардан ду амалро дар бар мегирад мавъиза кардан ва таълим додан. Вақт аз вақт ҳар яки мо бояд ба худ чунин савол диҳем: «Чӣ кор кунам, то маҳорати шогирдтайёркуниамро беҳтар гардонам?»

МАВЪИЗА КАРДАН

Мо ду даст дар бағал карда интизор намешавем, ки кай одамон ба назди мо меоянд, баръакс онҳоеро, ки «сазоворанд» худамон ҷустуҷӯ мекунем (Мт 10:11). Оё мо ҳама имкониятҳоро истифода бурда, ба шахсоне, ки дар хизмат вомехӯрем, мавъиза мекунем? (Ам 17:17). Павлуси расул ҳаракат мекард, ки ба ҳама мавъиза кунад ва ба шарофати ин Лидия ҳақиқатро қабул кард (Ам 16:13–15).

«Субҳидам тухми худро бикор, ва то шом ба дасти худ осоиш надеҳ» (Вз 11:6)

ВИДЕОНАВОРИ «“ҲАР РӮЗ” МАВЪИЗА КАРДАНРО ДАВОМ ДИҲЕД. ҒАЙРИРАСМӢ ВА ХОНА БА ХОНА»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Чӣ нишон медиҳад, ки Сэмуил ҳар рӯз имконият меҷуст, то тухми ҳақиқатро дар дили одамон корад?

  • Чаро мо бояд ба ҳеҷ чиз нигоҳ накарда дар ҳама намуди хизмат иштирок кунем?

  • Шумо ба киҳо ҳар рӯз хушхабарро расонда метавонед?

ТАЪЛИМ ДОДАН

Барои шогирд тайёр кардан танҳо ба шахс адабиёт додан кифоя нест. Барои он ки муносибати ӯ бо Яҳува наздик шавад, мо бояд якчанд бор боздид карда бо ӯ омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кунем (1Қр 3:6–9). Агар мо кӯшиш карда ҳақиқатро таълим диҳему он ягон натиҷа наорад-чӣ? (Мт 13:19–22). Мо бояд диққатамонро ба ҷустуҷӯйи шахсоне равона кунем, ки дилашон мисли «хоки нағз» аст (Мт 13:23; Ам 13:48).

«Ман коштам, Апуллус об дод, лекин Худо сабзонид» (1Қр 3:6)

ВИДЕОНАВОРИ «“ҲАР РӮЗ” МАВЪИЗА КАРДАНРО ДАВОМ ДИҲЕД. ДАР ҶОЙҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ВА ШОГИРДТАЙЁРКУНӢ»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Чӣ тавр Саламон ва Мэри тухми ҳақиқатро, ки дар дили Изикиил ва Эбигейл кошта шуда буд, об доданд?

  • Дар ҳар намуди хизмат, аз ҷумла хизмат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, иштирок карда мо бояд дар бораи кадом мақсад фикр кунем?

  • Барои ба дигарон ҳақиқатро таълим додан, чӣ тавр мо саҳми бештар гузошта метавонем?