Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Хислатҳои ба Худо маъқулро инкишоф диҳед. Имон.

Хислатҳои ба Худо маъқулро инкишоф диҳед. Имон.

ЧАРО ИН МУҲИМ АСТ:

  • Барои ба Худо писанд омадан имон доштан муҳим аст (Ибр 11:6).

  • Боварӣ ба ваъдаҳои Худо ёрдам мекунад, ки озмоишҳоро паси сар кунем (1Пт 1:6, 7).

  • Норасоии имон ба гуноҳ оварда мерасонад (Ибр 3:12, 13).

ИНРО ЧӢ ТАВР БОЯД КАРД:

  • Барои имони мустаҳкам доштан дуо гӯед (Лқ 11:9, 13; Ғл 5:22).

  • Китоби Муқаддасро хонед ва дар асоси он мулоҳиза ронед (Рм 10:17; 1Тм 4:15).

  • Бо бародару хоҳароне, ки имони мустаҳкам доранд, мунтазам муошират кунед (Рм 1:11, 12).

Чӣ тавр ман имони худ ва имони аҳли оилаамро мустаҳкам карда метавонам?

ВИДЕОНАВОРИ «ДАР ПАЙИ ЧИЗЕ БОШЕД, КИ БАРОИ СОДИҚ МОНДАН КӮМАК МЕКУНАД. ИМОН»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • «Имони бериё» чист? (1Тм 1:5)

  • Барои мустаҳкам нигоҳ доштани имон мо бояд аз чӣ даргурез бошем?

  • Чаро дар давоми мусибати бузург имон доштан муҳим аст? (Ибр 10:39).