Гузаштан ба маводи асосӣ

Дастурот барои вохӯрии «Ҳаёт ва хизмати мо»

Дастурот барои вохӯрии «Ҳаёт ва хизмати мо»

Мундариҷа

1. Вохӯрии «Ҳаёт ва хизмат» мувофиқи барномае, ки дар дафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмати мо» оварда шудааст ва дастуроти зерин гузаронида мешавад. Бо супоришҳои хонандагон ҳама воизон баромад карда метавонанд. Ҳатто касоне, ки ҳоло воиз нестанду, лекин мунтазам ба вохӯриҳо меоянд, бо таълимоти Китоби Муқаддас розианд ва ҳаёташонро мувофиқи принсипҳои Каломи Худо тағйир доданд, бо ин супоришҳо баромад карда метавонанд (be-U саҳ. 282).

ПЕШГУФТОР

 2. Як дақиқа. Ҳар ҳафта баъд аз суруд ва дуо, барандаи вохӯрии «Ҳаёт ва хизмат» бояд дар пешгуфтор шавқи ҳузурдоштагонро ба барнома зиёд гардонад. Ӯ бояд диққатро ба фикрҳое равона кунад, ки ба ҷамъомад бештар манфиат меоранд.

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО

  3. Нутқ (даҳ дақиқа). Мавзӯъ ва ду-се фикри асосии нутқ дар дафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмати мо» оварда шудааст. Ин нутқ ба пири ҷамъомад ва ё ба ягон хизматгузори ботаҷрибаи  ҷамъомад супорида мешавад. Агар аз рӯйи ҷадвали хониши Китоби Муқаддас хондани китоби нав ба нақша гирифта шуда бошад, барои бо он шинос шудан бояд видеонавор нишон дода шавад. Бародаре, ки бо нутқ баромад мекунад, метавонад фикрҳои видеонаворро бо мавзӯи нутқ алоқаманд созад. Вале ба ҳар ҳол ӯ бояд фикрҳои асосии нутқро, ки дар дафтари вохӯрӣ оварда шудааст, кушода диҳад. Ҳамчунин агар вақт имконият диҳад ӯ бояд расмҳо ва фикрҳои иловагиеро, ки дар маводи мазкур омадаанд, шарҳ диҳад.

 4. Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом (даҳ дақиқа). Ин қисм бо саволу ҷавоб мегузарад. Сарсухан ё хулоса лозим нест. Ин қисмро пири ҷамъомад ё хизматгузори ботаҷрибаи ҷамъомад мегузаронад. Бародар метавонад ниёзҳои ҷамъомадро ба назар гирифта вақтро байни се саволи овардашуда худаш тақсим кунад. Лекин дар баробари ин барои муҳокимаи ҳар як савол бояд вақт расад. Ҳамчунин ӯ метавонад худаш қарор кунад, ки оё ҳама оятҳое, ки барои ду саволи аввал оварда шудаанд, хонда шаванд ё не. Ҳар як шарҳ набояд аз 30 сония зиёд бошад.

  5. Хониши Китоби Муқаддас (чор дақиқа ё камтар). Ин супориш ба бародар дода мешавад. Ӯ оятҳои овардашударо мехонад. Сарсухан ё хулоса лозим нест. Барандаи барнома ба хонандагон ёрдам мекунад, ки хониши худро беҳтар гардонанд, яъне бурро, табиӣ, равон, фаҳмо, бо оҳанги дуруст, задаи дурусти мантиқӣ ва фосилаҳои бамавқеъ хонанд. Азбаски барои хониш баъзан оятҳои бисёр ва баъзан оятҳои кам оварда мешаванд, нозири вохӯрии «Ҳаёт ва хизмат» пеш аз супоридани ин супориш бояд қобилияти хонандаро ба назар гирад.

ДАР КОРИ МАВЪИЗА БОҒАЙРАТ БОШЕД

 6. Понздаҳ дақиқа ё камтар. Ин қисми барнома барои ҳар як шахс кӯмак мерасонад, ки дар кори мавъиза ботаҷриба шаванд ва маҳорати таълимдиҳии худро беҳтар гардонанд. Хонандагоне, ки супориши сӯҳбати аввал ва боздидҳоро мегиранд, бояд дар асоси «Намунаҳо барои сӯҳбат», ки дар саҳифаи якуми дафтари вохӯрӣ оварда шудааст, баромад кунанд. Ҳар як воиз метавонад худаш қарор кунад, ки оё аз Маводи таълимиамон ягон адабиёт ё видеонаворро истифода барад ё не. Дар «Намунаҳо барои сӯҳбат» чорчӯбаи «Ин мавзӯъро дар Маводи таълимӣ ёбед» илова карда шуд, ки он дар хизмат кӯмак мерасонад. Хонандагон худашон қарор карда метавонанд, ки оё дар супоришҳояшон маводи ин чорчӯбаро истифода баранд ё не. Дар дафтари вохӯрӣ нишон дода шудааст, ки ҳар як супориш бояд чанд дақиқа давом кунад. Баъзан дар он дастуроти иловагӣ низ оварда мешавад. Ба хонандагон лозим нест, ки маълумоти иловагиро истифода баранд, то ки баромадашонро кашол дода вақти барои супориш ҷудошударо пурра истифода баранд. Баъзе намоишҳое, ки нағз тайёр карда шудаанд, метавонанд аз вақти муайяншуда як дақиқа ё зиёдтар кӯтоҳ бошанд. Агар лозим бошад, бо ин супоришҳо пирон низ баромад карда метавонанд.

 7. Видеонаворҳои намуна барои хизмат. Ин видеонаворҳо бояд ҳар моҳ тамошо ва муҳокима карда мешавад. Он барои сӯҳбати аввал ва боздидҳо мебошад. Ин қисмро барандаи вохӯрии «Ҳаёт ва хизмат» мегузаронад.

 8. Сӯҳбати аввал. Ин супориш ба бародар ё хоҳар супорида мешавад. Ёрдамчии бародар ё хоҳаре, ки бо ин супориш баромад мекунад, бояд ҳамҷинси ӯ ё ин ки хешу табораш бошад. Онҳо метавонанд ё шишта ё рост истода баромад кунанд. Бародар ё хоҳаре, ки бо ин супориш баромад мекунад, бояд бо тарзи ба маҳалл мувофиқ салому алейк кунад. Сӯҳбат бояд дар намунаҳо барои сӯҳбат, ки дар дафтари вохӯрӣ омадааст, асос ёбад.

 9. Боздид. Ин супориш ба бародар ё хоҳар супорида мешавад. Ёрдамчии бародар ё хоҳаре, ки бо ин супориш баромад мекунад, бояд ҳамҷинси ӯ бошад (km-U 5.97 саҳ. 7). Онҳо метавонанд ё шишта ё рост истода баромад кунанд. Бародар ё хоҳаре, ки бо ин супориш баромад мекунад, бояд нишон диҳад, ки чӣ тавр бо шахсе, ки дар сӯҳбати аввал шавқ зоҳир намуд, сӯҳбат кардан мумкин аст. Сӯҳбат бояд дар намунаҳо барои сӯҳбат, ки дар дафтари вохӯрӣ омадааст, асос ёбад.

  10. Омӯзиши Китоби Муқаддас. Ин супориш ба бародар ё хоҳар супорида мешавад. Ёрдамчии бародар ё хоҳаре, ки бо ин супориш баромад мекунад, бояд ҳамҷинси ӯ бошад (km-U 5.97 саҳ. 7). Онҳо метавонанд ё шишта ё рост истода баромад кунанд. Дар ин супориш омӯзишеро, ки аллакай гузашта истодааст, бояд нишон дод. Сарсухан ё хулоса кардан лозим нест, ғайр аз он мавридҳое, ки хонанда маҳз аз болои ҳамин дарсҳо кор карда истода бошад. Ҳангоми иҷрои ин супориш тамоми матни маводи овардашударо хондан шарт нест, ҳарчанд чунин кардан мумкин аст. Диққати махсусро ба маҳорати таълим додан равона намудан лозим аст.

 11. Нутқ. Ин супориш ба бародар дода мешавад ва чун нутқ гуфта мешавад.

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

 12. Ин қисми барнома бо суруд сар мешавад. Сипас дар муддати 15 дақиқа як ё ду қисме гузаронида мешавад, ки он барои дар ҳаёт ба кор бурдани Каломи Худо ба мо ёрӣ мерасонад. Агар дар барнома дигар дастур дода нашуда бошад, бо ин қисми барнома пири ҷамъомад ва ё хизматгузори ботаҷрибаи ҷамъомад баромад карда метавонад. Лекин бо қисми «Ниёзҳои маҳаллӣ» бояд танҳо пири ҷамъомад баромад кунад.

  13. Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад (си дақиқа ё камтар). Бо ин қисм пири ботаҷриба баромад мекунад. (Дар ҷамъомаде, ки пирон каманд, ин қисмро хизматгузори ботаҷрибаи ҷамъомад гузаронда метавонад.) Ҳайати пирон бояд қарор кунанд, ки ба кадоме аз пирон гузаронидани ин қисмро супоридан мумкин аст. Ин бародарони интихобшуда дар муҳокимаи маводи овардашуда бояд фаҳму хирадро ба кор баранд, аз вақти муайяншуда берун набароянд, оятҳои асосии мавзӯъро кушода диҳанд ва ба шунавандагон нишон диҳанд, ки то чӣ андоза ба кор бурдани ин мавод манфиатнок аст. Онҳо маслиҳатҳои муфидро аз дастурот барои гузаронидани «Бурҷи дидбонӣ» ёфта метавонанд. Вақте ҳама фикрҳое, ки дар мавод барои ин ҳафта оварда шудааст, хуб муҳокима карда мешавад, шарт нест, ки омӯзиш 30 дақиқа давом кунад. Агар имконият бошад, барои гузаронидани омӯзиш ва хондани сархатҳо ҳар ҳафта дигар бародаронро таъин кардан даркор аст. Агар барандаи вохӯрии «Ҳаёт ва хизмат» хоҳиш кунад, ки вақти гузаронидани ин қисм камтар карда шавад, бародаре, ки ин қисмро мегузаронад, метавонад худаш қарор кунад, ки чӣ тавр инро бояд кард. Масалан, ӯ баъзе сархатҳоро бе хондан муҳокима карда метавонад.

СУХАНОНИ ХОТИМАВӢ

  14. Се дақиқа ё камтар. Барандаи вохӯрии «Ҳаёт ва хизмат» хулосаи баъзе фикрҳои манфиатбахши вохӯриро гуфта мегузарад. Ғайр аз ин ӯ бояд барномаи ҳафтаи ояндаро кӯтоҳ шарҳ диҳад. Барои ин ӯ метавонад саволеро қайд кунад, ки дар вохӯрии оянда муҳокима мешавад. Агар вақт имкон диҳад, ӯ метавонад, гӯяд, ки ҳафтаи оянда киҳо супориш доранд. Агар дигар дастур дода нашуда бошад, барандаи вохӯрӣ дар ин қисм бояд эълонҳо ё номаҳои лозимаро хонад. Эълонҳо ба монанди дар куҷо ва кай гузаштани вохӯрӣ барои хизмат ва ё маълумот дар бораи рӯбучини Ибодатгоҳ набояд, аз саҳна гуфта шаванд. Ин гуна эълонҳоро дар тахтаи эълонҳо гузоштан лозим аст. Агар барои хондани эълонҳо ва номаҳо вақти ҷудошуда нарасад, барандаи вохӯрӣ метавонад аз бародароне, ки бо пунктҳои қисми «Ба Масеҳ пайравӣ кунед» баромад мекунанд, хоҳиш кунад, ки вақти баромадашонро кӯтоҳтар кунанд. (Ба  сархатҳои 13 ва  17 нигаред.) Вохӯрӣ бо суруд ва дуо тамом мешавад.

«ДАР ХОНИШ ВА ТАЪЛИМ МОҲИР ШАВЕД»

 15. Ҳар як хонанда дар вохӯрии «Ҳаёт ва хизмат» брошураи «Хониш ва таълим»-ро, хоҳ дар намуди чопӣ бошад, хоҳ дар намуди электронӣ, бояд дошта бошад. Барандаи вохӯрии «Ҳаёт ва хизмат» бояд касонеро, ки бо супориш баромад мекунанд, дар асоси ин брошура таъриф кунад ва маслиҳат диҳад. Ҳар як хонанда бояд аз рӯйи дарсе кор кунад, ки дар дафтари вохӯрӣ баъди супориш дар қавс оварда шудааст. Дар ин брошура қисми «Пешравиатонро қайд кунед» ҳаст, ки он барои хонандагон мебошад, на барои он ки баранда қайдҳои худро монад.

 МАСЛИҲАТ

  16. Баъди иҷрои ҳар як супориш ба барандаи вохӯрӣ як дақиқа дода мешавад, то ки хонандаро таъриф кунад ва дар асоси брошураи «Хониш ва таълим» маслиҳат диҳад. Вақте ки баранда супоришро эълон мекунад, ӯ намегӯяд хонанда аз болои кадом дарс кор кард. Аммо пас аз баромад, баранда метавонад хонандаро сидқан таъриф карда, қайд кунад, ки ӯ аз рӯйи кадом дарс кор кард ва кадом маслиҳатҳои ин дарсро истифода бурда тавонист ё меҳрубонона фаҳмонад, ки дафъаи дигар ба кадом ҷиҳатҳои ин дарс аҳамият додан лозим аст ва чаро. Агар барандаи вохӯрӣ лозим донад, ки ин бар манфиати хонанда ва шунавандагон аст, ӯ метавонад дигар ҷиҳатҳои хуби баромадро қайд намуда хонандаро таъриф кунад. Маслиҳатҳои иловагиро, ки (бо ин ё дигар дарс алоқаманданд) бар брошураи «Хониш ва таълим» ё китоби «Мактаби таълими мавъиза» (рус.) асос ёфтаанд, барандаи вохӯрӣ метавонад дар танҳоӣ баъди ҷамъомад ё вақти дигар диҳад. (Дар бораи он ки барандаи вохӯрии «Ҳаёт ва хизмат» ва бародаре, ки маслиҳат медиҳад, чӣ вазифаҳо доранд, дар  сархатҳои 17,  22 ва  24 гуфта шудааст.)

ВАҚТ

     17. Ягон қисми барнома ва ҳамчунин шарҳҳои нозири вохӯрии «Ҳаёт ва хизмат» набояд аз ҳудуди вақти муайяншуда берун барояд. Агар баромади хонанда тӯл кашад, пас онро бо мулоимӣ боз доштан лозим аст. Агар ягон бародар аз ҳудуди вақти баромадаш гузарад, пас бародаре, ки маслиҳат медиҳад, бояд ба ӯ дар танҳоӣ маслиҳат диҳад. (Ба  сархати 24 нигаред.) Вохӯрӣ умуман бо суруд ва дуо, бояд 1 соату 45 дақиқа давом кунад.

ДАР ВАҚТИ ХАБАРГИРИИ НОЗИРИ НОҲИЯВӢ

 18. Агар нозири ноҳиявӣ ҷамъомадро хабар гирад, пас барномаро мувофиқи дафтари вохӯрӣ гузаронидан лозим аст, лекин ба ҷои «Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад», ки дар қисми «Ба Масеҳ пайравӣ кунед» ҷойгир аст, нозири ноҳиявӣ дар муддати 30 дақиқа нутқи хизматӣ мегӯяд. Пеш аз нутқи нозири ноҳиявӣ барандаи вохӯрӣ барномаро хулоса карда, барномаи ҳафтаи ояндаро кӯтоҳ шарҳ медиҳад, эълонҳои лозимаро мегӯяд, номаҳои даркориро мехонад ва сипас нозири ноҳиявиро муаррифӣ мекунад. Баъд аз нутқи худ, нозири ноҳиявӣ вохӯриро бо суруди интихоб кардааш ба анҷом мерасонад. Ӯ метавонад аз дигар бародар хоҳиш кунад, ки вохӯриро бо дуо анҷом диҳад. Дар ҳафтаи хабаргирии нозири ноҳиявӣ баромадҳо дар синфхонаҳои иловагӣ (ба забони асосии ҷамъомад) намегузарад. Вақте ки нозири ноҳиявӣ ҷамъомадеро хабар мегирад, ки дар он гурӯҳ ҳаст, пас ин гурӯҳ метавонад вохӯриро ба забони худаш гузаронад, лекин нутқи хизматии нозирро бояд ҳамроҳи ҷамъомад гӯш кунад.

ҲАФТАЕ, КИ АНҶУМАН МЕГУЗАРАД

 19. Дар ҳафтае, ки анҷуман мегузарад, вохӯриҳои ҷамъомад гузаронида намешаванд. Маводи барои ин ҳафта пешбинишударо ҳар кас бояд худаш ё ҳамроҳи оилааш муҳокима кунад.

ҲАФТАЕ, КИ ШОМИ ЁДБУД МЕГУЗАРАД

 20. Агар Шоми ёдбуд ба рӯзи байни ҳафта афтад, вохӯрии «Ҳаёт ва хизмат» дар ин ҳафта гузаронида намешавад. Аммо дар рӯзи Шоми ёдбуд, вохӯрӣ барои мавъиза албатта гузаронида мешавад.

НОЗИРИ ВОХӮРИИ «ҲАЁТ ВА ХИЗМАТИ МО»

 21. Ҳайати пирон ягон пири ҷамъомадро чун нозири вохӯрии «Ҳаёт ва хизмат» интихоб мекунанд. Ин пири ҷамъомад барои аз рӯйи дастурот ва тартибу низом гузаштани вохӯрӣ ҷавобгар аст. Вай бояд бо бародаре, ки маслиҳат медиҳад, ҳамкорӣ кунад. Ҳамин ки дафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмати мо» барои моҳи нав дастрас гардад, нозири вохӯрӣ бояд супоришҳоро барои он моҳ ба хонандагон тақсим кунад. (Ба  сархатҳои 5–11 нигаред.) Супориши хонандагонро камаш се ҳафта пеш аз санаи баромад додан лозим аст. Ин супоришҳо бо ёрии варақаи «Супориш дар вохӯрии “Ҳаёт ва хизмати мо”» (S-89) дода мешавад.

 БАРАНДАИ ВОХӮРИИ «ҲАЁТ ВА ХИЗМАТИ МО»

  22. Ҳар ҳафта барандаи вохӯрии «Ҳаёт ва хизмат» як пири ҷамъомад мешавад. (Дар ҷамъомаде, ки пирон каманд, хизматгузори ботаҷрибаи ҷамъомадро чун барандаи вохӯрӣ таъйин карда мумкин аст.) Вай барои тайёр кардани пешгуфтор, суханони хотимавӣ, муҳокимаи видеонаворҳои намуна барои сӯҳбат ва видеонаворҳои брошураи «Хониш ва таълим» вазифадор аст. Вай ҳамчунин ҳар як қисми барномаро эълон мекунад ва вобаста аз шумораи пирон метавонад бо ягон қисми барнома баромад кунад. Шарҳҳо байни қисмҳои барнома бояд хеле кӯтоҳ бошанд. Ҳайати пирон интихоб мекунад, кадом пирони ҷамъомад барандаи вохӯрӣ шуда метавонанд. Пирони интихобшуда ба навбат барандаи вохӯрӣ мешаванд. Вобаста ба вазъиятҳои маҳаллӣ нозири вохӯрии «Ҳаёт ва хизмат»-ро чун барандаи вохӯрӣ бештар таъйин намудан мумкин аст, назар ба дигар пирони интихобшуда. Агар пири ҷамъомадро барои гузаронидани «Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад» таъйин намуда бошанд, пас эҳтимоли зиёд аст, ки ӯ чун барандаи вохӯрӣ хизмат карда метавонад. Лутфан, фаромӯш накунед, ки барандаи вохӯрӣ бояд хонандагонро аз таҳти дил таъриф кунад ва маслиҳатҳои амалӣ диҳад. Барандаи вохӯрӣ ҳамчунин барои дар вақташ тамом шудани вохӯрӣ ҷавобгар аст. (Ба  сархатҳои 14 ва  17 нигаред.) Агар баранда хоҳад ва дар саҳна ҷойи кофӣ бошад, пас дар он ҷо микрофони иловагиро мондан мумкин аст, то ки ӯ ҳар як қисми барномаро эълон карда тавонад ва ҳамзамон бародаре, ки бо қисми навбатӣ баромад мекунад, ҷойи худро дар назди дигар микрофон ишғол менамояд. Ғайр аз ин агар баранда хоҳад, метавонад дар вақти супориши «Хониши Китоби Муқаддас» ва супоришҳо аз қисми «Дар кори мавъиза боғайрат бошед» дар саҳна дар сари миз шинад. Ин барои сарфа намудани вақт ёрӣ медиҳад.

КООРДИНАТОРИ ҲАЙАТИ ПИРОН

 23. Координатори ҳайати пирон ё ягон пири ҷамъомад, ки ба ӯ кӯмак мерасонад, ғайр аз супориши хонандагон, дигар ҳама қисмҳои барномаро тақсим мекунад. Вай барои ҳар ҳафта барандаи вохӯриро аз қатори бародароне, ки аз тарафи ҳайати пирон интихоб шудаанд, таъйин мекунад. Координатори ҳайати пирон бояд боварӣ ҳосил кунад, ки ҷадвал бо тамоми қисмҳои барнома ва супоришҳои бародарону хоҳарон дар тахтаи эълонҳо овехта шудааст. Дар ин маврид вай бояд бо нозири вохӯрии «Ҳаёт ва хизмат» ҳамкорӣ кунад.

БАРОДАРЕ, КИ МАСЛИҲАТ МЕДИҲАД

   24. Агар имконпазир бошад, беҳтараш ин вазифа ба пире, ки нотиқи бомаҳорат аст, дода шавад. Вазифаи вай ба пирон ва хизматгузорони ҷамъомаде, ки бо ягон супориш дар вохӯрии «Ҳаёт ва хизмат» ё бо нутқҳои оммавӣ баромад мекунанд ва ҳамчунин ба бародароне, ки «Бурҷи дидбонӣ» ва «Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад»-ро мегузаронанд ё мехонанд, маслиҳат (агар лозим бошад) додан аст. (Ба  сархати 17 нигаред.) Агар дар ҷамъомад якчанд пирон нотиқи хуб ва дар таълим додан бомаҳорат бошанд, пас ин вазифаро, яъне маслиҳат доданро ҳар сол бо навбат ба яке аз онҳо додан мумкин аст. Вале шарт нест, ки баъди ҳар як баромади бародарон ба онҳо маслиҳат дода шавад.

СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ

 25. Вобаста аз шумораи хонандагон, ҷамъомад метавонад барои баромади онҳо аз синфхонаҳои иловагӣ истифода барад. Барои ҳар як синф бародаре, ки маслиҳат медиҳад, таъйин карда мешавад. Хуб мебуд, ки агар ӯ пири ҷамъомад бошад. Агар зарур бошад, ин вазифаро ба хизматгузори ҷамъомад, ки бомаҳорат аст, супоридан мумкин аст. Ҳайати пирон бояд қарор кунад, ки ин вазифаро ба кадом бародар супорад ва оё лозим аст, ки доимо як кас ин вазифаро иҷро кунад ё вақт аз вақт бародаронро иваз кардан мумкин. Бародаре, ки барои дар синф маслиҳат додан таъйин шудааст, бояд аз рӯйи дастуроте, ки дар  сархати 16 навишта шудааст, амал намояд. Баъди тамом шудани қисми «Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом» хонандагоне, ки дар синфхонаи иловагӣ баромад мекунанд, ба синфи худ равона карда мешаванд. Вале пас аз тамом шудани қисми «Дар кори мавъиза боғайрат бошед» онҳо ба толори асосӣ  бояд баргарданд. Агар дар ин қисм видеонавор нишон дода шавад, касоне, ки дар синфхонаҳои иловагӣ мебошанд, бояд онро тамошо кунанд ё агар имконпазир бошад, муҳокимаи онро аз синфхона гӯш кунанд. Агар ин имконнопазир бошад, бародаре, ки дар ин синф маслиҳат медиҳад, бояд видеонаворро дар таҷҳизоти электронӣ нишон диҳад ва онро бо ҳозирон муҳокима намояд.

ВИДЕОНАВОРҲО

 26. Дар вохӯрии «Ҳаёт ва хизмат» видеонаворҳое, ки барои он омода гаштаанд, нишон дода мешаванд. Ин видеонаворҳо дар барномаи JW Library® дастрасанд ва онҳоро дар ҳар гуна таҷҳизоти электронӣ нишон додан мумкин аст. Видеонаворҳои намуна барои сӯҳбатро танҳо пас аз он ки дар ҷамъомад нишон дода шуд, дар вохӯриҳо барои мавъиза истифода бурдан мумкин аст.

© 2019 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania

S-38-TJ 11/19