Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Кай ман пешрави ёвар шуда метавонам?

Кай ман пешрави ёвар шуда метавонам?

Маъбади дар рӯъё дидаи Ҳизқиёл нишон медиҳад, ки халқи Яҳува қурбониҳои ихтиёрӣ оварда метавонад. Чӣ тавр мо қурбониҳои шукрона оварда метавонем? (Ибр 13:15, 16).

Яке аз роҳи беҳтарин ин чун пешрави ёвар хизмат кардан аст. Дар соли хизматии 2018 баъзе моҳҳо панҷ шанбе ва панҷ якшанбе доранд. Ин махсусан ба онҳое ёрдам мекунад, ки рӯзи дароз кор мекунанду бисёр вақт рӯзҳои истироҳат хизмат мекунанд. Ғайр аз ин, воизон метавонанд дар моҳҳои марту апрел ва моҳе, ки нозири ноҳиявӣ ташриф меорад, чун пешрави ёвар 30 ё 50 соат хизмат кунанд.

Агар мо барои чун пешрави ёвар хизмат кардан имконият надошта бошем чӣ? Мо метавонем кӯшиш кунем, ки сифати хизматамонро беҳтар намуда, бисёртар хизмат кунем. Бигзор, новобаста аз вазъиятамон, муҳаббат ба Яҳува моро барангезад, ки дар соли 2018 ба Ӯ қурбонии беҳтарин биёрем! (Ҳш 14:2).

Чӣ тавр ман ба ғайрати Сабина пайравӣ карда метавонам?

ВИДЕОНАВОРИ «БО ЯҲУВА ҚАРИБ ҲАМААШ АЗ ДАСТАМ МЕОЯД»-РО ТАМОШО КАРДА, БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Чӣ Сабинаро барангехт, ки бисёртар ба Яҳува хизмат кунад?

  • Чӣ тавр намунаи Сабина шуморо рӯҳбаланд мекунад?

  • Дар давоми соли 2018 шумо дар кадом моҳ (моҳҳо) чун пешрави ёвар хизмат карда метавонед?